ҲАМКОРИҲО ЗИЧ ВА СУДМАНД БОШАНД…

IMG_4448

Маълум аст, ки аксари ҳуқуқвайронкуниҳо бинобар паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва огоҳ набудан аз муқаррароти қонунгузориҳо ба миён меоянд. Дар ин қатор омили асосии ба миён омадани ҳолатҳои хушунату зӯроварӣ низ асосан сатҳи пасти маърифати шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Коршиносон зуҳури навъҳои хушунатро дар омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона, надоштани маълумоти касбӣ ва шуғли муайян, бекорӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, надоштани ақди никоҳи давлатӣ, саривақт нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд ва ё шиноснома ва ба раванди муҳоҷирати имрӯза маънидод менамоянд.

Бояд гуфт, ки на ҳамавақт воқеияти ҷой доштани ҳолатҳои хушунату зӯроварӣ дар оила аз доираи хонадон берун ошкор мегардад. Аксари ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ ба хотири огоҳ нагаштани атрофиён аз масъалаҳои оилавӣ “гапи хонаро ба кӯча” намебароранд. Бо чунин андеша, ҳатто дар ҳолатҳои расонидани зарарҳои ҷисмонӣ низ бо баҳонаҳои “афтидан”, “нохост буридан” ва дигар ҳодисаҳои “ногаҳонӣ” сабаби захм бардоштан ва ё доғҳои дар натиҷаи латукӯб бардоштаро маънидод кардан мехоҳанд, ки боиси сабабҳои худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ ҳамчун “сирри” хонадон пӯшида мемонад. Дар чунин ҳолатҳо нақши кормандони марказҳои саломатии деҳавӣ дар ошкор намудан ва пешгирии ҳолатҳои хушунату зӯроварӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки гоҳо атрофиён, аз ҷумлаи ҳамсояҳо, раиси маҳалла низ аз ҷой доштани хушунат дар як хонаводаи ҳаммаҳаллаҳои худ огоҳ ҳастанд. Ҳатто омӯзгорони муассисаҳои таълимие, ки фарзандони чунин хонавода дар ин муассисаҳо таҳсил мекунанд, аз руҳияи шогирдашон пай бурда метавонанд, ки дар фазои хонадони кӯдак хушунат ҷой дорад. Дар ин маврид бояд гуфт, ки масъулони марказҳои саломатии деҳавӣ, муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, фаъолони деҳа дар якҷоягӣ кор бурда, бо истифода аз нуфузашон ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои хушунат ва зӯроварӣ дар оила, устуворгардонии пояи оиладорӣ ва дигар ҳолатҳои қонунвайронкунӣ миёни мардуми деҳот корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшанд ва бо милитсия, инчунин дигар сохтору ниҳодҳои дигар ҷиҳати ошкор намудан ва пешгирии ҳолатҳои хушунату зӯроварии хонаводагӣ ва паёмадҳои нохуши онҳо ҳамкорӣ намоянд.

Тадбирандешиҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии сокинони деҳот, ба роҳ мондани низоми равонасозӣ ба сохторҳои марбута, паст намудани сатҳи афзоиши ҳолатҳои зӯроварӣ ва хушунат дар оила бо воситаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамзамон ошкорсозии омилҳои мусоидаткунанда барои содир шудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирии падидаҳои номатлуб ва мусоидат дар таъмину устуворсозии баробарҳуқуқии занону мардон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар танҳо дар натиҷаи фаъолияти якҷояи ин ниҳодҳо судманд буда, натиҷаҳои дилхоҳ бор меоварад. Натиҷа он хоҳад гашт, ки шумораи ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила коҳиш ёфта, сатҳи ҷудошавии оилаҳо нисбатан кам мегардад, сатҳи маърифатнокии сокинони ҷамоат баланд гардида, занон ва кӯдакон аз ҳуқуқҳои худ огоҳ ва масъулияти волидон дар бартараф кардани ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила ва тарбияи оилаи солим баланд мегардад. Дар сурати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо сохторҳои марбута сокинон боварӣ пайдо мекунанд, ки ҳангоми рӯй додани зӯроварӣ метавонанд фавран муроҷиат намоянд, ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби оилаҳои ҷавон кам мешаванд ва онҳо ба тарзи ҳаёти солим рӯй меоваранд, ҷомеа дигар бетараф набуда, ҳамкориҳои зич байни ин ниҳодҳо устувор мегардад.

Бояд волидон дар интихоби зан ва шавҳар барои фарзандонашон боандеша бошанд ва саросема нашуда, беҳтараш пайи идомаи таҳсил ва омӯзиши ягон касбу кори ояндаи онҳо гарданд. Зеро духтару писари таҳсилдидаву соҳибҳунар дар таъмини зиндагии осудаи минбаъдаашон ва барпо намудани оилаи солиму устувор имконияти бештар доранд.

Аз андешаҳои боло хулоса кардан мумкин аст, ки дар ҳар ҳолат нақши волидон дар таъмини пояи устувори зиндагии фарзандон-навхонадорон басо муҳим мебошад. Аз ин рӯ, бо назардошти мушоҳидаҳо тақозо мегардад, ки дар баробари корбарӣ бо навхонадорон ва ҷавонон оиди устувор нигоҳ доштани пояи оиладорӣ, инчунин миёни калонсолони оила бобати омодасозии фарзандон ва дарки масъулиятҳо дар таъмини зиндагии орому осудаи минбаъдаи онҳо тадбирҳои судманд андешида шаванд.

 

Ганҷинаи УБАЙДУЛЛО,

магистранти “Мактаби давлатдории

 Эмомалӣ Рахмон”

Похожие записи