ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ СЕЮМИ КУРСИ ОМӮЗИШӢ АЗ РӮЙИ БАРНОМАИ «БАНАҚШАГИРИИ БУҶЕТ БО ДАРНАЗАРДОШТИ ҶАНБАҲОИ ГЕНДЕРӢ:ҲАДАФҲО, ВАЗИФАҲО ВА ДУРНАМО»

IMG_8632

Рӯзҳои 18-19 ва 23 августи соли 2022 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми курси омӯзишии серӯза аз рӯйи барномаи «Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ:ҳадафҳо, вазифаҳо ва дурнамо» барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (аз ҳисоби масъулони таҳияи буҷет), ки дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ-занон дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст, баргузор гардид.

 

Мувофиқи Барнома барои шунавандагони курс 2 рӯз машғулиятҳо гузаронида шуда, барои кори мустақилона муҳлат дода шуда буд. Санаи 23 августи соли 2022 дар рӯзи сеюми курс хизматчиёни давлатӣ корҳои мустақилонаи худро муаррифӣ намуданд.

 

Курси такмили ихтисосро директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбар ва болаёқати Академияи идоракунии давлатӣ Бибиосия Аюбӣ ҷамъбаст намуда, бо дарназардошти хулосаҳои омӯзгорон ва коршиносон корҳои мустақилонаи хизматчиёни давлатӣ натиҷагирӣ карда шуд.

 

Аз миёни 21 нафар шунаванда кори мустақилонаи сармутахассиси шуъбаи молия ва ҳоҷагии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимова Шукрона беҳтарин дониста шуда, ба мавсуф се ҷилд китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» тақдим гардид.

 

Ҳамчунин барои корҳои мустақилона ва маърузаҳои ҷолиби диққат Сафо Мадгиё — мутахассиси пешбари шуъбаи ҳисоботи Саридораи геология, Чиллазода Меҳрангези Баҳриддин — сардори шуъбаи музди меҳнати Раёсати молия ва баҳисобгирии Академияи идоракунии давлатӣ, Юсупов Юсуф Абдуллоевич — сардори шуъбаи иқтисод ва банақшагирии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Собирова Назира Рустамовна — муовини сардори Раёсат — сардори шуъбаи тарҳрезии буҷети Агентии нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умарова Наргис Ҷумахоновна — муовини сардори Раёсати баҳисобгирии инфиродии Агентиии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирова Парвона Мушаррафовна  -мудири бахши молия ва баҳисобгирии муҳосибавии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Урунова Парвина Олимбековна — муовини сардори Раёсати таҳлил ва банақшагирии захираи давлатии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комронӣ Шаҳринози Ҷамшед — сармутахассиси  Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анушервони Хуршед — мутахассиси пешбари Раёсати молия ва баҳисобгирии Академияи идоракунии давлатӣ, Увайдуллоева Муҳайё — мутахассиси пешбари Агентии хоҷаги ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Дар баробари ин ба шунавандагони курси такмили ихтисос китоби «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ», ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ҷудо гардид, тақдим карда шуд.

 

Дар ҷамъбасти курс ба шунавандагон гувоҳнома оид ба хатми курси такмили ихтисос дода шуд.

 

Шунавандагон аз сатҳи ташкили курси такмили ихтисос ва усули таълим изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон ташкили курсҳои бештари такмили ихтисосро барои бонувон вобаста ба такмили малакаҳои мудирият, санъати суханварӣ ва ғ. дархост намуданд.

 

Аксҳо

Похожие записи