ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР АКАДЕМИЯ

IMG_3329

Курси такмили ихтисос, ки 11 октбяри соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида буд, ба анҷом расид.

 

Дар ҷамъбасти курси мазкур  Сафарзода Даврон Ҷурахон – ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагоги, дотсент Ғанизода Ибодат Ғанӣ – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

 

Дар анҷоми курс дар мавзӯи “Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” бо иштироки масъулин ва шунавандагон мизи мудаввар баргузор гардид.

 

Сипас, ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома дода шуд.

 

Ёдвар мешавем, ки курси мазкур барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки бо қарори комиссияи аттестатсионӣ барои фаро гирифтан ба такмили ихтисос тавсия шуданд ва хизматчиёни давлатие, ки солҳои 2019-2020 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, гузаронида шуд.

Похожие записи