ВАТАНДОРӢ – МЕРОС АЗ НИЁГОН

Томирис ва Маздак, Муқаннаъ ва “сафедҷомагон”, Маҳмуди Торобиву “сарбадорон” ва даҳҳо абармардоне, ки ҷоннисорони сарзамини аҷдодӣ буданд, имрӯз вирди забони наслҳо ҳастанд. Ба онҳо боварӣ буд, зеро сарояндаи ҷавҳари аслии инсонӣ — сарояндаи тинати поку адлу адолат, ватандӯсту меҳансоз буданд, қарнҳову асрҳо, садсолаҳову даҳсолаҳо ба коми таьрих рафтанд, вале номи ин фардони миллат дар сафҳаи зарҳалини ҳастӣ ҳаст, зеро барои озодии ҳамватанон, ҷон дар каф мубориза мебурданд.

 

Бо гузашти айём баҳорҳо хазон ва хазонҳо баҳор шуданд, давлатҳо аз байн рафтанду наслҳо иваз шуданду имрӯзҳо ба ояндаҳо табдил меёбанд, вале номи чунин ватансозону ватанхоҳон ҳанӯз зиндаву ҷовид аст, зеро пояндагиро месуруданд ва ватандориро медонистанд.

 

Ватандорӣ дар ҳар давру замон, дар ҳар вақту айём муҳимтарин мавзӯъ будааст, зеро ватандорӣ — ояндадорӣ, фардои неки наслҳо аст. Имрӯз низ дар асри нав, ки онро асри кайҳон, асри илму техника, асри технологияи ҷадид ном мебаранд, ватандорӣ ҳамоно мавзӯи рӯз аст ва зиёда аз он, дар ин даврони бозиҳои геополитикии давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, ватандорӣ беш аз пеш муҳим ва арзандатарин арзиш аст.

 

Ман як духтари Кӯҳистон ҳастам!.Аз тоҷикони муқими минтақаи куҳии Ватан. Дар рӯзи сахти Ватан зан ё мард будан муҳимият надорад, дар рӯзи сахти Ватан зану марди Ватан — ҳамагон фарзанди Ватан ҳастанд. Аз ин рӯ, мо ҷавондухтарони асри ХХI низ аз Гурдофарид камӣ надорем, Гурдофариди замони худ ҳастем. Агар лозим шавад, дар як лаҳза ба Томириси замони худ  табдил хоҳем ёфт.

 

Сабзалиева Фарзона,

мутахассиси пешбари раёсати

робитаҳои байналмилалии Академия

Похожие записи