АНДЕШАЕ ЧАНД ДАР ҲОШИЯИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

IMG_6255

Истиқлол (souverainete) —  озодӣ ва новобастагӣ аз ҳар гуна қувваи қудрати беруна, сифату хусусияти ҳар давлати соҳибистиқлол аст. Дар фарҳанги сиёсӣ дар баробари мафҳуми истиқлоли давлатӣ, ҳамчунин истиқлоли миллӣ ва истиқлоли халқ низ истифода мешавад.

 

Истиқлоли давлатӣ ва муродифҳои он соҳибихтиёрӣ ва озодӣ аз ҷумлаи он мафҳумҳое мебошанд, ки ҳолати рӯҳӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии фард, миллат ва давлатро ифода менамоянд. Истиқлоли давлатӣ сифати ҳуқуқии бегонанашавандаи давлати соҳибихтиёр аст, ки рамзи мустақилияти сиёсию ҳуқуқии он буда, дорои болотарин масъулият ва арзиш чун субъекти аввали ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, ки зарурат барои волоияти ҳокимияти давлатиро дорад ва тобеъ набудан ба ҳокимият ва давлати дигарро ифода менамояд.

Аксаран аҳамияту зарурати мафҳумҳои болозикрро ҷомеа танҳо дар ҳолате дарк карда метавонад, ки аз ин неъмати воло бенасиб гардад. Ин амсоли ҳолатест, ки инсон ба қадри сулҳу субот ва оромии сартосарии ҷомеа, ба таври воқеӣ, танҳо баъди бавуҷудоии ҷангу низоъ ва нооромиҳову нобасомониҳо мерасад ва аҳамияту зарурияти амният ва осоиштагиро дарк менамояд. Ба қавле қадри неъмат баъди завол аст.

Миллати тоҷик низ баъди ҳазор сол, дар яке аз гӯшаҳои замини аҷдодии хеш, давлати соҳибистиқлоли миллии худро бо номи Тоҷикистон барпо намуд. Ин ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик дар роҳи касби соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, ба қавле, ҳадяи худовандӣ ба ин миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун буд. Аксар бар он назаранд, ки мо пас аз барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолро саҳлу сода ва муфт ба даст овардем. Вале агар дуруст ва воқеъбинона ба таърихи пурифтихори миллат назар дӯзем, хоҳем дарёфт, ки давоми ҳазорсола, миллати тоҷик зери роҳбарии қаҳрамонони миллии худ аз қабили Шераку Спитамен, Деваштичу Муқаннаъ, Синбоди Муғу Абӯмуслими Хуросонӣ, Темурмалику Восеъ ва садҳо қаҳрамони номвару мондагори таърих алорағми ғосибони аҷнабӣ барои истиқлолу озодии худ муборизаҳои беамон бурдаанд ва бо ин номи худро дар саҳифаҳои рангини таърихи миллат абадан сабт намудаанд. Ҳатто дар даврони ташкилшавии Иттиҳоди Шӯравӣ низ душманони бадхоҳи ин миллат соҳибдавлатии тоҷиконро намехостанд ва миллати тоҷикро, қи қадимтарин миллат дар Осиёи Миёна маҳсуб меёбад, ҳамчун миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни ҳамин марзу бум дидан намехостанд. Хушбахтона дар ин рӯзҳо низ фарзонафарзандони ин миллат аз қабили Устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров бо қудрати қалам тавонистанд илман собит созанд, ки тоҷикон миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва дорои таърихи пурифтихоранд. Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур бо ҷонбозиву ҷоннисориҳо тавонистанд Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати ИҶШС таъсис бидиҳанд, ки баъди барҳамхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ 9 сентяри соли 1991 заминагузори асосии соҳибистиқлолӣ ва ташкилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Яъне, истиқлоли мо ҳадяи муфти таърихӣ набуда, барои он қаҳрамонони миллати тоҷик ҷоннисориҳо нумудаанд, ки бо ин дар хотироти мо корномаҳои онҳо абадан боқӣ хоҳад монд.

Баъди касби соҳибистиқлолӣ бо кӯшиши бадхоҳони миллат кишвар ба ҷанги шаҳвандии таҳмилӣ кашида шуд. Вале дар ин рӯзҳо низ фарзонафарзанди миллати тоҷик зимоми ҳокимият ва масъулияти имрӯзу ояндаи миллатро ба дӯши худ гирифта, тавонист оташи ҷангро хомӯш намояд ва миллатро ба ваҳдату якдилӣ бирасонад. Барои миллати тоҷик аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ баробар ба Истиқлоли давлатӣ дониста мешавад, зеро маҳз Ваҳдати миллӣ хатари аз миён рафтани давлат ва Истиқлолро рафъ намуд, ки барои пойдории он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу ҳалкунанда мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оиди Истиқлоли давлатӣ зикр намудаанд: “Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақоми муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад”.

Дар охир мехостем, аҳамияти истиқлолу озодиро дар мисоле чанд шарҳ диҳем:

Якум, истиқлол давлату миллатро дар арсаи байналмилал муаррифӣ менамояд ва имрӯз Тоҷикистон субъекти комилҳуқуқ ва аъзои созмону ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, ташаббусҳои он дар саросари ҷаҳон ҳамовозиву дастгирӣ меёбад;

Дуввум, танҳо давлати соҳибистиқлол метавонад сиёсати дохиливу хориҷиашро мустақилона муайян намуда, тамоми захираҳои мавҷудаи худро барои манфиати миллӣ истифода намояд;

Сеюм, танҳо дар шароити соҳибистиқлолӣ миллат метавонад аз арзишҳои миллии худ дар дохил ва хориҷи кишвар дифоъ намояд ва ба сатҳи комили худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори милливу ватандорӣ бирасад ва аз ҳар гуна бегонагии фарҳангиву тафаккурӣ эмин бошад.

Гуфтаҳои болоро бо андешаи яке аз мутафаакирони барҷастаи Шарқ аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ оиди зарурату аҳамияти истиқлол озодӣ барои миллат хотима мебахшем:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАКУ ФАРХУНДА ВА ПОЯНДАВУ ҶОВИДОНӢ БОД, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!!!

 Мустақим МӮМИНОВ,

ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академия

Похожие записи