ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ ВА ЭНЕРГЕТИКА

об

Тоҷикистон бо мақеи ҷойгиршавии географии худ дар минтақае қарор гирифтааст, ки сарчашмаи ташаккули захираҳои обии минтақа мебошад. Истифода аз ин захираҳо омил ва шарти асосии таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ва баланд гардидани мавқеъи сиёсии он ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ мегардад.

 

Барои истифодаи ҳамаҷониба аз ин захираҳо инфрасохтори зарурие лозим аст, ки ба воситаи он мо тавонем ин захираҳоро ба манфиати худ идора карда бошем. Дар замони муосир идора ва истифода карда тавонистани захираҳои табиӣ, махсусан захираҳои обӣ шарти асосӣ дар роҳи рушди устувор мебошад.

 

Бо назардошти ин, ҷиҳати идора ва оқилона истифода намудани захираҳои обӣ барои Тоҷикистон сохтани ифрасохтори гидроэнеркетикӣ омили муҳимтарин мебошад, ки НБО “Роғун” муҳимтарине аз онҳо маҳсуб меёбад.

 

Манфиатҳои обии Тоҷикистон ба манфиатҳои обии ҳеҷ як давлати дигари минтақа мухолифат намекунад ва Тоҷикистон сиёсати гидроэнергетикии худро дар асоси ҳифзи манфиатҳои минтақавӣ идома медиҳад, ки НБО-и “Роғун” яке аз он иншоотҳое мебошад, ки бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳамгироии минтақавӣ бунёд гардида истодааст.

 

Илова бар ин, ҷиҳати расидан ба дигар ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, нақши назаррас дошта, бо бунёди он имконият фароҳам мешавад, ки мамлакат дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ беш аз пеш саҳмгузор бошад.

 

Унсури муҳимтарини таркибии иқтисоди Тоҷикистон гидроэнергетика буда, он манбаи асосии неруи барқ барои аҳолӣ ва иқтисоди кишвар аст. 98 фоизи неруи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд. Ба иллати мушкилоту монеаҳои гуногун Тоҷикистон фақат таҷрибан 4 фоизи имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии худро истифода мекунад ва аҳолии кишвар ҳарсола то шаш моҳ дар фасли сармо бо камбуди неруи барқ рӯ ба рӯ мегардад.

 

Тавре маълум аст, кишварҳои минтақа аз захираҳои оби ду дарёи бузург — Ому ва Сир ва ҳамчунин як силсила рӯдҳои хурди сарҳадгузар истифода мебаранд. Дар шароити минтақае, ки қисми бузурги захираҳои обаш дар қаламрави бархе аз кишварҳо ташаккул меёбаду истифодаи бештари онҳо ба кишварҳои дигар рост меояд, ҳамкории зарурӣ ҷиҳати идораи устувор ва истифодаи захираҳои об калиди рушди дарозмуддат аст.

 

Ҳусейн АРИПОВ,

магистранти Академия

Похожие записи