НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ МУБОРАК!
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Табрикоти Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз
Устодону кормандон гиромӣ ва донишҷӯёну магистрантони азиз!
Ҷашни фархунда ва бостонии миллиамон – Наврӯзи ҷаҳониро, ки бо пайки накӯ ба табиати куҳандиёрамон ҳусни нав, ба хонадони мардуми кишварамон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб ҳадия меорад, самимона таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям.
Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.
Наврӯз аз аҳди бостон то ба имрӯз тимсоли пирӯзию рӯшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, рамзи эҳёи табиат, оламу одам, ривоҷи дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меоварад».
Наврӯз на танҳо иди баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мегардад. Зеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамоянд.
Ҳамзамон, Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.
Дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст.
Бо заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз аз замони қадимтарин то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди фарҳанги миллӣ ва таҳкими маънавиёти ҷомеа, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дастгириву рушди суннату ойинҳои бостонии халқамон, хосса расму ойинҳои наврӯзӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, байни донишҷӯёну магистрантон, махсусан дар давраи омодагӣ ба Наврӯз озмунҳои мухталиф ва чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ доир карда мешавад.
Итминон дорам, ки устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар оянда низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон, рушди маънавиёти ҷавонон, рӯзгори боз ҳам осудаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азизамон бо ҳисси баланди милливу ватандорӣ саъю талош хоҳанд кард.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар фарорасии Соли нави миллӣ – ҷашни байналмилалии Наврӯзро бароятон самимона табрик гуфта, орзумандам, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадон ва сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад.
Итминони комил дорам, ки Наврӯзи имсола барои миллати точик саодату нусрати нав ва барору комёбиҳои тоза меоварад ва ҷашни пуршукӯҳу бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол бигирем.
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак!