НАҚШИ РОҲБАРИ СИЁСӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф дар масъалаи идораи давлатӣ аз ҷомеаҳои тавсеаёфта фарқ мекунанд, чунки рушди техника ва рафъи ниёзҳои шаҳрвандӣ дар кишварҳои Ғарб низоми сиёсии онҳоро дар сатҳи ҳангуфте такмил додаанд. Дар чунин авзоъ, ки аз як ҷониб ҷаҳонишавӣ чун натиҷаи буҳрони ҳувиятҳои фарҳангии хос ба миллатҳову кишварҳои рӯ ба тараққӣ таҳмил мегардад, ҷониби дигар ин аст, ки дар ҷомеаҳои рӯ оварда ба рушди иқтисодӣ омилҳои “ғарбзадагӣ”, бахусус дар тафаккури ҷавонон нуфузи бештар дорад. Бинобар ин, роҳбари сиёсии давлат бояд ба арзишҳои башарӣ ва маниши миллӣ эътимод дошта бошад.
Инҷо дар иртибот бо паёмадҳои сиёсии ғайримуқаррарӣ дар минтақа зарур медонем Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун намунаи роҳбари сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем. Дипломатияи хос ба фаъолияти роҳбарии Президенти давлати тоҷикон аз ин пешомадҳо ногувору гуворо гувоҳӣ медиҳад, ки ба ҳеҷ кишваре мавқеи дахлпазирро шоиста намебинад ва ҳамчунин дар ҳеҷ сурат нахоҳад гузошт, ки аҷнабие дар умури дохилаи кишвараш дахолат дошта бошад.
Барои исботи ин ақида метавон марзи мамлакатро бо ҳамсоякишвар дар шимоли Тоҷикистон ва масъалаи тақдими ҳокимият ба гурӯҳи ноқис дар Афғонистон мисол овард. Эмомалӣ Раҳмон то кунун ягона роҳбарест, ки пайваста як мавқеъро нисбат ба “Толибон” пайгирӣ мекунад ва лаҳзае барои тағйир додани мавқеи хеш фикр накардааст. Чаро Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз ҷониби ӯ дастгирӣ ёфт? Шояд аксар чунин пиндоранд, ки Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ҷиҳати тоҷик будан истиқбол кардааст, аммо ҳақиқати аҳвол чунин нест ва чизе, ки барои инсони солимфикр аз лавозим маҳсуб мешавад, ин аст, ки ҳар фарди ватандӯст бояд алайҳи Толибон дар мулки афғон қомат афканад, чунки ормонҳои мардуми афғон солҳост, ки аз ҷониби ридакҳои дар итоати аҷнабӣ қарордошта поймол мешаванд. Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмон низ чун Пешвои сиёсии миллате ҷонибдорӣ аз ниҳодҳое хоҳад кард, ки барои истиқлоли Меҳани хеш алайҳи зӯроварон меҷанганд. Дар сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон мутахассисро новобаста аз маҳали иқомат ба марказ оварда, ниҳодҳоро водор мекунад, ки аз хидмати ашхоси соҳибихтисос истифода кунанд. Ба ибораи дигар, Пешвои миллати тоҷикон ба ҷаҳонбинӣ ва сатҳи тафаккури техникии ҷавонон бештар аҳамият медиҳад ва дар вохӯриҳо зимни суханрониҳояш аз рушди тафаккури техникӣ бештар ҳарф мезанад, чунки ояндаи наздик дар дасти афродест, ки тафаккури техникии онҳо сайқал ёфтааст. Бидуни тардид метавон гуфт, ки дар самти хидмати давлатӣ онҳое комёб мешаванд, ки ҳарфҳои дар давраҳои гуногун ба забоновардаи Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор бидиҳанд. Замоне, ки мо хурдсол будем, Президенти кишварамон бештар аз омӯхтани забонҳо сухан мекард ва алҳол аз илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ беш аз мавридҳои дигар ҳарф мекушояд.
Дар воқеъ, садаи XXI садсолаи илму техник ва иттилоот аст ва дар ин қарн ҳар кӣ бештар донишҳои техникиро густурда кард, ҳамоне дар сатҳи хидмати давлатӣ мавқеъ меёбад. Аммо аз роҳбарию комёбшавӣ дар соҳаҳои мухталиф ҳадаф ин аст, ки мо, тоҷикон чи гуна дар ҳамбастагӣ рушд кунем! Албатта, роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ки барои миллатҳои ғайр намунаи ибрат шудааст ва ҳар миллате орзу дорад мисли ӯ роҳбари сиёсӣ дошта бошад, дар давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ аз татбиқи сиёсати тақвиятёфтае шаҳодат медиҳад ва маҳз ҳамин тарзи сиёсати давлатӣ имкон фароҳам овард, ки тоҷикон ҳаматарафа рушд намоянд. Ин ки баъзан аз мушкилиҳо мегӯем, ҷустани роҳи рафъи онҳо нестанд, чунки инсон ҷисман ва руҳан дар мушкилот қарор дорад ва чун яке аз мушкилӣ бартараф гардад, ҳатман мушкилии дигар ҷои он пайдо мешавад. Дар идораи давлатӣ низ ҳамин низом, ки дар ҳаёти хонаводагӣ мушоҳида мекунем, мавҷуд аст ва танҳо фарде аз мушкилиҳо озод мешавад, ки ихтиёрро пешаи ҳаётии худ қарор додааст. Эмомалӣ Раҳмон низ чун роҳбари сиёсии тоҷикон ба ҳар шаҳрванд доштани ихтиёрро дар умур таманно мекунад, чунки бо доштани ихтиёр дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ӯ маҳбуби дилҳо шуд ва тавонист, ки ҷомеаи шаҳрвандиро аз буҳрони маънавию иқтисодӣ берун барорад. Имрӯзҳо тоҷикони Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои шадидтарини густариш ва тақвияти ҳувияти фарҳангиро гузаштанд ва барои онҳо дар замони муосир як маром онҳоро дунбол мекунад ва он ҳам ин аст, ки роҳи тайгардидаро идома диҳанд.
Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба рушди илму маориф ва фарҳанги шаҳрнишинӣ эҳсос мешавад. Айни замон бидуни маълумот ва таҳсилу тадрис зиндагӣ тасаввурнопазир аст. Мо бо ниёгони хеш тавассути иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат ошно шудем. Аксар ҷавонон то соли Мавлавӣ эълон шудан аз осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бехабар буданд. Таҳия ва нашри мероси хаттии гузаштагон, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон дар ду даҳсолаи ахир анҷом пазируфт, барои соҳибмаълумот гаштани ҷавонони пажӯҳишгар кӯмак кард ва нақши боризе дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ гузошт. Ташкили Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалан, шаффофиятро ҷиҳати воридшавӣ ба макотиби олии кишвар таъмин намуд, сониян, ба ҷавонон имкон фароҳам овард, ки ихтисосро бо дарназардошти хоҳишҳои худ интихоб намоянд. Пешвои миллат эҳёи ҷисмонии тоҷикро дар барҳам задани никоҳи хешутаборӣ дид, вагарна сафи хурдсолони маъюб рӯз аз рӯз меафзуд. Бубинед ва хулоса бароред, ки кадом роҳбар авзои миллии кишварашро то солимгардонии оилаҳои ҷавон тафаккур мекунад. Айни замон рӯоварии роҳбари сиёсӣ ба рушди илмҳои табиатшиносӣ ва эълони бистсолаи улуми дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар мамлакат гувоҳӣ аз он медиҳад, ки шуғли мо ба улуми ҷомеашиносӣ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ бартарӣ дошт, аммо башар дар муосирият ба фановарӣ ва улуми табиӣ рағбат доранд, чунки яке аз омилҳои рушди ҷомеаҳои муосир маҳз рӯоварии онҳо ба улуми дақиқ баррасӣ мешавад. Мушоҳидаҳо низ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки бо омӯхтани илмҳои гуманитарӣ ва яксӯ гузоштани улуми табиӣ ҳеҷ миллате тараққӣ нахоҳад кард. Бинобар ин, Пешвои миллат дар ҳар вохӯрӣ ва ҷамъомадҳо ин нуктаро мутазаккир мешавад, ки кӯдаконро аз наврасиашон ба омӯхтани фанҳои дақиқ кӯмак кунед.
Боиси тазаккур аст, ки нақши Пешвои миллат дар таъмин намудани шароити мусоид ҷиҳати фарогирии иттилоот ва азхудкунии илми муосир бағоят бузург ва дар шакли номаҳдуд арзёбӣ мегардад. То ба ҳадди шахсият такмил ёфтани ниҳодҳои дарунии инсон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ боз фарде аз афрод ҷиҳати адои хидмати давлатӣ омода шудааст. Сохторҳои иҷтимоии ҳар давлате дар тақвият ёфтани низоми сиёсии мутааллиқ ба кишваре фақат дар як сурат хидмат мекунанд, ки онҳоро ормонҳои миллӣ ороиш диҳад ва нагзорад то бегонае вуҷуди зеҳниашонро бар манофеи геополитикӣ суиистифода бинмояд.
Инак, дар таърихи 16 – уми ноябр мо Рӯзи Президентро истиқбол мекунем ва дар ҷомеаи муосир таҷлили рӯзе, ки марбут ба Президент аст, шадидан истиқбол гардида, пажӯҳишҳо дар самти субот, якпорчагии марзию миллӣ, гиромидошти анъанаҳои созанда ва эҳёкунанда, навсозии сиёсӣ ва сохторҳои қонунӣ анҷом дода мешаванд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар атрофи Президенти кишвар ҷамъ омада, дар ҳифзи ормонҳои миллӣ сахткӯш бошем.
Маҳҷуба АБДУЛЛОЗОДА,
магистранти Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон