ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ОИЛА ВА МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Оила ва ҳаёти оилавӣ барои ҳар як инсон мазмуни ба худ хос дорад. Оила ҷузъи табиӣ ва асосии ҷомеа мебошад. Ҷамъият аз оилаҳо иборат мебошад ва мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Ҷомеа бе оила вуҷуд дошта наметавонад, чунки оила пойдеворӣ ҷамъият аст. Оила ҳамчун рукни табиӣ ва асоси ҷамъият буда, муносибатҳоро дар асоси қоидаҳои одобу ахлоқ ба вуҷуд меоварад.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрам дар ҷамъияти имрӯзаи мо хушунат нисбати занон, пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, зиёд шудани ҳолати никоҳи хешовандони наздик дар миёни ҷавонон, ки боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст, маҳсуб меёбад. Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Оли аз 23 январи соли 2015 таъкид намуда буданд, ки “масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои оилавӣ дар сатҳи Конститутсия ва қонунҳо танзим шудаанд, ки ин пеш аз ҳама ғамхории давлатро нисбати оила нишон медиҳад.
Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати баландэътиборӣ ҳуқуқӣ андешаи муосири ҳуқуқу озодиҳои инсонро инъикос мекунад ва ин сифати Конститутсия шароити мусоидро барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқ ва махсусан ҳуқуқи оилавӣ ба вуҷуд овард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории оилаву ниқоҳ ва танзими муносибатҳои дохилиоилавӣ нақшу аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар Конститутсия зикр ёфтани муҳимтарин принсипу усулҳои ба оила алоқаманд, аз ҷумла асоси ҷамъият будани оила ва таҳти ҳимояи давлат қарор гирифтани он, таҳти ҳимояи махсус ва дастгирии давлат будани кӯдак, инчунин масъул будани волидайн дар тарбияи фарзандон самти инкишофи ҳуқуқи оила ва қонунгузории соҳаи мазкурро муайян кардаанд.
Манъ будани бисёрникоҳӣ ҳамчун принсипи фундаменталии бунёди оилаи солим дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст. Дар баробари ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд.
Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат бошад, барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд (моддаи 34). Гузашта аз ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ ва ҳифзи кӯдакони ятиму маъюбро вазифаи муқаддаси давлат эътироф намудааст.
Баробари ин, баъди қабул гардидани Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият ислоҳоти ҳуқуқӣ оғоз гардида то кунун идома дорад.
Дар ин замина яке аз ислоҳотҳои зарурӣ ва саривақтӣ ҳануз 13 ноябри соли 1998 қабул гардидани Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Яке аз мақсадҳои асосии таҳияи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътибори вазъи нави инкишофи ҷамъияту давлат ба тартиб даровардан, устувору мустаҳкам гардонидани муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ мебошад. Зарурати қабули кодекси нави оила ба он дигаргуниҳои куллие алоқаманд буд, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ба амал омода бевосита муносибат ва назари навро ба масъалаи никоҳу оила ба вуҷуд оварданд. Мақсади асосии қабули Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқаррар намудани муносибатҳои ҳуқуқие зоҳир мешавад, ки ба ризоият ва қаноатмандии томи манфиатҳои шахсиятҳо, муҳайё кардани шароит барои таъмини ҳаёти муътадил ва рушди устувори ҳар узви оила ва алалхусус тарбияи кӯдакон мусоидат мекунад.
Аз ҳамин лихоз меъёрҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои Конститусия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва санадҳои дигари байналмилалӣ марбут ба ҳуқуқи инсон таҳия гардида ба пойдории оила ва ҳимояву дастгирии он аз ҷониби давлат далолат мекунанд. Ин принсипҳо аз баробарҳуқуқии мардону занон дар ҳалли масоили оилавӣ, баробарҳуқуқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, сарфи назар аз миллату нажод ва эътиқоди динӣ, муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарӣ, танҳо эътироф шудани никоҳе, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди баста шудааст, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон ва таъмини манфиати онҳо, якканикоҳӣ, озодонаву ихтиёрӣ ва дар зери назорати давлат будани никоҳ ва озодана бекор намудани никоҳ яъне талоқ, аз ҷиҳати моддиву маънавӣ масъули ҳамдигар будан ва ғамхории ҳамдигарии аъзои оила, ҳимояи афзалиятноки ҳуқуқу манфиатҳои аъзои корношоями оила ва ғайра зоҳир мегардад.
Ҳамзамон бо ин, суннатҳои миллӣ, ба эътибор гирифтани расму оинҳои дар давоми асрҳо ташаккулёфтаи аҷдодӣ, аз қабили насабгузорӣ, муқаррар кардани синни никоҳӣ, бо дарназардошти ахлоқ ва маънавият бартараф сохтани монеаҳои никоҳ дар сиёсати оиладорӣ мавқеи муҳим пайдо намудаанд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад.
Таҳти ҳимоя гирифта шудани оила аз ҷониби давлат чунин маъно дорад, ки давлат нисбати як силсила масоили ҳуқуқиву иҷтимоии марбут ба сиҳатӣ ва пойдории оила, ғамхорӣ ба модариву кӯдакӣ, таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон, дастрасӣ ва ройгон будани таълим дар муассисоти давлатии таълимӣ, кафолати иҷтимоӣ ҳагоми беморӣ ва пиронсолӣ, хизматрасониҳои зарурии тиббӣ, пешгирӣ ва ғасби зуроварӣ нисбати оила ва чандин масъалаҳои дигар масъулиятро ба ӯҳда мегирад. Ҳамаи ин вазифаҳои давлат, ки ба ҳимоя ва дастгирии оила равона шудаанд, на танҳо аз талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохила, балки бевосита аз муқаррароти моддаи 25-и Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар моддаи 10-уми Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бармеоянд. Аз ҷумла дар моддаи 10-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зикр шудааст, ки “барои оила, ки ҷузъи табиӣ ва асосии ҷомеа мебошад, ба андозаи имкон бояд муҳофизат ва кӯмаки ҳамаҷониба, хусусан ҳангоми ташкили он ва дар ҳоле, ки оила масъулияти ғамхорӣ ба атфоли ғайримустақил ва тарбияи онҳоро ба зимма дорад фароҳам оварда шавад. Ниқоҳ бояд бо ризояти озодонаи ашхоси ба ақди ниқоҳ дароянда сурат гирад”.
Инчунин дар моддаи 16 Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар оила ҳамчун рукни табиӣ ва асоси ҷамъият эътироф шудааст. Дар санадҳои дахлдори байналмилалӣ ҳифзи ҳуқуқи модарону кӯдакон сабт гардида, шаклҳои гуногуни дастгирии иҷтимоии оила пешбинӣ шудаанд. Инчунин дар ин санади ҳуқуқи такид шудааст, ки модарон дар давраи то таваллуд ва баъди таваллуд бояд ба ғамхории махсус фаро гирифта шаванд. Пешбинӣ намудани чораҳои махсуси ҳимояи модарӣ, бо ҳимояи махсус фаро гирифтани кӯдакон ва наврасон, манъи истифодаи меҳнати кӯдакон, дар ҳолате, ки агар ин меҳнат ба саломатии ҷисмонӣю рӯҳии кӯдак ва инкишофи ӯ зарар расонад, аз қабили шаклҳои дигари дастгирии иҷтимоии оила мебошанд.
Ҳамин тавр, оила – мураббии аввалин, раҳнамои ҳаёт, асосгузори феълу атвори ояндаи ҳар як инсон мебошад ва ҳар як инсон бо баробари тарбия гирифтан, меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунад ва ба ҳаёти мустақил қадам монда ба камол мерасад.
Мижгона ХОЛИНОВА,
мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академия,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент