ҶАВОНОН — ПАЙРАВИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Афзалшо Бобозода

Дар замири ҳар як ҷавони кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси бунёдгузори мактаби давлатдории навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло дорад. Зеро мактаби давлатдории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомул дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон низ дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.

 

Ҷиҳати мавриди пажӯҳиш қарор додани мактаби давлатдории Пешвои миллат ва бо такя ба институти идоракунии Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ аз ҳисоби ҷавонон бо розигии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти илмӣ-таҳқиқотӣ зери номи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” фаъолият менамояд, ки дар заминаи фаъолияти он бо ҷалби мутахассисони варзидаи кишвар инак ҷилди 1, 2 ва 3-и китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” бо сатҳу сифати баланд аз чоп баромада, мавриди истифодаи донишмандону донишомӯзон қарор дорад. Инчунин дар Академия магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” иборат аз чор ихтисос ба фаъолият оғоз намуд, ки мақсад аз ифтитоҳи шуъбаи мавриди назар омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон бо дарназардошти сабку салиқа ва маҳорату методи роҳбарии Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.

 

Воқеан ҳам, пешрафти имрӯзаи ҷамъият ба илму маданият, ба қувваи бунёдкори эҷодӣ, ба ҷавонони ҷӯяндаву созанда эҳтиёҷ дорад. Шароити имрӯзаи соҳибистиқлолии кишвар  талаб менамояд, то ин ки миёни наврасону ҷавонон истеъдодҳоро пайдо намоем, барои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо замина муҳайё созем ва қувваи созандаи онҳоро баҳри фатҳи куллаҳои нави илм, техника ва маданият равона созем, зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам нишон медиҳад, ки бе иштироки бевосита ва фаъолонаи ҷавонон дар ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ягон натиҷаи назаррас ноил гардидан ғайриимкон хоҳад буд. Ғайр аз ин, насли ҷавони кишвар дар амалисозии табаддулоти иҷтимоӣ, таъмини инкишофи иқтисодӣ ва рушди техникии мамлакат манбаи асосии инсониро ташкил намуда, нерӯи эҷодӣ,  қувваю тавон ва зиракии онҳо дар таъмини инкишофи устувори ҷомеа аҳамияти бузург ва ҳалкунанда доранд.

 

Дар Паёми худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид намуданд, ки “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар — Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.  Дар ин маврид Арасту ҳанӯз чанд ҳазор сол пеш қайд карда буд: «Ҳама касоне, ки хусуси санъати идоракунии тафаккур намудаанд, бояд фаромӯш накунанд, ки тақдири империяҳо ба тарбияи ҷавонон вобастагӣ доранд». Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

 

Тибқи маълумоти оморӣ имрӯз 18% аҳолии Сайёраро ҷавонон ташкил медиҳанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони синнашон то 35-сола 70%-и аҳолиро ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки ояндаи наздик давлатдории мо на ба таври муназзам ва пайдарпай, балки имконияти якбора гузаштан ба насли ҷавон дорад. Чуноне ки тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфузи Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолӣ 22,5 солро ташкил медиҳад ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавон ба ҳисоб меравад. Фаро гирифтани ин неруи бузурги ҷомеа, расидагӣ ба мушкилоти он ва истифодаи оқилона аз ин натиҷаи стратегии миллӣ баҳри ободиву шукуфоӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа хеле муҳим аст.

 

Воқеан ҳам, пешрафти имрӯзаи ҷамъият ҳар чи бештар ба илму маданият, ба қувваи бунёдкори эҷодӣ, ба ҷавонони ҷӯяндаву созанда эҳтиёҷ дорад. Аз ин лиҳоз, барои сайқал додани дониши насли ҷавон ва мутахассиси асил тайёр намудани онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои милаат имрӯз зиёда аз 40 000 нафар донишҷӯ, магистр, аспирант ва докторантон ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода шудаанд. Дар 41 муассисаи таҳсилоти олии кишвар дар соли 2021 245 000 нафар донишҷӯ низ ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки нисбати соли 1992-ум сол 175 000 нафар зиёд мебошад.  Илова бар ин, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимони ҷавон  ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз 175 нафар ҷавонон ба он мушарраф гардиданд.  Хушбахтона, дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ду нафар омӯзгорони Академия низ соҳиби ҷоизаи мазкур гардиданд.

 

Имрӯз мо насли ҷавон бояд он эътимодеро, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Призденти кишвар нисбат ба мо ҷавонон дорад, ҷавобгӯ бошем ва ин аз мо масъулияти баландро дар назди Ватан -Модар ва ҷомеаву халқи азизамон талаб менамояд ва моро вазифадор месозад, ки бо неруи созандаву бунёдкор пайи омӯзиш бошем ва дар пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаётии ҷомеа нақши худро гузорем. Танҳо бо ин васила мо метавонем бо пуштибонӣ аз Ватану миллати хеш мақоми мамлакати худро дар байни дигар давлатҳо зина ба зина боло барем.

 

Дар шароити имрӯз таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва талошу кӯшиши онҳо дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушду инкишофи кишвар маҳсуб мегардад. Ташаккулу боло бурдани маърифати сиёсӣ аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Ташаккули маърифати сиёсӣ моро водор месозад, ки ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва тамоми кишварҳову минтақаҳои мухталифи олам ба вуқӯъ меоянд, баҳои воқеъона дода, мавқеи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем.

 

Имрӯз мо — ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ин  Ватанро дӯст дорем, аз он ифтихор намоем, барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем ва ба қадри осудагиву ваҳдат, истиқлоли давлатӣ бирасем ва вазифаи ҷонии ҳар яки мо ҷавонон аст, ки ҳамеша барои Ватан ҳастии хешро дареғ надорем.

 

Афзалшоҳ БОБОЗОДА,

муовини декан оид ба таълими

факултети идоракунии давлатии Академия

Похожие записи