20 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ СҲШ: ТАРҲРЕЗИИ ДАҲСОЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГӢ-ГУМАНИТАРӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия, Конференсияҳо, Ҳамкориҳо
Таҳти ин унвон дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, видеоконференсия доир гардид.
Видеоконференси мазкур дар доираи ҳамкории Марказ бо платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network 7-умин Модели СҲШ роҳандозӣ шуда, бо мақсади ҷалби ҷавонон ва мутахассисони ба омӯзиши фаъолияти СҲШ шавқу рағбатдошта бо иштироки тренерон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур дар қаламрави Тоҷикистон бори нахуст баргузор шуда истодааст.
“Модели СҲШ” конференсияест, ки дар раванди он ба иштирокчиён имкони намояндагии давлати аъзои СҲШ, иштирок дар муҳокимарониҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллии давлатҳо бо мақсади мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ дода мешавад.
Иштирокчиёни модели мазкурро 18 нафар донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва мутахассисони ҷавони аз 18 то 35-сола ташкил медиҳанд, ки онҳо аз 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе тариқи пур кардани дархост ва навиштани эссе дар мавзӯи “Ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ дар доираи СҲШ: дастовардҳо ва афзалиятҳо” ҷалб гардидаанд.
Чорабинии мазкур аз 30 апрел то 23 май идома карда, дар анҷоми он доир намудани бозии интерактивӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар рафти бозии интерактивӣ иштирокчиён ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ-ро намоиш медиҳанд.
Дар фарҷом ба иштирокчиёни конференсия аз ҷониби ташкилкунандагон гувоҳнома супорида мешавад.
Инчунин, ғолибони номинатсияҳои махсус аз ҷониби Котиботи СҲШ бо шаҳодатнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида хоҳанд шуд.