ХОРҲОИ ЗАҲРДОРИ МИЛЛАТ

Шавқат

Дар ҳама давру замон ҳифз намудани якпорчаи сарзамини Ватани аҷдодӣ, арзишҳои миллати худро дифо намудан, ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги қадимаи миллати куҳанбунёд ин нишонаи маърифатнокии шахсони солимақлу солимирода аст. Маҳз тавассути чунин фарзандони фарзонаи миллат номи дилхоҳ халқу қавм миёни мардуми сайёра муаррифӣ мегардад. Имрӯзҳо кам нестанд нафароне, ки таъриху фарҳанги оламгири моро ба ҷаҳониён таблиғу онҳоро ба ин фарҳанги бою пурғановат ташвиқ карда бошанд.

 

Ин гурӯҳ ватандӯстдорон бо чунин кирдори нексиришти худ тавонистаанд номи худро дар сафҳаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо хатҳои заррин бинависанд ва ҳатто ба унвони Қаҳрамонони Тоҷикистон мушарраф гарданд. Бо чунин шахсиятҳои таърихӣ тамоми хурду бузурги миллати тоҷик ифтихор менамоянд ва мефахранд, ки миллати тоҷдори онҳо аз чунин фарзандони фарзона орӣ нестанд.

 

Вале боз ба зеҳн ҳамон мақоли мардумӣ меояд ки: “Гул бе хор намешавад”. Имрӯзҳо хорҳои зараррасон симои ин гулҳои хушбуи миллатро коста намудан мехоҳанд. Онҳо бехабар аз он ҳастанд, ки имрӯз миллати тоҷик муттаҳид аст. Аз як гиребон сар баровардаанд. Ҳифзи марзу буми миллати худро беҳтарин арзиши миллии худ медонанд. Намегузоранд, ки пои нохалафе, бешарафе, бетарафе ва хоине ин сарзаминро рахна намояд ва бо фикру ақидаҳои ҷоҳилонаи худ мафкураи мардуми осоиштаро ба дигар самт равона созад.

 

Имрӯзҳо дар расонаҳои интернетӣ мушоҳида намуда истодаем, ки душманон ва нотавонбинони миллати сарбаланди тоҷик дар мисоли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашуров хабарнигорони Гурӯҳи-24, ва дигаре аз иғвоангезон мехоҳанд фазои орому осоиштаи Тоҷикистонро ғуборолуд намоянд. Мардумро сарсону саргардон дидан мехоҳанд. Ҳар гуна хабарҳои беасосро далел меоранду номи мардумро бадном месозанд ва миллати тоҷикро дар миёни дигар давлату миллатҳои бегона қашшоқу камбағал муаррифӣ намудан мехоҳанд.

 

Вале дигар мардум фирефтаи ин хоинони миллат намегарданд. Чунки хуб медонанд, ки аз ин мардуми ҷоҳил рӯзи хушро интизор шудан камоли гумроҳист.

 

Агар дар тинати ин мардони нопок заррае меҳри ватану ватандорӣ мебуд, онҳо ҳеҷ гоҳ ба қаҳрамонони Ватан, ки онҳоро халқ барои корҳои мондагорашон қаҳрамон хондаанд, суханҳои носазо намегуфтанд. Метавонистанд, ҷои хизмат ба бадхоҳони миллат намудан, дасти як оилаи камбизоати Ватани худро гиранд. Метавонистанд, мисли мардони саховатманд аз ҳоли шахсони барҷомондаву муҳтоҷ  дидан наменамуданд.

 

Ин хоинон метавонанд, аз арзишҳои миллати худ дифо кунанду нагузоранд то касе қадру манзалати фарҳанги миллати тоҷикро паст зананд. Аммо сад афсус, ки онҳо ҳама мағзшуштагони хоҷагони худ гаштаанд ва аслан фикри ба сӯи некиву накӯкорӣ ва ислоҳшуданро надоранд. Онҳо то дараҷае имрӯзҳо худро беватан нишон дода истодаанд, ки Ватани худро таҳқир ва душманонеро, ки ба халқи тоҷик ҷангро оғоз менамуданду аҳолии бегуноҳро ба қатл мерасонанд, тарафдорӣ намуда истодаанд.

 

Агар ба 30 соли истиқлол назар кунем, ин гурӯҳҳо дар давоми ин солҳо ягон коре накардаанд, ки мардум тарафдорашон бошанд. Дасти ятимеро нагирифтаанд, хонаи ягон ниёзмандро обод накардаанд, роҳе насохтаанд, мактабе бунёд накардаанд. Онҳо то тавонистанд, миёни мардуми орому осуда низову ҷангро ҷорӣ намуданд.

 

Дигар мардум ба ҷаҳолати ин хоинони миллат фирефта намешаванд ва хуб дарк низ кардаанд, ки тарафдорӣ аз ин хоинон роҳе ба сӯйи нобудӣ ва қашшоқиву зулму истибдод аст. Имрӯзҳо мардуми сарбалнди тоҷик баҳри он талошу заҳмат мекашанд, ки Ватани азизашон ободу зебо гардад. Номи Ватан дар сартосари ҷаҳон ба некӣ муаррифӣ шавад.

 

Шавкат ОСТОНАЕВ,

сармутахассиси шуъбаи фарҳанг ва

рушди истеъдодҳои ҷавони Академия

Похожие записи