ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

1 (3)

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ тариқи онлайн дар мавзӯи “Ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ: моделҳои муосири самаранокии он” баргузор гардид.

 

Дар конференсия Ғафурзода А.Д. — Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Соибов З.М. — декани факултети идоракунии давлатӣ, н.и.ҳ. дотсент., намояндагони мақомоти марбута, инчунин ректорони донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белоруссия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва устодони Академия тариқи онлайн ва мустақим иштирок карданд.

 

Конференсияро Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро хайрамақдам гуфт. Зимни суханронии худ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иброз дошт, ки дар низоми давлатдории навини халқи тоҷик хидмати давлатӣ мақоми хос дошта, таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ, такмил ва ташаккули он барои пешрафти фаъолияти идоракунии давлатӣ нақши муассир дорад. Вобаста ба ин, дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста оид ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Мавсуф бо ёдоварӣ аз суханони Пешвои миллат вобаста ба рушди хизмати давлатӣ дар замони истиқлол иброз дошт: “Хизмати давлатии навини Тоҷикистон зодаи замони истиқлолият мебошад, ки дар шароити басо ногувори таърихи миллат оғоз гардида, марҳила ба марҳила нумӯъ ёфт.”

 

Дар қисмати пленарии конференсия дар ин хусус чанд нафар иштирокдорон ибрози назар намуданд.

 

Конференсия ду рӯз идома ёфта, дар қисмати маърузаҳо ба таваҷҷуҳи иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои гуногун ва мубрами идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, аз ҷумла, ислоҳоти идоракунии маҳаллӣ ва самаранокии татбиқи он дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ: ҳолат ва дурнамои хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши моделҳои хизмати давлатии шаҳрвандони кишварҳои пешрафта, асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, коркарди моделҳои самараноки идоракунии давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, қонуният ва интизом дар хизмати давлатӣ; модели муосири менеҷменти давлатӣ, таносуби модели анъанавӣ ва муосири идоракунии давлатӣ: тафовут ва самаранокии он  ва монеаҳои ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ маърузаҳои муфассал пешниҳод гардиданд.

 

Воқеан, ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равандҳои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ташаккули низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

 

 

Аксҳо

Похожие записи