«ШОҲНОМА» – ҚОМУСИ ФАРҲАНГУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ

1

 (Дар партави иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати нашру тақдими «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар як хонавода дар Тоҷикистон)

Бад-ин нома бас умрҳо бигзарад,

Бихонад, ҳар он кас, ки дорад хирад.

Абулқосим Фирдавсӣ

Пешвои миллат 5 ноябри соли равон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ёдовар шуданд, ки бо кӯмаку ташаббуси бевоситаи Бобоҷон Ғафуров соли 1971 «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба хати ниёгон дар «Силсилаи мероси хаттии Шарқ» ба табъ расид.

Вобаста ба ин таъкид намуданд, ки «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба ҳар як хонаводаи кишвар тақдим карда мешавад.

Тавре муҳаққиқон барҳақ эътироф мекунанд, «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз шумори он осори гаронбаҳои фарҳангист, ки чун китоби халқ аз осеби забонаҳои дуду оташи ҳаводиси рўзгорон ва дандонаҳои арраи бедоди замонҳо то имрўз маҳфуз мондааст. Ин китоб бозгӯйи сарнавишти пурмоҷарои ориёиҳои боҳушу фарҳанг, мубориз ва диловар, ватанпараст, худованди латифтарин афкору эҳсос, номаи розу ниёз, набарду пирўзӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии ориёиҳо дар набард бо бегонагон, зулмат ва зиштиву дадманишӣ, башардўстӣ, дастури касби хулқу атвори ҳасана, ҳамосаи азамат, хирад ва заковат, достони ишқи безавол, таърихи суннат ва анъаноти писандидаи мардуми ориёӣ мебошад. «Шоҳнома»-и безавол асрҳост, ки миёни мардумон шуҳрат ва маҳбубияти хосе дошта, ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи на танҳо бошандагони Ховарзамин, балки халқҳои тараққихоҳи дигар мамолики ҷаҳон аст. «Шоҳнома» дар ҳама кишварҳо дўстон ва ошиқони зиёде дошта, достонҳои ҷудогонаи он тавассути донишмандон ба забони халқҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва дастраси хонандагони ҳар диёр гардидааст.

Тавре маълум аст, иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати дастрас намудани «Шоҳнома» – ин шоҳасари тоҷикон ба ҳар як хонавода тасодуфӣ набуда, давоми мантиқии як силсила ташаббусҳо дар самти тарғибу ташвиқи илму дониш ва ҷалби мардум ба осори ҳувиятсози гузаштагон мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки бо супориши Пешвои миллат ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» низ аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа шуда буд.

Ҳамчунин тавре ҳамаи мо медонем, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, огаҳӣ пайдо кардан аз адабиёти ғанӣ ва таърихи куҳан, тарғиби одобу ахлоқи ҳамида, дўст доштани Ватан ва муайян кардани истеъдодҳои ҷавон аз тарафи Пешвои миллат озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» эълон шуданд. Дар баробари ин, бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷўён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат» баргузор карда мешавад.

Аммо тавре дар симпозиюми мазкур Роҳбари давлат изҳори нигаронӣ карданд, дар озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» 120 ҳазор шаҳрванд иштирок кардааст, ки ин хеле кам аст. Дар ҳақиқат ин шумора 1,2 дарсади аҳолии кишвар буда, баёнгари он аст, ки танҳо тариқи озмун ба хондани ин китобҳо ҷалб кардани мардум нокифоя мебошад. Бинобар ин, ба андешаи мо роҳҳои дигарро метавон ба кор бурд. Масалан, ҷиҳати боз ҳам тақвият ёфтани ташаббусу иқдомҳои Роҳбари давлат месазад, ки зимни ҷобаҷогузории кадрҳо ва таъйин ба мансабҳои давлатӣ шиносоӣ бо осори ҳувиятсози миллати тоҷик, махсусан «Шоҳнома» ва «Тоҷикон» низ дар баробари салоҳиятнокии касбӣ ба назар гирифта шавад.

Омӯхтани китобҳои «Шоҳнома» ва «Тоҷикон» барои ҳамаи шаҳрвандон зарурат дорад, вале барои хонандагону донишҷӯён, махсусан донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама барои хидматчиёни давлатӣ ва шахсони мансабдор лозим аст. Хуб мешуд, агар дар озмуну аттестатсияҳо аз ин китобҳо савол гузошта шавад, дар мактабҳои миёна азёд кардани як миқдори муайяни гулчини байтҳо ё порчаҳои муассир аз достонҳои алоҳидаи «Шоҳнома» ҳангоми имтиҳону аз синф ба синф гузаронидан талаб карда шавад.

Инчунин мумкин аст «Достонҳои Шоҳнома» дар нигориши Сотим Улуғзода бо иловаи расму тасвири 1) мавзеъҳои таърихӣ, аз қабили Саразм, Тахти сангин, Тахти Ҷамшед, Катибаи Бесутун, Нақши Рустам, Тоқи Кисро, Каъбаи Зардушт; 2) симоҳои мусбату манфии «Шоҳнома» – Суруш, Зардушт, Монӣ, Маздак, Симурғ, Каюмарс, Ҳушанг, Ҷамшед, Фаридун, Эраҷ, Манучеҳр, Қоран, Тус, Гев, Гударз, Рустам, Суҳроб, Сиёвуш, Кайқубод, Кайхустав, Луҳросп, Гуштосп, Доро, Ардашери Бобакон, Анушервон, Бузургмеҳр, Заҳҳок, Салму Тур, Афросиёб, Аржосп, Шағод, Саъди Ваққос; 3) саҳнаҳои кашфи оташ аз ҷониби Ҳушанг ва бунёд ниҳодани ҷашни Сада, баргузории ҷашни Наврӯз аз ҷониби Ҷамшед, саркуб шудани Заҳҳок аз тарафи Фаридуну Кова ва барафроштани дирафши ковиёнӣ, Симурғу Зол, гирифтани Рустам Рахшро, разми Сӯҳроб бо Гурдофарид, пурсидани Сӯҳроб номи сардорони Эрон аз Ҳаҷир ва саропардаву дирафшҳои гуногуни ҳар як паҳлавони Эрон, разми Рустам бо Сӯҳроб, набарди Рустам бо девон, ҳафт хони Рустам, Пайдо шудани Зардушт ва пазируфтани Гуштосп дини ӯро, Ҳафт хони Исфандиёр, разми Исфандиёр бо Рустам, тадбир сохтани Ардашер дар кори подшоҳӣ ва монанди инҳо ба теъдоди зиёд чоп гардида, ба мардум дастрас ва ба китобхонаи муассисаҳои таълимӣ паҳн карда шавад.

Агар ба таърих назар афканем, пас аз ҳуҷуми арабҳо ва паҳн шудани дини ислом, дар асрҳои аввал тавре аз таърихномаҳо бармеояд (масалан дар Таърихи табарӣ) баробар ба қиссаҳои сомию арабӣ (исломӣ) таърихи ориёиҳо (аз Каюмарс то охирин шоҳи Сосонӣ Яздигурди III) низ дарҷ гардидааст, аммо дар асрҳои баъдӣ (масалан дар таърихномаи Равзатуссафо) дар бораи шоҳони ориёӣ умуман чизе гуфта намешавад. Бинобар ин, иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати нашру тақдими «Шоҳнома» дар роҳи бедории миллӣ ва баргаштан ба асли хеш низ таккони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Аҳаммияти омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон, махсусан марҳилаи ориёиро, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ онро бозгӯй менамояд, инчунин раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ ва таъсири манфии он ба фарҳанги миллӣ ошкор месозад. Рӯй овардан ба хотираи таърихӣ дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо ва бархӯрди тамаддунҳо гарави ҳифзи асолат ва соҳибихтиёрии миллии кишвар буда, омили ҳувиятсози худшиносии тоҷикон маҳсуб мегардад. Кишварҳои абарқудрат дар фазои бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда бо таъсиргузории манфиатҳои миллии худ, шароити соҳибихтиёрӣ, истиқлоли давлатию сиёсии кишварҳои рӯ ба рушдро таҳти фишангҳои устувори иқтисодию молиявӣ ва фарҳангӣ қарор дода, бо ҳар роҳу восита ба интиқоли иҷбории арзишу манфиатҳои худ машғул мебошанд. Ин вазъият рӯ овардани халқу миллатҳои тозабунёди соҳибистиқлолро ба таърихи хеш, ки дорои дастовардҳои бузурги барои замонҳои мухталиф созгор, қодир ба ҳифзи фарҳанг ва асолати миллии онҳо ба як амри ногузир ва тақдирсоз табдил додааст. Ҳамзамон, таҳлилу баррасии мавзуъҳои таърихии дорои табиати миллӣ дар шароити зуҳури бесобиқаи бархӯрди манфиатҳо воситаи муассири ҳифзи истиқлоли мафкуравӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ мебошад.

Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба таъриху фарҳанги миллӣ ва умуман илму маориф моро рўҳбаланд намуда водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи омӯзиши осори ҳувиятсози бузургони миллат ва таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таҳқиқу таълимро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши таърихии хонандагону донишҷўён тадбирҳои зарурӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар ин руҳия тарбия намудани насли навраси кишвар кўшиш ба харҷ диҳем.

Миҷгона ХОЛИНОВА,

мудири кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодии Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Фотеҳ РАСУЛОВ,

дотсенти кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодии Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Похожие записи