Иштироки устодону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ дар форуми ҷумҳуриявӣ

3

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон” баргузор гардид.
Форуми мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар он намояндагони ташкилоту муассисаҳо, Прокуратура, кормандони суд, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷавонони фаъоли вазорату идораҳо, коршиносони соҳа, олимону муҳаққиқон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон форумро ифтитоҳ намуда,иброз дошт, ки имрӯз ҷавонони саодатманди кишвар дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳо фаъолияти пурсамар дошта, барои рушди ояндаи давлат ва ҳимояи марзу буми Ватани азизамон бо қадамҳои устувор пеш мераванд. Хушбахтии ҷавонони тоҷик пеш аз ҳама дар он аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил умр ба сар бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои ҷавонпарвари хеш, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат бастаанд.
Иштирокчиёни дигари форум иброз доштанд, ки ҷавононро месазад, дар дилу вуҷуди худ ҳамеша андешаи ояндаи давлату миллатро дошта бошанд, бо эҳсоси меҳанпарастӣ ҳомии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои неки марзу буми хеш бошанд. Ҳамзамон ба муқобили ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва ақидаву андешаҳое, ки барои рушди мамлакат монеагӣ эҷод мекунад, муборизаи беамон баранд ва ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд.
Гуфта шуд, ки форуми имрӯза бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризму экстремизм барои солҳои 2016-2020 ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризму экстремизм ҷиҳати таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ равона шудааст.
Форуми мазкур бо мақсади пешгирии ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, пешгирӣ аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, пешгирии роҳҳои муосири терроризм ва экстремизму ифротгароии динӣ дар миёни ҷавонон доир гардида, иштирокчиён даъват ба амал оварданд, то тамоми сокинон дар роҳи мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб фаъол бошанду ҳимоятгари арзишҳои миллӣ.
Пас аз суханрониҳои ифтитоҳӣ дар нимаи дуюми рӯз қисмати дуюми кори форум дар шаш бахши алоҳида дар мавзӯъҳои “Роҳ ва усулҳои муосири пешгирӣ аз таҳдидҳои замони муосир бахусус терроризм ва экстремиз миёни ҷавонон», «Ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят миёни ҷавонон: сабабҳо ва роҳҳои пешгирӣ», «Таҳкими тарзи ҳаёти солим», «Муҳоҷирати меҳнатӣ миёни ҷавонон: ҷанбаҳои мусбат ва манфӣ», «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо таҳдидҳои замони муосир», «Истифодаи самараноки ТИК омили пешрафт ва суботи ҷомеа», «Оммавияти варзиш роҳ ба сӯйи муваффақиятҳои олимпӣ ва таъмини солимии ҷомеа», «Таҳкими тарбияи ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон» идома ёфта, мавзуъҳои мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавриди зикри хос аст, ки дар форуми мазкур зиёда 80 нафар устодону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар мавзуҳҳои гуногун маъруза намуданд.

Ҳамчунин дар охири ҳамоиш мудири бахши кор бо ҷавонони Донишкада Абдулвоҳидова Насиба Фарҳодовна барои иштироки фаъолона дар Форум бо “Сипоснома”-и Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Аксҳо

Похожие записи