БУНЁДГАРИ СУЛҲ ВА ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

1023081978_0_0_2048_1157_2072x0_60_0_0_27d621eefcce9dc3345e43d2ed26655f

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик ба ҳисоб рафта, номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Ҳамчунин  набзи давлату миллати моро бо набзи саёра ҳамсадо месозад. Яке аз намояндагони шинохтаи ҳаёти ҷамъиятии Эрон Алиасғари Шеърдӯст навиштааст: “Дар Тоҷикистон дарёҳои хунин ҷорӣ мешуданд, аммо имрӯз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон обҳои мусаффо ҷорианд”.

Аз рӯзҳои нахустини истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳон бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмуда, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати навбунёди Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Дар натиҷа зиёда 150  ҳазор шаҳрвандонӣ мо ҷони худро аз даст дода, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд.

Даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншоотҳои иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд, ки зарари иқтисодии он ба 10 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надошт. Зеро бар асари он даҳҳо ҳазор занон аз шавҳарашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим мондаанд..

Аммо баъди ихтилофоту якдигарнофаҳмиҳо, дар ҳолате, ки тақдири миллати тоҷик ҳал мешуд, ба майдони сиёсат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шуданд ва аввалин коре, ки Пешвои миллат намуданд дақиқназарона, андешамандона, ботаҳаммул қувваҳои бо ҳам зид, ақидаҳои дар назари аввал оштинопазирро ба созиш оварданд ва ҳамин тавр 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама фаҳмонида тавонистанд, ки ба ҳам омадан ягона роҳи наҷоти ҷумҳурӣ  мебошад ва ҳамчунин пора- пора,  қисм- қисм нашудан низ гувоҳи тақдири баланди мо ба ҳисоб меравад ва имрӯз дар тамоми Тоҷикистон эътироф мешавад, ки мо сарвари муносиб дорем ва тамоми дунё эътироф менамояд, ки тоҷикон тавассути хираду тамаддуни қарнҳо боз гирдовардаи худ хеле тез ва сари вақт ба худ омаданду кишвари худро соҳибӣ намуданд.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангсолори тоҷик мебошад, ки сиёсати пешгирифтаи давлатро дар он рӯзҳои душвор самимонаву дилгармона дастгирӣ намуданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз назари воқеӣ ба оламиён нишон дод, ки ба роҳи сулҳу ваҳдат омадан мактаби ибратомӯз буда, барои ҳама халқу миллате, ки гирифтори ҷанг ва бесомониҳо мебошад, намунаи ибрат хоҳад буд. Аз ин лиҳоз таҷрибаи сулҳофаринии тоҷиконро метавон ҳамчун таҷрибаи нави сулҳи тамоми халқҳо ишора кард. Ба қавли  собиқ Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Анан “тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд”.

Бартарии аз ҳама арзишманди миллати тоҷик ин ба даст овардани сулҳ ва оштии миллӣ байни ҳамаи тоҷикистониён новобаста аз миллат, мавқеи сиёсӣ, эътиқоди динӣ ва мавқеи минтақавии аҳолӣ мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгари сулҳ ва таҳкимбахши ваҳдати миллӣ буда, хизматҳои барҷастаи ин фарзанди фарзонаи миллат ҳам дар дохилӣ кишвар ва ҳам дар миқиёси байналмилалӣ эътироф карда шудаанд.

Ҳамин тавр Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки бо шоҳроҳи бузурги сулҳу ваҳдат ба сӯи қуллаи музаффариятҳо қадам мегузорад. Ваҳдат ҳамчун муайянкунандаи бақои давлати миллӣ танҳо дар сурати ягонагиву ҳамбастагии тамоми мардуми кишвар дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва муносибатҳои некбинонаи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ташаккул меёбад.

Моҳинур АЛИЕВА,

магистранти Академия

Похожие записи