“ҶАВОНДУХТАРИ ҲУНАРМАНД”-И АКАДЕМИЯ МУАЙЯН ГАРДИД

IMG_5191

21 май дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази бонувони фаъол дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманд” доир гардид.

 

Озмун бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ, ҳунари дастархонороӣ ва дар ин замина ҳавасмандкунии духтарон ба азхудкунии ҳунарҳои миллӣ, омода шудани онҳо ба ҳаёти мустақилона баргузор карда шуд.

 

Он дар ду давр сурат гирифта, даври якуми озмун дар сатҳи шуъбаи магистратура, факултетҳои идоракунии давлатӣ, дипломатия ва сиёсат то 12 майи соли 2021 ҷамъбаст гардид.

 

Озмун аз 8 шарт иборат буда, ҳар як шарти озмун дар алоҳидагӣ аз ҷониби ҳакамони озмун таҳлил ва баҳогузорӣ карда шуд.

 

Дар фарҷом Муҳаббати Ҷовид — донишҷӯи курси дуюми факултети дипломатия ва сиёсат ба гирифтани ҷойи якум, Зарипова Шаҳло-донишҷӯйи курси дуюми факултети идоракунии давлатӣ ҷойи дуюм, Сафарзода Гесу-донишҷӯйи курси дуюми факултети дипломатия ва сиёсат ҷойи сеюм ва Назарова Меҳрона магистранти курси 1, ихтисоси идораи давлатӣ ҷойи ифтихориро соҳибӣ карданд.

 

Ғолибони озмун бо дипломҳои дараҷавӣ ва сипосномаҳо сарфароз гардонида хоҳанд шуд.

Похожие записи