ҶОЙИ ДУЮМИ КОРМАНДИ АКАДЕМИЯ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИВИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

маликшоева

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

 

Дар он Абдуҷаббор Раҳмонзода — Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода — Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ — Президенти миллии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Низом Қосим — раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аҳли илму адаб, шоирон, нависандагон, иштирокчиён ва ҳакамони озмуни мазкур ширкат намуданд.

 

Нахуст, Абдуҷаббор Раҳмонзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки соли дуюм аст бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилиятҳои эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ғани гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии табақаҳои гуногуни кишвар баргузор карда мешавад.

 

Баъдан гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинатсияҳо муайян гардида, онҳо бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудаанд.

 

Боиси хушнудист, ки Маликшоева Шоҳбегим — сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи “шоирӣ” сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби 20 ҳазор сомонӣ, инчунин, Аминов Исмоил — донишҷӯёни курси 1 ихтисоси муносибатҳои байналмилалии Академия барои ширкати фаъолона соҳиби ифтихорнома ва маблағи ҳазор сомонӣ гардиданд.

 

Мавриди зикри аст, ки аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантон ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» чор нафар, аз ҷумла Маликшоева Шоҳбегим — сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ,  Мӯминов Мустақим — магистранти курси 2 — юм, Сафарова Шоҳина — донишҷӯёни курси 2 — юми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ ва Аминов Исмоил — донишҷӯёни курси 1 — уми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ  роҳхат гирифта будаанд.

 

Роҳбарияти Академия ва иттифоқи касабаи кормандону омӯзгорони Академия Маликшоева Шоҳбегим ва Аминов Исмоилро барои иштироки фаъолона, ва комёбиҳои бадасторвардашон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сидқан таҳният гуфта, барояшон фатҳи қуллаҳои баланди илмию эҷодиро таманно намудаанд.