САФИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АКАДЕМИЯ МЕАФЗОЯД

1

Имрӯз, 2 июли соли 2021, дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-051 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Бобозода Афзалшоҳи Олимҷон – муовини декан оид ба таълими факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ дар маҳалҳо (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D052000 – Бизнес-мудирияти соҳибкорӣ баргузор гардид.

 

Бобозода Афзалшоҳи Олимҷон зимни суханрониаш доир ба муҳиммият ва зарурияти таҳқиқоташ дар мавзӯи мазкур иброз дошт, ки: “Дар ҷаҳони муосир соҳаи сайёҳӣ дар рушди ҷомеа нақши муассир дошта, аз сатҳи ташаккул ва инкишофи инфрасохтори он низоми муносибатҳои муосири хоҷагидорӣ дар соҳа ва самаранокии фаъолияти субъектҳои хоҷагидори он вобастагӣ дорад. Тавре, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз соҳаҳои сердаромад, манбаи ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва омили муҳимми беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум маҳсуб меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои имкониятҳои зиёди сайёҳӣ мебошад, рушди соҳа аз ташаккули инфрасохтори он вобастагӣ дорад. Таҷрибаи кишварҳо нишон медиҳад, ки кишварҳои дорои захираҳои ночизи сайёҳӣ метавонанд бо ташаккул ва рушди инфрасохтори соҳа теъдоди зиёди истеъмолкунандагони хизматрасонии сайёҳиро ҷалб намоянд. Бинобар ин, омӯзиши ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии рушди инфрасохтори сайёҳӣ, махсусан дар маҳал, ва роҳҳои мукамммал гардонидани он масъалаи мубрами рўз буда, асоси интихоби мавзўи таҳқиқотии мазкур гардид”.

 

Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар сатҳи баланд доир гардида, дар он раиси Шӯро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қудратов Рустам Раҳматович ва 16 нафар аъзои Шӯрои диссертатсионӣ ширкат доштанд, ки ҳамаи онҳо якдилона барои додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D052000 – Бизнес-мудирияти соҳибкорӣ ба Бобозода А.О. ҷонибдорӣ намуданд.

 

Бобозода Афзалшоҳ баъд аз ҳимояи бомуваффақонаи кори илмиаш иброз дошт, ки дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ боиси зиёд шудани сафи олимони ҷавон гардидааст. Таъкид намуд, ки маҳз ҳамин дастгириҳо буд, ки имрӯз мо, ҷавонон барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ корҳои номзадию докторӣ анҷом медиҳем. Аз ҷумла, ҳимояи муваффақонаи кори илмии ман низ самараи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

 

Ҳамчунин, Бобозода Афзалшоҳ ба Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ҷиҳати роҳнамоию дастгириҳои пайвастаи олимону муҳаққиқони ҷавон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

 

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Афзалшоҳи Олимҷонро ба ин дастоварди арзишманди илмӣ таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаи илмиаш барору муваффақиятҳо аз ин бештарро орзу менамоянд.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий