ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲ БА СӮИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР ДАР ШАРОИТИ НИЗОЪҲОИ ТИҶОРАТӢ

321614126_887855545585810_1270754336964786859_n

Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

 

Тайи солҳои Истиқлолият бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди устувор дар кишвар як қатор ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия ва қабул гардиданд.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун заминаи асосӣ барои амалисозии афзалиятҳои асосии кишвар марбут ба баланд бардоштани масъулияти сохторҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати такмил додани низоми муосири муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи накўаҳволии мардуми кишвар баромад мекунад.

СМР-2030 инчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рўзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат гирифта, ба милликунонии онҳо мусоидат менамояд.

Диққати махсус дар милликунонии ҲРУ ба консепсияи рушди устувори инсонӣ равона шудааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳимми рушди устувори инсонӣ маҳсуб меёбанд.

Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад.

Барои ноилшавӣ ба ҳадафи олии кишвар ҳадафҳои стратегии рушд барои то соли 2030 муайян шудаанд:

  • таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ;
  • раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ;
  • раъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;
  • саноатикунонии босуръати кишвар.

Чигугунае, ки муҳтарам Пешвои миллат иброз намуданд, соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд аст ва инчунин дар фаъолияти минбаъда рушди соҳаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намуданро ба сохторҳои дахдор дастур доданд.

Ҳамин тариқ гуфтан ба маврид мебошад, ки устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ яке аз самтҳои асосии сиёсти давлатӣ қарор дошта дар суханронии муҳтарам Пешвои миллат нуқтаи меҳварири қарор дошт,чун ки фаъолияти минбаъдаи ҳар як кишвар аз устувории иқтисодиёт вобастагии зиёд дорад.

Чигунае, ки Пешвои миллат иброз намуданд, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.

Қобили зикр мебошад, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дошат марҳила ба марҳил бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат нишондиҳандаҳои иҷтимоию-иқтисоди бо маром ба тағиёбии мусби майл намуда истодааст. Аз ҷумла гуфтан ба маврид мебошад,ки

Ҳарчанд ки дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ аҳолии Тоҷикистон қариб 2 баробар афзоиш ёфт (аз 5,5 млн. нафар то наздики 10 млн. нафар), Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2018  аз 71 миллиард ва соли 2022 ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.

Инчунин, қобил таззакур мебошад, ки маблаѓгузории соҳаҳои маориф  ва алалхусус бо мақсади рушди сармояи зеҳни ҳамчун соҳаи калиди боқи монда ба ин самт соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Ҳамаи ин ғамхориҳо аз он шаҳодат соҳаи маориф дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дошта бо мақсади рушди соҳа аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд зиёд намудан.

Ҳамаи ин дастгириҳо ва аз он ҷумла ғамхориҳо, новобасат аз мушкилоти ҷойдошта ва алалхусус дар шароити таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ин худ як сиёсати хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори энергетикии кишвар тадриҷан зиёд гардида, беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои иловагӣ дар соҳаи энергетика сохта ва азнавсозӣ карда шуданд. Инчунин гуфтан ба маврид мебошад, ки дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудан, ки: “Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем”.

Таҳлили ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1991-2022 нишон медиҳад, ки дар ин давра рушди назарраси соҳаи кишоварзӣ таъмин гардидааст, аммо дар ин росто аҳолии кишвар низ бо коифисети 2.4 рушд намудаистода аст

Қобили таззакур мебошад, ки вобаста ба ҳолат кишварзон истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, олиммон дарёфти роҳҳои ба тағирёбии иқлим мувофиқ кунонидани кишт ва ҳар як шаҳрванди соҳиб хирадро месазад, ки замини дар ихтиёр доштаашро самаранок истифода намояд ва ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишварзию фаровонии бозори истеъмолии кишвар заминаи асосӣ гузорад.

Гуфтан ба маврид мебошад, ки саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории, ки дар доираи ҳадафи чоруми миллии кишвар Пешвои миллат чунин иброз намудан, ки агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд

Ҳаминро гуфтан ба маврид мебошад, ки рушди иқтисоди миллӣ дар солҳои 2000-2022 асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 7 маротиба афзудааст.

Мувофқи ҳадафҳои рушди устувор яке аз ҳадафҳои он ин шаҳру маҳалҳои устувор ба ҳисоб меравад дар доираи ин ҳадаф дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” барои вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузаронидани озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин ба роҳ монданашро дастуру супоришҳо доданд.

Ҳаминро гуфтан ба маврид мебошад, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар бо мақсади рушди деҳот як қатор тадбирҳои заруриро дар самти такмили низоми идоракунии мақомоти маҳаллӣ ба анҷом расонид, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” аз 3 марти соли 2004, №5 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” соли 2009 қабул гардиданд, ки сохти идоракуниро дар мақомот ва деҳот ба замони муосир ҳамқадам намуд ва заминаи мусоид барои рушди минбаъда гузошт. Махсусан бояд қайд намуд, ки бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва корҳои бунёдкорӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ дар арафаи 30-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ ба ташаккул ёфтани инфрасохтори соҳа ва рушди минтақаҳо такони ҷиддӣ бахшида, таваҷўҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ба ин соҳаи муҳим бештар гардонид.

Ҳамаи дастовардҳои дар давоми солҳои 2000-2015 ноилшуда имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 81 фоизи соли 1999 то 31,3 фоиз дар соли 2015 ва инчунин сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуда ва инчунин қайд намудан ба маврид мебошад, тибқи роҳнамоии Пешвои миллат бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати аз 1 июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд. Ва мувофиқи барномаҳои давлатӣ дар ояндаи наздик дар назар дошат шудааст, ки нишондиҳада сатҳи камбизоатӣ ба 18% оварда расонида шавад.

Тибқи роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои Ҳукумати кишвар дар оянда ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули “иқтисоди сабз”, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.

Ҳамин тариқ, дар охир чунин хулоса намудан ба маврид мебошад, ки ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои олии кишвар, Ҳукумати мамлакат дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ — бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ таъмин намудани рушди устувор, афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна афзалият дода шудааст. Бо ин мақсади ҳар як шахси соҳиб хирад ва соҳиб ватанро месазад, ки дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, тадриҷан устувор намудани пояи Истиқлоли давлатӣ ва бо масъулияти баланд ба сӯи музафариятҳои ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати кишвар гомҳои устувор гузоранд.

 

АСОЕВ М.М.,

мудири кафедраи идораи

давлатӣ ва иқтисоди миллии Академия,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Похожие записи