МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 25-26 ноябри соли 2021 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиро таҳти унвони «Идоракунии зиддибуҳронӣ: таҳлил, баррасӣ ва ҷустуҷӯи механизмҳои бартарафсозии он» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ҳузурӣ ва онлайнӣ баргузор менамояд. Дар Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, шарикони хориҷии Академия, ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

 

 

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:

 

  • Ислоҳоти идоракунии зиддибуҳронӣ ва самаранокии татбиқи он дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ;
  • Танзими зиддибуҳронии фаъолияти бонкӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таҷрибаи пешқадами танзими идоракунии зиддибуҳронӣ дар кишварҳои хориҷӣ;
  • Коркарди усулҳо ва моделҳои самараноки идоракунии зиддибуҳронӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои он;
  • Монеаҳои ислоҳоти низоми идоракунии зиддибуҳронӣ дар шароити рушди иқтисодиёти рақамӣ
  • Буҳрони молиявӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Оқибатҳои умумии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва роҳҳои бартараф кардани он;
  • Таҷрибаи давлатҳои ҷаҳонӣ дар самти бартараф кардани буҳрони молиявию иқтисодӣ;
  • Сиёсати зиддибуҳронии давлат ҳангоми сарзадани буҳрон;
  • Идоракунии давлатӣ ва танзими давлатии иқтисодӣ — самти бартаридоштаи бехатарии иқтисоди минтақавӣ ва миллӣ;
  • Идоракунии зиддибурҳонӣ дар шароити нави иқтисодӣ;
  • Идораи зиддибурҳонӣ дар шароити иқтисодии баъди COVID -19;
  • Идоракунии стратегии бӯҳронҳо: мушкилотҳои ҷаҳонӣ ва нақши давлат;
  • Танзими давлатии ҳолатҳои бӯхронӣ: монеаҳо барои рушд.

 

 

Масъулияти хатогии имлоӣ, техникӣ, мазмунӣ ва дигар намуди нуқсонҳо дар матни маърӯза ба зиммаи муаллиф вогузор карда мешавад.

 

Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замимашуда мувофиқат намуда то 20 ноябри соли 2021 пешниҳод мегарданд, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсия то баргузорӣ нашр карда мешаванд. Бақайдгирӣ ва пешниҳоди мақола тавассути суроғаи зерин амалӣ мешавад: olimov.sadi@mail.ru

 

Суроғаи пайвастшавӣ ба конференсия дар реҷаи онлайн на камтар аз се рӯз пеш аз баргузорӣ ба почтаи электронии иштирокчиён ирсол мегардад.

 

Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ

Вақти баргузории конференсия: соати 09:00 (ба вақти Душанбе)

Платформаи конфронс: Microsoft Teams.

 

Суроға: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33, www.apa.tj.

 

Кумитаи тадорукот: Факултети идоракунии давлатӣ, кафедраи идоракунии молияи давлатӣ, кафедраи менеҷмент ва кафедраи  идоракунии давлатӣ ва иқтисоди миллӣ (ошёнаҳои 11 ва 12-ум)

E-mail: olimov.sadi@mail.ru

Тел.:   (+992) 918-11-96- 48; (+992) 555555- 790

 

ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА

 

Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ/ МУАЛЛИФОН

— насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);

— номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад –  шаҳр, давлат (бо се забон);

— почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).

НОМИ МАҚОЛА

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

КАЛИДВОЖАҲО

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,) ҷудо карда мешаванд.

АННОТАТСИЯ

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

ОРОИШИ МАТН

Ҳошияҳои саҳифа: 3 см — аз чап; 1 см — аз рост; 2 см — аз боло ва 2 см — аз поён.

Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14; Times New Roman 14 кгл (барои матни русӣ).

Фосилаи камтарини миёни сатрҳо — аз 1.5.

Сархат: 1.25.

Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни  саҳифагузорӣ; бе кӯчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]»ишора карда мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.

Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office — Word 2003 ё Word 2007.

Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.

Матн: баробаркунӣ – «аз рӯйи паҳно».

Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)

 

ШАКЛИ НАМУНАВИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ФЕҲРИСТҲОИ БИБЛИОГРАФӢ

 

МАҚОЛА АЗ МАҶАЛЛАҲО ВА МАҶМӮАҲО

 

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699.

Баҳриддинов С.Э. Доир ба баъзе масъалаҳои назарияи пешгирии ҷинояткорӣ // Идоракунии давлатӣ. 2011. №1. С. 68-72.

МОНОГРАФИЯҲО:

Тарасова В.И. Таърихи  сиёсии Амрикои Лотинӣ: китоби дарсӣ барои мактаби олӣ. – нашри 2-юм. – М. : Проспект, 2006. С. 305-412.

АВТОРЕФЕРАТҲО

Глухов В.А.Таҳқиқот, коркард ва бунёд кардани низоми электронии санадрасонӣ  дар китобхона: Автореф. дисс. … номз. илм.техн. наук. — Новосибирск, 2000. -18 с.

ДИССЕРТАТСИЯҲО

Фенухин В.И. Низоъҳои этносиёсии дар Россияи муосир: дар мисоли минтақаи Қафқози Шимолӣ: Дисс. … номз. илм. сиёсӣ. — М., 2002. С. 54-55.

ШАРҲҲОИ ТАҲЛИЛӢ

Иқтисодиёт ва сиёсати Россия ва давлатҳои хориҷаи наздик : шарҳи таҳлилӣ, апр. 2007 / Акад. Илм. Россия, Пажӯҳиш. иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. — М. : ПИҶМБ, 2007. — 39 с.

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯҲО

Бостоншиносӣ: таърих ва дурнамо: маҷ.мақ. Конфр. якуми минтақавӣ, Ярославл, 2003. 350 с.

ҲУҶҶАТҲО АЗ ИНТЕРНЕТ

Смертина П. Бонкдорӣ. [Манбаи электронӣ] //URL:http://www.banki.ru/news/bankpress/ (санаи муроҷиат: 12.09.2016).

 

Аксҳо

Похожие записи