ТАВАҶҶУҲ БА ҶАВОНОН ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Марям

Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси Олии кишвар аз 22 майи соли 1998, таҳти рақами №628 23 май ҳамчун “Рўзи ҷавонони Тоҷикистон” эълон гардид.  Аз соли 1998 инҷониб дар ҷумҳурӣ 23 май ба таври расмӣ чун Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, ки ин аз мавқеву мақоми махсуси ҷавонони кишвари соҳибистиқлол дарак медиҳад.

 

Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳаёти илмию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷавонони кишвар падидаҳои беназир хеле зиёд ба вуқуъ омадаанд ва яке аз ин рўйдодҳои арзишманд ин шаш маротиба қабул гардидани Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон” барои солҳои 1999-2000, 2001-2003, 2004-2006, 2007-2009, 2010-2012, 2013-2015 ба шумор меравад. Татбиқи санадҳои мазкур заминаи мусоидеро барои амалӣ кардани сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам овард. Бори аввал санаи 31 октябри соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии “Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон” барои солҳои 2006-2010 ва маротибаи 2-юм 3 майи соли 2010, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №208 Барномаи давлатии  “Тарбияи ватандўстии Ҷҷавонони Тоҷикистон” барои солҳои 2010-2013 қабул гардид.

 

Бо дарназардошти тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷавонон ва пешрафти ҷомеаи муосир зарурияти аз нав қабул кардани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” ба миён омад. Бо кўшишу пешниҳоди кормандони масъули Кумитаи кор бо ҷавонон Маҷлиси намояндагон 9 июни соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”-ро қабул кардааст. Боиси хушнудист, ки бо таклифу пешниҳодҳои масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни мазкур бо имзои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 июни соли 2011 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

 

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 таҳти рақами №228 “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шуд. Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғоя ва принсипҳои бунёдии Эъломияи ҳуқуқи башар, конвенсияҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” асос ёфтааст. Консепсия самтҳои асосии афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавононро муайян намуд.

 

Бо мақсади дастгирии фаъолияти илмии олимони ҷавон, рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд гардонидани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1998 таҳти рақами №967 аз соли 1998 сар карда таъсис ёфтани 6 адад ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ истеъдодҳои ҷавонро хеле сарфароз гардонид. Ҳар кадом ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ имрўз ба диплом ва маблағи ҷоиза, ки Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст ва дар он Пешвои миллат имзои худро мегузоранд, супорида мешаванд.

 

Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз касалиҳои сироятӣ ва омилҳои номатлуб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, таҳти рақами №107 “Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010” тасдиқ гардид. Аз ҷумла, дар доираи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2006-2010 Стратегияи миллии “Ташаббусҳои хайрхоҳона ба ҷавонон” ташаккул дода шудааст, ки ба ҳар як фарди ҷавон хизматрасонии дастрас, ихтиёрӣ, маҳрамона ва боваринокро таъмин менамояд.

 

Имрўзҳо дар ҷумҳурӣ зиёда аз 150 ташкилотҳои ҷавонон, наврасон ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ фаъолият мекунанд, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нақши калон доранд. Баҳри фаъол намудани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба таъсиси грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон” аз 10 майи соли 2005, таҳти рақами №167 панҷ грант дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон таъсис дода шудааст, ки Кумита ҳамасола чораҳои заруриро андешида, мутобиқи Низомномаи грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳо тариқи васоити ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ бо таври возеҳу равшан эълон ва ҷамъбаст менамояд.

 

Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Пешвои миллат бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.

 

Ҳамин тавр ҷавонони кишвар худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд. Барои рушду нумуи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона сохтаанд.

 

Майрам НОДИРОВА,

 сардори шуъбаи стипендия

ва кор бо донишҷӯёни шартномавии Академия

Похожие записи