Оилаи солим ҷомеаи солим

IMG_0502

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе семинар – тренинги омӯзишӣ таҳти унвони “Асрори оила” баргузор гардид.

Дар семинар – тренинги мазкур Аҳмадзода Зулфия – муовини ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ, Шарифзода Наргис – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инчунин, устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аҳмадзода Зулфия, зимни суханронии худ иброз дошт, ки миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкории хуб ба роҳ монда шудааст. Оила як рукни муҳими пойдории ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи оила таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад ва  дар ин радиф тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд. Мавсуф ҳамчунин таъкид бар он дошт, ки “бунёди оила масъулият ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд. Модар нахустин мураббии фарзандон буда, онҳоро дар мактаби оила ба камол мерасонад. Аз ин лиҳоз, ҳар модар бояд дар тарбияи фарзанд нақши муассир дошта бошад. Шарифзода Наргис, таъкид намуд, ки оила дар фарҳанги марудми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Таъкид шуд, ки пеш аз ҳама, маърифати оиладориро миёни ҷавонону навхонадорон бояд баланд бардошт. Аҳли ҷомеа, бахусус пирони таҷрибаандӯхтаву рӯзгордида, аҳли зиё, омӯзгорон ва доираҳои дигари ҷомеа бо мақсади омода кардани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, никоҳи хешутаборӣ корҳои тарбиявию таблиғотиро дар байни аҳолӣ бояд васеъ ба роҳ монанд. Волидон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба тарбияи фарзандони худ, беш аз ҳарвақта, эътибори ҷиддӣ диҳанд, маърифати оиладорӣ, маданияту одоби муошират омӯзонанд, то онҳо Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии шоистаи худ зеби даврон гардонанд.

Зикр шуд, ки Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти пешгири пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар ҳама минтақаҳои шаҳр пайваста бо оилаҳои осебпазир суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳад. Инчунин, раёсат ба муроҷиаткунандагону ҷабрдидагон пайваста маслиҳатҳои равонию ҳуқуқии ройгон мерасонад ва зери назорати доимии худ қарор медиҳад. Ҳамчунин, дар назди раёсат  ҳуҷраи  равоншиносону ҳуқуқдононҳо фаъолият намуда, ҳамарӯза ба шаҳрвандон ёрии  амалии худро расонда истодааст.

Масъулин ҳадаф аз гузарондани семинар – тренингро баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, либоспӯшии ҷавондухтарон, эҳёи суннатҳои миллии аҷдодӣ, пешгирӣ намудани никоҳи барвақтӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, шомилшавии ҷавонон ба равияҳои номатлуб ва ҳаракатҳои тундгаро  арзёбӣ намудаанд.

Дар охир ба иштирокчиёни фаъоли семинар – тренинг аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ифтихорнома супурда шуд.

Маркази матбуоти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Blog Attachment

Похожие записи