РУШД ВА ИНКИШОФИ СОҲАИ ТУРИЗМИ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

photo_2022-02-21_14-40-57-1024×643

Тавре ки ба мову шумо маълум аст, соҳаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ва феномени иқтисодии асри ХХ эътироф гаштааст. Дар аксари кишварҳо туризм ҷиҳати таъмини устувории иқтисодӣ ва мураттабсозии савдои хориҷӣ нақши ҳалкунандаро иҷро намуда, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтидору тавоноӣ ва имкониятҳои соҳаи мазкур бо назари нек нигоҳ мекунанд ва қобилияти созандагии он боварии комил доранд. Аз рӯзҳои аввали шомил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ (СУТ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо ин ташкилот ба роҳ мондаст. Ҳамчунин бояд гуфт, ки моҳи майи соли 2010 Котиби Генералии Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ Толиб Рифаӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, вобаста ба ҳамкориҳои судманд байни мақомоти ваколатдор дар соҳаи туризм ва СУТ Меморандуми ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм имзо гардид. Барои ҷалби мунтазами гурӯҳҳои туристии нав ба кишвар ва муаррифии захираҳои туристии мамлакат дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонии соҳавӣ соли 2008 нахустин маротиба дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи туристии “Тоҷикистон — кишвари туризм” дар масоҳати 200 метри мураббаъ бо ҷалби тамоми ширкатҳои туристӣ ва минтақаҳои дорои захираҳои туристӣ ташкил карда шуд, ки яке аз руйдодҳои муҳими дар таърихи давлатдоии милли мо нақши худро гузошт.

Бояд қайд кард, ки соли 2010 дар баландии 7495 метр дар қуллаи баландтарини минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо номи “Исмоили Сомонӣ” парчами Тоҷикистон ва нишонаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” барафрохта шуд.

Босамар ва босифат мавриди амал қарор додани сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм, ҳамкорӣ бо идораю муассисаҳои ватанӣ, сохторҳои туристии кишварҳои дуру наздик ва беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин ҷода аз як қатор қонуну барномаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, таҳияи Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009 — 2019 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи “Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2009” аз 29 декабри соли 2003 таҳти № 582; Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010 — 2014 ва дигар барномаҳои муҳимми давлатӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешрафти туризм шаҳодат медиҳад.

Боиси хушҳолист, ки солҳои охир баъзе мушкилоти соҳа бартараф гардиданд. Чунончи, имрӯз сайёҳони беш аз 81 кишвар метавонанд озодона дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раводиди Тоҷикистонро гиранд. Дар ин давра беш аз 65 дарсади иншооти табобатӣ таҷдиду барқарор ва 35 мавзеи туристӣ — истироҳатӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар баробари ин, тартиби рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон, сарчашмаҳои маблағгузорӣ, воситаҳои назорати фаъолияти туристӣ аз ҷониби Ҳукумат таҳия гаштааст. Ба ин васила ҷумҳурии мо имкон пайдо менамояд, ки дар намоишгоҳҳои байналмилалии сатҳи баланд ширкат варзида ва дар баробари ин захираҳои ғании табиӣ, фарҳангӣ ва меросии кишварамонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ месозанд. Ҳамчунин доир намудани конфронсҳои байналмилалӣ дар бораи рушди туризм ба роҳ монда шудааст, ки бо ин роҳ метавонанд, бори дигар намояндагони созмону ширкатҳои гуногуни ҷаҳонӣ ба кишвари зебову муъҷизаосои мо ташриф оварда, аз имкониятҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари офтобӣ ва дорои табиати зебову нотакрор, қуллаҳои баланду сар ба фалак кашида ва ёдгориҳои таърихию бостонист, қалби садҳо нафар сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Ин аст, ки ҳамасола боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш меёбад. Мутмаинем, ки минбаъд ташрифи сайёҳон зиёд гашта, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инкишофи соҳибкории хурду миёна ва рушди иқтисодиёти миллӣ таъмин мегардад.

Сайёҳат МИРАХМЕДОВА,

магистранти Академия

Похожие записи