ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

қасри миллат

Ҳанӯз баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, ба миён омадани мушкилиҳои зиёд барои муайян сохтани як ҳукумати дорои дастгоҳи махсус, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро пазируфта бошад, саволҳо ва масъалаҳои гуногун ба миён гузошта шудаанд. Бояд қайд кард, ки баъди хулосаҳои зиёд ба ин нуқта расидан, ки ҳарчӣ зудтар қонуни асосии кишвар Конститутсияро бо роҳи райпурсӣ, бо ба инобат гирифтани ормонҳои миллии мардуми нав ба мустақилияти комили давлатӣ расида, қабул намоянд. Ин санади олии қонунгузорӣ, бо ҳадафу мақсадҳои гузошташуда, ниҳоят 06.11.1994 қабул карда шуд, ки минбаъд ба идома бахшидани роҳи эъмори давлати тозаистиқлолӣ рӯ ба рушд, заминаи воқеи гузошт.

Равшан гардидани ҳадафи аслии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳои баландро сазовор гаштани Конститутсияи қабул гардида, дар минтақа ва ҷаҳон, пеш аз ҳама аз мазмуни баланд доштани дебоча, моддаи 1-и он ва дар умум ҳама меъёрҳои аз ҷониби халқ ҷонибдор шуда буд. Агар ба се шохаи ҳокимият фикр кунем мебинем, ки ҳар яки он асосҳои ҳуқуқии таъсису фаъолият, санадҳо ва таҷдидҳои нави рушд, барои дар минбаъда фаъолияти давлатдорӣ, баҳри мутобиқ гардонидани он ба талаботи муосир барномаву консепсияҳои  навро қабул намуданд.

Ин ҷо чанд андешаро, зери ин мавод, дар бораи 2-юм шохаи ҳокимият, яъне ҳокимияти иҷроия баён менамоем.

Асосҳои ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти Ҳукумат. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ мебошад. Ҳукумат фаъолияти худро дар асоси усули дастаҷамъӣ амалӣ намуда, низоми мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатиро роҳбарӣ мекунад, фаъолият ва мутобиқати ҳамкории онҳоро таъмин менамояд. Ҳукумат дар ҳадди ваколатҳои худ иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро қисми таркибии қонунгузорӣ эътироф кардааст, таъмин намуда, аз ҷониби мақомоти иҷроия ба иҷро расонидани онҳоро назорат манамояд.

Мафҳуми ҳокимияти иҷроия ва нақши он дар ҳокимияти давлати мувофиқи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти иҷроия баъд аз ҳокимияти қонунгузор омадааст. Дар моддаи 9-уми Конститутсия омадааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлати дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Чунин таснифот асоси мустаҳками илмӣ дорад, яъне ҳокимияти иҷроия дар қиёс бо ҳокимияти қонунгузор характери зерқонунӣ дорад. Ҳамагуна фаъолият ва санадҳои мақомоти иҷроия бо қонун асоснок карда мешаванд ва набояд бо қонун мухолиф бошанд. Худи калимаи иҷроия маънои иҷро кардан ва анҷом додани амалеро дорад.

Яке аз аломатҳои ҳокимияти иҷроия униварсалӣ, ё худ куллӣ будани он аст. Яъне мақомоти ҳокимияти иҷроия дар тамоми қаламрави давлат, дар ҳама ҷо вуҷуд доранд ва онҳо маҳз бо ҳамин хусусияташон аз ҳокимияти қонунгузор ва судӣ фарқ мекунанд.

Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳатмист (қ. 1 м. 74 Конститутсияи ҶТ) Аз мазмуни сархати якуми моддаи 74 Конститутсия чунин бармеояд, ки Ҳукумат дар фаъолияти роҳбарии худ санадҳои ҳуқуқӣ-қарор мебарорад, фармоиш медиҳад ва иҷро кардани онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳатми мебошан. Яъне инҷо гап дар бораи ду намуди санади ҳуқуқии маъмурии Ҳукумат – қарор ва фармоиш, инчунин дар бораи эътибори онҳо дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ меравад.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12.05.2001 низ, муқаррар кардааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия, қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо ва фармоишҳо қабул менамояд, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамист.

Ҳукумати электронӣ. Дар зери мафҳуми ҳукумати электронӣ дар Консепсияи “Дар бораи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 30.12.2011 таҳти рақами №643 тасдиқ шудааст, шакли нави ташкил намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҳисоби истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ сатҳи нави фаврият ва муносиби аз ҷониби шаҳрвандон ва муассисаҳо дарёфтнамудани хизматрасониҳои  иҷтимоӣ ва иттилоот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин мекунад, фаҳмида мешавад.

Асоси ташаккули ҳукумати электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил шудан ба мақсадҳои зерин ташкил мекунад:

  1. баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
  2. баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд;
  3. сода гардонидани қоидаҳо ва кам кардани муҳлатҳои расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, инчунин кам кардани хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани ин хизматҳо вобастагӣ доранд;
  4. баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ;
  5. ташаккули системаи ягонаи табодули иттилоотӣ бо истифода аз захираҳои иттилоотии электронӣ ва пайвастшавии доимӣ ба система ва шабакаҳои маҳдуди баҳисобгирии алоқаи ҳамаи истифодабарандагон
  6. ҳавасмандкунии иқтисодии истифода аз интернет ва технологияҳои муосири технологӣ.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми талоши худро барои расидан ба авҷи давлатдории бузург мутобиқ ба замони муосир анҷом дода истодааст. Аз тамоми имконоти мавҷуда ба дар сатҳи хуб, истифода бурда шуда истодааст. Бо умеди зиёд метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик бо фатҳи ин ҳадафҳои бузурги асри техника ва технологияи замони муосир, бо дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳукумат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои-миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии халқи азизамон хоҳем расид.

Миҷгонаи ҶУРАХОН,

магистранти Академия

 

Похожие записи