МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА МОЛИЯВИИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

depositphotos_168757378_stock_photo_view_from_hissar_fortress_tajikistan

Дар назарияи муосири худидоракунии маҳаллӣ захираҳои моддӣ ва молиявӣ ҳамчун омили воқеии амалишавии худидоракунии маҳаллӣ махсус қайд гардидаанд. Рушди самараноки низоми худидоракунии маҳаллӣ аз вазъи иқтисодӣ ва молиявии он вобаста буда, устуворӣ ва мустақилияти онро дар самти ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта таъмин менамояд.

 

Худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун ниҳоди арзишманд дар бартараф намудани мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии сатҳи маҳал нақши калидӣ дошта, барои беҳбуд бахшидани некуаҳволии аҳолӣ мусоидат менамояд. Аммо дар шароити муосир худидоракунии маҳаллӣ бинобар сабаби имкониятҳои маҳдуди иқтисодӣ ва молиявӣ наметавонад ба таври дахлдор функсияҳои иҷтимоӣ-фарҳангии худро иҷро намояд.

Моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 05.08.2009 сол, таҳти №549 сарчашмаҳои молиявии Ҷамоати шаҳрак ва деҳотро чунин муқаррар намудааст:

  • маблағҳои буҷетии шаҳрак ва деҳот;
  • маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар шакли кӯмаки молиявии беподош (дотатсия) ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) додашаванда.
  • маблағҳои хайрия;
  • даромад аз хизматрасонии пулакӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • даромад аз иҷрои ваколатҳои алоҳидаи вогузоршудаи давлатие, ки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот анҷом медиҳад;
  • даромад аз молу мулки шаҳрак ва деҳот;
  • даромад аз грантҳо ва сармоягузориҳо;
  • ва дигар манбаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Гарчанде ки муқаррароти моддаи мазкур озодона ихтиёрдорӣ намудани воситаҳои молиявии аз ҷониби давлат маблағгузоришавандаро ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ кафолат додааст, аммо муносибатҳои иқтисодӣ-молиявӣ, ки дар сатҳи худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба вуҷуд меоянд вобаста ба мазмунашон қариб пурра манфиатҳои умумидавлатро ифода менамоянд ва амалан аз ҳимояи манфиатҳои аҳамияти маҳаллидошта дур мераванд.

Қонуни мазкур мебоист номгӯйи пурраи моликияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро муқаррар намуда, дахлнопазирии онро кафолат медод. Мутаассифона, дар шароити имрӯза ин тарафи масъала аз доираи танзими қонунгузорӣ берун мондааст. Моликияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ як навъ моликияти ҷамъиятӣ буда, ба воситаи он масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ҳал карда мешаванд. Дар таносуб аз дигар шаклҳои моликияти оммавӣ, моликияти коммуналӣ бояд мавқеи хосро ишғол намуда бошад ва аз тарафи мақомоти давлат дар муносибат бо он набояд аз методҳои маъмурӣ ва хоҷагидории тақсимкунӣ ва азнавтақсимкунӣ истифода бурда шавад.

Моликияти дигар субъектони хоҷагидор, ки дар ҳудуди мақомоти худидоракунии маҳаллӣ қарор доранд барои самаранокии фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ нақши на он қадар муҳимро иҷро мекунанд. Дар солҳои охир раванди хусусигардонии корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳудуди ҷамоати шаҳрак ва деҳот қарор доранд, ба фоидаи ҷамоат сафарбар карда нашуданд. Дар навбати худ ҷамоати шаҳрак ва деҳот барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ ба раванди хусусигардонӣ ягон таъсир расонида наметавонад.

Баъди соҳибихтиёр шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар дигаргуниҳои гуногуни иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд. Одатан дар давраи гузариш ба сохти нави муносибатҳои иқтисодӣ ва бозоргонӣ гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ, ки дар зинаи мансабӣ қарор доштанд ва онҳое, ки дар ҷомеа нуфузи қумандон ва фармонфармоии гуруҳҳои мусаллаҳро дар ихтиёр доштанд моликият ва объектҳои коршоями аҳамияти иҷтимоидоштаи ҳудуди ҷамоати шаҳрак ва деҳотро қисман худсарона ва қисман бо суистифода аз Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе асос ва ғайриқонунӣ хусусӣ гардониданд.

Дар натиҷаи чунин хусусигардонии беасос ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот аз моликияти худ, ки сарчашмаи ягонаи молиявии он ба шумор мерафтанд, маҳрум гардиданд. Ногуфта намонад, ки ҷамоатҳо аз маблағи объектҳои хусусигардонидашуда ҳатто ягон дирам фоида надиданд. Ҳамаи ин маблағҳо ба буҷети ноҳия ва буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардиданд, ки худи онҳо низ аз раванди хусусигардонӣ на он қадар даромади калон бардоштанд.

Бояд қайд намуд, ки моликияти коммуналӣ моликияти давлатӣ намебошад ва он набояд дар рӯйхати объектҳои хусусигардонӣ қарор гирифта бошад. Мувофиқи банди 6 Низомнома дар бораи «Азнавташкилкунии корхонаҳо ва ташкилотҳои хоҷагии қишлоқ» (от 15 апреля 2003 г.) ҳангоми азнавташкилдиҳии шахсони ҳуқуқӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот объектҳои таъиноти иҷтимоӣ-фарҳангӣ бояд ба моликияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дохил карда мешуданд. Дар раванди хусусигардонӣ моликияти аҳамияти умумиҷамъиятӣ дошта, ки дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот қарор доштанд, ба инфрасохтори иқтисодии он зарари ҷиддӣ ворид намуд. Аксарияти обеъктҳо бо шартҳои азнавбарқароркунӣ, истифодабарии мақсаднок вобаста ба таъиноташон расман хусусӣ гардонида шуданд. Аммо дар амал баъд аз барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо объектҳои хусусигардонидашуда бидуни таъиноти ислеҳсолӣ ғайримақсаднок истифода шуданд. Ба ивази онҳо объектҳои ғайриистеҳсолӣ, ба монади мағоза, тарабхона ва хонаи истиқоматӣ бунёд карда шуда, бо нархи чанд баробар гаронтар ба якчанд шахс аз даст ба даст фурухта шуданд. Аз шумораи умумии корхонаҳое, ки дар миқёси ҷумҳурӣ хусусигардонида шуда буданд 49,5% он ба нуқтаҳои савдо 49,5% ба таъиноти хуроки ҷамъиятӣ ва 34,8% – он ба объектҳои таъинотихизматрасонии маишӣ рост меояд. Чунин хусусигардонии «мақсаднок» бо ибораҳои гуногун ба монанди: моликияти бесоҳиб, мавҷуд набудани имконият барои азнавбарқароркунӣ ва ё мавҷуд набудани маблағ барои аз таъмир баровардани он ба роҳ монда шуд. Бояд қайд намуд, ки аз чунин хусусигардонии беасос буҷети давлат низ на он қадар даромади калон бардошт, балки фоидаи бештарро бюрократҳо соҳиб гаштанд.

Мувофиқи моддаи 27 Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» лоиҳаи буҷети шаҳрак ва деҳот аз рӯи манбаъҳои даромад ва самтҳои хароҷот бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби Ҷамоат баррасӣ ва дар шакли қарор қабул карда мешавад. Қисми даромади буҷети шаҳрак ва деҳот бошад аз ҳисоби даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ташаккул меёбад. Ба даромади буҷети шаҳрак ва деҳот маблағҳо аз ҳисоби андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ дохил мешаванд. Даромадҳои ғайриандозӣ аз мусоидати молиявӣ (субвенсия), пардохтҳои ихтиёрӣ, даромадҳои хизматрасонии пулакӣ ва даромадҳо аз ҳисоби амалисозии ваколатҳои алоҳидаи давлатӣ, ки ба зиммаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вогузор шудаанд, инчунин аз дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манъ накардаанд, иборат мебошанд.

Манбаҳои асосии буҷети шаҳрак ва деҳотро маблағҳое, ки ҳамасола дар шакли дотатсия ва субвенсия аз буҷети шаҳр ва ноҳия ҷудо мешаванд, ташкил медиҳанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки маблағҳои аз буҷети шаҳру ноҳия додашаванда танҳо ба сифати маош ба кормандони ҷамоат тақсим карда мешаванд ва фарогири ҳаллӣ масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маишии аҳолии маҳал нестанд. Масалан,Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба бехатарии зидди сухтор, чорабиниҳо оид ба нигоҳдории ҳифзи саломатии аҳолӣ, гузаронидани чорабиниҳои маъданӣ-равшанамоӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсӣ, бунёд намудани маҷмааҳои варзишӣ ва беҳтар намудани шароитҳои моддӣ ва маишии оилаҳои камбизоат, маъюбон, модарони танҳо ва шахсони аз офатҳои табиӣ зарардида, инчунин гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҷашнгирии идҳо ва ғайра воситаҳои молиявро бо пешниҳоди дархост аз буҷаи ноҳия ва ё шаҳр дастрас мекунанд. Аммо мутаассифона аз буҷаи ноҳия ва шаҳр барои гузаронидани чорабиниҳои мазкур на ҳама вақт маблағ ҷудо карда мешавад.

Худидоракунии маҳаллӣ тадриҷан мазмуни худро бо сабаби пайваста дар шакли кӯмаки молиявӣ ва мусоидати молиявӣ маблағгузорӣ шудани фаъолияти Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот гум намудааст. Онҳо дар фаъолияташон бештар тобеи ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияташон характери фармоишӣ ва иҷроиши супоришу нақшаҳои аз боло додашавандаро касб намудааст. Масъалаи асосӣ дар он ҷой дорад, ки Ҷамоати шаҳрак ва деҳот мустақилона ва бо салоҳдиди худ ташкил, тақсим ва истифодабарии воситаҳои молиявии худро бо сабаби надоштани буҷети худӣ надорад.

Дар шароити имрӯз аз рӯйи таҳлили натиҷаҳои назарсанҷӣ байни кормандони дастгоҳи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ масъалаи асосӣ ин муносибатҳои буҷетӣ мебошад. Ҷамоати шаҳрак ва деҳот буҷети худро надоранд ва тамоми хароҷот дар асоси сметаи хароҷотҳо барои як соли молиявӣ аз ҳисоби буҷети ноҳиявӣ / шаҳрӣ пӯшонида мешавад.

Дар бисёр ҳолатҳо ҳангоми таҳия ва тасдиқ намудани сметаи хароҷот барои ҳал намудани масъалаҳои ҷойдошта диққати ҷиддӣ дода намешавад. Бинобар ин, мушкилоти асосӣ дар сатҳи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ин маҳдуд будани сарчашмаҳои молиявӣ дар нисфи ҷамоатҳои кишвар мебошанд ва аз сеяки ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар фаъолияти худ мустақил нестанд. Дигар масъалаи асосие, ки дар назди мақомоти худидоракунии маҳаллӣ меистад ин мавҷуд набудани буҷети мустақил ва дар зери назорати қатъии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани буҷети ноҳияҳо (шаҳрҳо), аз ҷумла сметаи хароҷоти ҷамоати шаҳрак ва деҳот мебошад. Инҷунин қайд намудан зарур аст, ки ҳамаи воситаҳои молиявӣ қисман дар асоси сметаи хароҷот аз суратҳисоби хазинаи ягонаи давлат пардохт карда мешавад. Дар баробари ин, рушди нобаробари иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳудудҳои ҷамоатҳоро дида мешавад.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 21 Қонуни 2009, №549 «Раиси ҷамоат дар доираи салоҳияти худ метавонад корхонаҳои хурд, кооперативҳо, устохонаҳо, сехҳои ҳунарҳои халқӣ ва дигар ташкилотҳоро мутобиқи қонунгузорӣ таъсис диҳад». Гарчанде ки қонун ин муқарраротро ба салоҳияти раиси ҷамоат ворид намудааст, аммо он бештар мазмуни иқтисодии худи мақомоти худидоракунии маҳаллиро ифода мекунад ва мебоист ба салоҳияти худи Ҷамоат дохил шуда, ҳамчун яке аз манбаъҳои молиявӣ дар моддаи 26 нишон дода мешуд. Бо вуҷуд ин, Ҷамоати шаҳрак ва деҳот бо сабаби надоштани захираҳои иқтисодӣ-молиявӣ наметавонанд кооперативҳо ва корхонаҳои хурди истеҳсолиро таъсис ва маблағгузорӣ намоянд. Танҳо қисми хурди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот корхонаҳо ва ташкилотҳои дар наздашон таъсис додашударо маблағгузорӣ мекунанд, аксарияти ҷамоатҳо бошанд чунин имкониятро надоранд. Чунки ҳамаи андоз ва пардохтҳо аз шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратие, ки дар ҳудуди ҷамоатҳо қарор доранд низ пурра ба буҷети шаҳр ва ноҳия ворид мегарданд.

Маблағҳои ихтиёран додашавандаи корхона ва муассисаҳои дар ҳудуди ҷамоатҳо фаъолияткунанда хусусияти доимӣ надоранд. Онҳо бештар вақт бо супориши мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар рӯзҳои ид ва ё дигар чорабиниҳо эҳсонкорӣ менамоянд. Аз ин рӯ, фаъолияти ин корхонаҳо на ҳама вақт ба манфиати ҷамоатҳо равона гардидааст.

Аксарияти (65%) Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот кӯшиш менамоянд, ки дар ояндаи наздик буҷети ҷамоати худро дошта бошанд ва ҷамоат худ мустақилона дар ҷараёни буҷетӣ лоиҳаи буҷеташро таҳия ва қабул намояд. Аммо ин корро бидуни аниқ муайян намудани феҳрасти моликияти худидоракунии маҳаллӣ, коркард намудани механизмҳои ташкил ва дарёфт намудани сарчашмаҳои иловагии буҷети Ҷамоат, бе озмоиши пешакӣ ва бе роҳбариву дастгирии методологии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал баровардан ғайриимкон мебошад.

Аз рӯи Қонуни қаблии (собиқ) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунӣ дар шаҳрак ва деҳот», ки 1 декабри соли 1994 қабул шуда буд ва имрӯз эътиборӣ ҳуқуқӣ надорад Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот воситаҳои пулии худро дар суратҳисобҳои худ бидуни тасаруф шудани онҳо аз ҷониби давлат дар бонкҳо нигоҳ медоштанд. Аммо баъд аз он ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 5 августи соли 2009, таҳти № 549 бо тарҳи нав қабул гардид ва ҳамчунин низоми ягонаи хазинадорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот аз имконияти мустақилона ихтиёрдорӣ ва хароҷот намудани воситаҳои молиявии худ маҳрум гардиданд.

Бо тадриҷ ҷорӣ гардидани низоми ягонаи хазинадорӣ аз 1 июли соли 1997 ҳамаи муассиаҳои буҷетии ба низоми ягонаи хазинадорӣ гузаштанд. Ҳамаи намудҳои суратҳисобҳои муасиссаҳои буҷетӣ, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешуданд, қатъ гардида, ба ҷойи он суратҳисоби ягонаи хазинадории маҳаллӣ барои даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ кушода шуд. Дар амал татбиқ гардидани чунин низом агар аз як тараф назоратро барои мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷет пурзур ва омилҳои коррупсиониро то андозае ҷилавгирӣ намуд, аз тарафи дигар бошад Ҷамоатҳоро аз ҳуқуқи кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва ихтиёрдории маблағҳояшон маҳрум сохт.

Таҷрибаи кишварҳои пешрафта собит намуд, ки аз марказ идора ва ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта, ҳамчунин баррасӣ намудани масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявии худидоракунии маҳаллӣ ғайрисамаранок ва пурмасраф мебошад.

Бинобар ин, давлатро зарур аст, ки барои самаранок ташкил намудани фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ислоҳоти иқтисодӣ ва молиявиро гузаронад ва барои худамалишавии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот шароит ва имкониятҳои воқеиро фароҳам орад. Ин гуна ислоҳот метавонад сарбории молиявии буҷети давлатро сабук гардонида, вазъияти иқтисодиёти дохили кишварро беҳтар намояд. Натиҷаи он метавонад ба ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот сатҳи баланди ғайримутамарказ буданро ҳангоми қабул намудани қарор ва идоракунии мустақили молиявиро таъмин гардонад.

Заминаи ғайримутамарказ гардонидани низоми буҷетии ҳама гуна мақомотро – ин тартиби дуруст тақсим намудани функсияҳо ва масъулият оид ба хароҷоти ҳар як сатҳи идоракунии буҷетӣ ташкил медиҳад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар кишвар ду шакли ваколатро дар сатҳи идоракунии давлатӣ муқаррар намудаанд.

Сатҳи аввал, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки қарорҳо ва супоришҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатиро дар сатҳи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо амалӣ мегардонад.

Сатҳи дуюми идоракунӣ бошад – ин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад, ки ғайр аз ваколатҳои истисноӣ, ҳамчунин ваколатҳои вогузоркардашудаи мақомоти ҳокимияти давлатиро дар сатҳи шаҳрак ва деҳот амалӣ менамояд.

Дар доираи салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан мудофиа, амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, маблағҷудокунӣ барои нигоҳдории муассисаҳои маориф, тандурустӣ, ки бевосита аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, дохил мешаванд. Масъулият барои идоракунӣ ва молиякунонӣ ба уҳдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, ки тавассути мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи вилояту ноҳияҳо онро амалӣ мегардонанд.

Дар ихтиёри мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ваколатҳои истисноӣ дар самти назорати истифода ва ҳифзи заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияти Ҷамоат, ҷалби аҳолӣ барои гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, андешидани чораҳо оид ба беҳбуд бахшидани шароити манзилию маишии аҳолӣ, ҳифзи саломатӣ, муҳофизати муҳити зист, – ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта (нигоҳдорӣ ва ободонии роҳҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, манбаҳои обтаъминкунӣ, бозорҳои худӣ, инчунин нигоҳдории қабристонҳо ва таъмини тозагии маҳал аз партовҳо), тасдиқи қоидаҳо оид ба амалӣ намудани онҳо ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар баробари доштани ваколатҳои истисноӣ, ҳамчунин ҷиҳати иҷро ва амалӣ намудани ваколатҳои зерини мақомоти ҳокимияти давлатӣ масъул мебошад:

  • мусоидат дар мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ;
  • назорати иҷрои қоидаҳои низоми шиносномавӣ ва мутобиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ ва азқайдбарории шаҳрвандон;
  • баҳисобгирии оилаҳои камбизоат ва ташкили дастгирии иҷтимоии онҳо;
  • сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мутобиқи қонунгузорӣ;
  • анҷом додани амалиёти алоҳидаи нотариалӣ мутобиқи меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»;
  • ба шаҳрвандон додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷои зист, вазъи оилавӣ ва ҳолатҳои дигар;
  • мусоидат дар ташкили даъват ба хизмати ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳарбӣ;
  • таъмини чораҳои зарурӣ барои ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ, пешгирии касалиҳои ҳайвонот, муҳофизати ҷангал ва буттазорҳо;
  • таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба муҳофизати муҳити зист;
  • мусоидат ба ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳо;
  • мусоидат ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
  • дигар ваколатҳое, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шудаанд.

Вогузории ваколатҳои алоҳидаи давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаи тарафҳо бо маблағгузории ин ваколатҳо сурат мегирад. Дар амалия вобастагии зичи фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ аз қарорҳои ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ба мушоҳида мерасад. Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар амалия бештар нақши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро иҷро менамоянд. Қонунгузор ваколатҳоро дар маҷмӯъ тақсим намуда, онро барои ҳар як сатҳи ҳокимият ба таври мушаххас муайян накардааст. Байни онҳо танҳо принсипи тобеият пешбинӣ карда шудааст, ки дар заминаи он шафофият, кафолати сифати хизматрасонӣ ва таъминоти баробари молиякунонии ваколатҳои вогузоркардашуда дар бештар ҳолатҳо ҷой надорад.

Муносибати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти муносибатҳои молиявӣ шакли омехтаро касб намудааст. Масалан, мувофиқи қ. 1. моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои амалӣ намудани вазифаҳои онҳо мусоидат менамоянд ва тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ ва иқтисодӣ мерасонанд. Аммо дар асоси кадом механизм ва барои иҷрои кадом вазифаҳо ба мақомоти худиддоракунии маҳаллӣ мусоидати молиявӣ мерасонад, ба таври мушаххас дар қонунгузорӣ муайян карда нашудааст.

Дар қисми 2-уми моддаи 6 –уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» бошад муқаррар карда шудааст, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ метавонад татбиқи ваколатҳои алоҳидаи худро ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар асоси шартнома ва бо маблағгузории ин ваколатҳо вогузор намояд. Чи тавре ки аз рӯи натиҷаҳои пурсишҳои сотсиологӣ муайян карда шуд, муқаррароти ин модда аксар вақт воқеияти амалӣ надорад ва дар бисёр ҳолатҳо ин ваколатҳо бидуни маблағҷудокунӣ ва ҳатто аз ҳисоби маблағҳои буҷети худи Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешаванд.

Ба таври аниқ аз ҳам ҷудо нашудани хароҷот ва масъулияти буҷетӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ имконият медиҳад, ки:

  • назорати молиявиро аз болои Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ба амал бароварда, онҳоро ба воситаи мудирияти давлатӣ идора намояд;
  • бе назардошти вазъи моддӣ ва молиявии Ҷамоати шаҳрак ва деҳот барои иҷро вогузор намудани ваколатҳои давлатӣ;

Аз ин хотир, метавон қайд намуд, ки ҳаҷми ваколатҳои вогузоркардашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо назардошти такрории ваколатҳо на ҳама вақт бо хароҷоти ин ваколатҳо мувофиқат мекунад. Ҳамчунин дар қонунгузорӣ механизмҳои ҳавасмандгардонии иштироки ҷомеаи маҳаллӣ барои иҷрои ваколатҳои вогузоркардашудаи ҳукумати вилоят ва ноҳия коркард карда нашудааст.

Мавриди зикр аст, ки нисфи фаъолияти меҳнатии кормандони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот барои иҷрои ваколатҳои вогузошташудаи давлатӣ равона шудааст. Аммо мутаассифона нисфи ин ваколатҳо аксар вақт маблағгузорӣ карда намешаванд ва аз ҳисоби хароҷоти маблағҳои худи ҷамоатҳо иҷро карда мешаванд.

Нокифоя маблағгузорӣ шудани институти худидоракунии маҳаллӣ ба фаъолияти самараноки ташкилӣ ва сохтории он низ таъсири манфӣ расонидааст. Аксарияти раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот қайд мекунанд, ки ҷамоати шаҳрак ва деҳот ба коркунони штатии иловагӣ ниёз дорад. Дар шароити маҳдуди молиявӣ ва иқтисодии ҷамоатҳо ҷудо намудани штати иловагӣ хеле душвор мебошад.

Бояд қайд намуд, ки нигоҳ доштани ҳаҷми кор бидуни зиёд намудани штати кормандон метавонад ба вайрон шудани интизоми меҳнатии кормандон ва берун баромадан аз доираи давомияти вақти корӣ оварда расонад.

Бо сабаби мавҷуд набудани воҳиди корӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории иловагӣ Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот наметавонанд мутахасисони заруриро кироя намоянд. Дар ин самт масъалаи асосӣ дар атрофи базаи модӣ-молиявӣ меистад. Агар ҳамаи ҷамоатҳо бо сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ таъмин мебуданд, он гоҳ зарурат барои ҷудо кардан ё накардани воҳиди корӣ ҷой намедошт, чунки ҷамоатҳо метавонистанд дилхоҳ мутахасисро бидуни ҷудо намудани воҳиди корӣ киро намоянд. Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоте, ки вазъи моддӣ ва молиявиашон нисбатан хубтар мебошанд, мутахассисони соҳавӣ ва кормандони техникиро кироя мекунанд, нисфи зиёди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот аз қувваи кироя истифода менамоянд, ки бештари онҳо кормандони техникӣ, ва мутахасисони соҳавӣ мебошанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар самти ислоҳоти худидоракунии маҳаллӣ зиёда аз 10 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки паҳлуҳои фаъолияти онро танзим менамоянд:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», аз 5 январи 2008 с., таҳти № 347;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, аз 5 августи 2009с., таҳи № 549;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ”, аз 21 июли соли 2010, таҳти № 626;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 28 июни соли 2011, таҳти № 723.

Бояд қайд намуд, ки дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии зикргардида оид ба вазъи моддӣ-молиявии мақомоти худидиракунии маҳаллии шаҳрак ва деҳот меъёрҳо ва механизмҳои мушаххаси ташаккули даромад ва хароҷоти буҷети ҷамоатҳо нишон дода нашудааст.

Вобаста ба ин мавзуъ номукаммалӣ дар чунин масъалаҳо бештар дида мешаванд:

  • ба таври аниқ мавҷуд набудани ҳудудгузории функсияҳо ва ваколатҳо байни мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ҳокимияти давлатӣ;
  • номукаммалии муносибатҳои буҷетӣ дар шароити ғайримутамарказ гардонидани муносибатҳои молиявӣ;
  • сарчашмаҳои маҳдуди даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ, ки доираи фаъолият ва имкониятҳои Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳотро танг мекунад;
  • мушкилот дар ҷамъоварии андозҳои ба нақша гирифташуда. Шумораи бисёри андозсупоранда ҷой доранд, аммо маблағи пардохтҳои андозии онҳо хеле ночиз мебошанд. Чунки дар сатҳи маҳал нерӯи инфрасохторӣ (шахсони ҳуқуқӣ) заиф мебошад ва ба сифати андозсупорандагон бештар шахсони воқеъӣ баромад мекунанд.
  • номуназамӣ ва суст будани ояндабинӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ» ва сметаи хароҷоти буҷети Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ки барои банақшагирӣ ва ояндабинии миёнамуҳлат монеа эҷод мекунад;
  • номутаносибии тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ дар кишвар.

Ба ақидаи коршиносон бисер хуб мешуд, агар санади алоҳидаи меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои молиявӣ, бо назардошти нерӯи иқтисодӣ ва молиявии сатҳи маҳал бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои иқтисодӣ ва молиявии мақомоти худидоракунии маҳаллии шаҳрак ва деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад. Дар заминаи қабул гардидани ин қонун низоми муносибатҳои буҷетӣ байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз нав дида баромада мешаванд. Бо мақсади кам намудани таваккалҳо ҷиҳати устувории анбӯҳи молиявӣ зарур аст чорабиниҳо оид ба тадриҷан ғайримутамарказ гардонидани муносибатҳои буҷетӣ-хазинадорӣ дар шаклӣ ҳал намудани вазифаҳои зерин гузаронида шаванд:

  • таъминоти минималии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот коркард карда шавад;
  • стандартҳои минималии иҷтимоӣ барои муассисаҳо дар доираи буҷетҳои Ҷамоати шаҳрак ва деҳот коркард карда шавад;
  • бо роҳи таҳлил намудани андозҳои умумиҷумҳуриявӣ ҳиссаи андозҳо барои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ муайян карда шуда, тағйирнопазирии он барои муҳлати муайян мувофиқи қонунгузорӣ муқаррар карда шавад;
  • манбаъҳои маблағгузории маҳаллии воҳидҳои дигари маъмурии давлат (ноҳия ва вилоят), ҳамчун мақомоти ҳудудии ҳокимияти иҷроия муайян карда шаванд;
  • зиёд намудани нерӯ, асосҳои институтсионалӣ ва баланд бардоштани ҳисоботдиҳии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчун гирандагони даромадҳои андозӣ ва грантҳо.

Хулоса, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бо сабаби надоштани захираҳои молиявӣ наметавонад ба таври дахлдор функсияҳои асосии худро ба мисли, мусоидат ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳудуди ҷамоати шаҳрак ва деҳот иҷро намояд.

Барои бартараф намудани оқибатҳои манфии хусусигардонии моликияти давлатӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот пешниҳод карда мешавад:

Якум, эълон намудани моратория нисбати хусусигардонии объектҳои иҷтимоие, ки дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот қарор доранд;

Дуюм, ба рӯйхати молу мулке, ки хусусигардонида намешавад ворид намудани обеъктҳои таъиноти иҷтимоӣ-фарҳангии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;

Сеюм, дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил намудани комиссия оид ба санҷиши натиҷаҳои қонунӣ, асоснок ва мақсаднок хусусигардонии объектҳои таъиноти иҷтимоӣ-фарҳангии шаҳрак ва деҳот. Инчунин дар асоси хулосаҳои комиссия қабул намудани қарор оид ба бекор намудани қарорҳои ғайриқонуние, ки дар асоси онҳо обеъктҳои таъиноти иҷтимоӣ-фарҳангии маҳаллӣ хусусӣ гардиданд;

Чорум, барои барқарор ва самаранок истифода намудани объектҳои таъиноти иҷтимоӣ-фарҳангии худидоракунии маҳаллӣ ин объектҳо бояд бе ҳуқуқи хусусигардонидани онҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иҷора дода шаванд.

Ҳангоми ба даст овардани мустақилияти молиявӣ раванди инкишофи худидоракунии маҳаллӣ метавонад босуръат пешрафт намояд ва аз ҷониби аҳолӣ ҳамчун мақоми асосӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, иштироки воқеии онҳоро дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта таъмин менамояд, шинохта шавад.

 

Зоҳир ҚОДИРОВ,

н.и.ф., дотсенти кафедраи

психология ва сотсиология идоракунии Академия

Ғолиб АМИНҶОНЗОДА,

ассистенти кафедраи дипломатия

ва муносибатҳои байналмилалии Академия

Похожие записи