ОБОДОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НАМУНАИ ИБРАТ ВА ПАЙРАВИСТ

Суҳроб Г.

Бешак рушду пешрафт, созандагию ободониҳо ва тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кӯшишу талошҳо ва заҳматҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд. Тӯли 30 сол маҳз таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоиҳои бузурги халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ шинохтанд ва эътироф намуданд. Нақши Сарвари давлат дар таҳкими сулҳу субот, устувории давлатдорӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ барои якояки мо намунаи ибрат ва пайравист.

 

Мо ҳамарӯза шоҳиди ободонӣ ва бунёдкориҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи кишвар мегардем. Аз паёмҳои солона, суханрониҳо, баромаду вохӯриҳо ва сафарҳои Пешвои миллат шоҳид мегардем, ки бо шарофати заҳмату талошҳои Сарвари давлат рӯз аз рӯз пешрафту ободониҳо дар кишвар ба авҷи аълои худ расида истодаанд, ки ҳамагӣ баҳри зиндагии хуб, таъмини рӯзгори шоиставу саодатбор, баланд бардоштани нуфузи кишварамон ва боз ҳам тараққӣ додани соҳоти хоҷагии халқ сабаб гардида истодаанд.

 

Тӯли солҳои соҳибистиқлоли заҳматҳои шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он боис гардид, ки мо соҳиби як давлати ободу зебо ва дар айни ҳол рӯ ба рушд гардем. Имрӯзҳо ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллат боис бар он гардидааст, ки дар тамоми кунҷу канори кишварамон созандагӣ, ободкорӣ ва бунёдкорӣ бо маром идома намуда, кулли мардум бо дилу нияти гарм барои бунёди симои нави давлати ҷавонамон даст ба кор шаванд. Хусусан дар соли ҷорӣ, ки мо 30 – солагии Истиқлоли давлатиамонро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намудем, дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ободониҳо симои кишварамонро боз ҳам зебову дилкаш намуданд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр намуданд, ки: “Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст. Аъзои Ҳукумат ва роҳбарони идораву сохторҳое, ки ба шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадоранд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати чорабиниҳои тибқи нақша пешбинишударо таъмин намоянд. Бори дигар таъкид месозам, ки вазифаи асосии ҳар яки мо – аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ – содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст”. То ин дам бунёди ҳудуди 30000 иншооти гуногунтаъинот бахшида ба таҷлили 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ гувоҳи он аст, ки мо ба дастоварди беназиру бесобиқа маҳз бо роҳнамоии Сарвари созандаамон шарафёб гардидем.

 

Баъди таъмини сулҳ ва оромии сартосарӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи боғҳои зебову гулгаштҳоро дар радифи дигар соҳоти хоҷагии халқ чун рукни муҳимми зебоию зебопарастӣ аз таваҷҷуҳи хеш дур нагузоштанд. Балки ҳамеша меъморону сохтмончиёни мамлакатро бо сиёсати созандаи хеш ҳидояту роҳнамоӣ намуда, дар бунёди  сохтмони иншоотҳои муосири босифат саҳми беназир гузоштанд. Хусусан, дар як муддати кутоҳ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе бо роҳбарии раиси ҷавону созанда муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои худро ба ҳадде дигар намуд, ки кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо баландиву рангорангии биноҳо, тарҳи хушу муосир ба таври куллӣ дигаргун гардид.

 

Моро зарур аст, ки аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намоем ва ҳамеша барои ба хотири аз худ ба оянда як ватани ободу зебо ва шукуфону босуботро ба мерос гузоштан меҳнати софдилона намоем.

 

Суҳроб ГУЛОВ,

сардори шуъбаи хоҷагии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий