ТОҶИКИСТОН ВА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Сиёсати дарҳои боз-меҳвари сиёсати байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ташкил дода, рӯз то рӯз ин сиёсати пешгирифта самараи некро барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон оварда истодааст. Натиҷаи сиёсати дарҳои кушод ба Тоҷикистон имкон дод, ки доираи робитаҳоро бо кишварҳои хориҷӣ васеъ намуда, бо кишварҳои дӯст ва кишварҳое, ки дар сиёсати хориҷии мо мавқеи муҳим доранд, шарики стратегӣ ба роҳ монем. Бо шарофати ин Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва Тоҷикистон бо 126 давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 51 созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал моҳи сентябри соли 1993 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро оид ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳқиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.
Соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Бояд тазакур дод, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз вазъи мураккаби дохилӣ умдатарин манфиатҳои миллии худ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷиашро дуруст муайян намуд. Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз баромадҳояшон таъкид намуданд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба панҷ ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад. Ҳавзаи якум Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷониба тамоюли ботинӣ дорад. Ҳавзаи дуввум Осиёи Марказист, ки рушди ҳамкории минтақавӣ ва муттаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои қаламрави он ба манфиати кулли давлатҳо ва мардуми ин минтақа аст. Ҳавзаи сеюм фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон, аст, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро на фақат ҳамбастагии таърихӣ ва динию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ бо ҳам ҷазб мекунад. Ҳавзаи чорум доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро нафақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконият ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад. Ниҳоят ҳавзаи панҷум ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни умумибашарӣ роҳ мепаймояд”.
Дарки амиқи мавқеи геополитикӣ ва аниқ муайян намудани самтҳои аосии сиёсати хориҷӣ имкон доданд, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаҳони муосир дар ёбад, ки онро зина ба зина мустаҳкам созад ва имкониятҳои ғании байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои дихилӣ равона намояд. Тавре ки Сарвали давлат қайд намуда буданд: “…ҳар гуна сиёсати давлат дар ниҳояти кор дифоъ аз манофеи миллист, ҳунари сиёсатмадорӣ дар арсаи ҷаҳон, дарёфтани тавозуни оқилона ва одилонаи манофеи мухталифи давлатҳо мебошад”.
Ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигарҳо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Қобили зикр аст, ки робитаҳои манфиатбахш Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ошно намуд, онҳоро аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд огоҳ кард.
Созмонҳои болозикр бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманд барқарор намуда, мусоидату пуштибонии худро натанҳо барои ба даст омадани сулҳ, ҳамчунин барои таҳияи лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангӣ ва дастгирии инкишофи иқтисодиёти мамлакат равона карданд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамод, ки ҳамкориҳоро бо давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият бахшад.
ОЛИМОВ С.И.,
дотсенти кафедраи менеҷменти Академия,
номзади илмҳои иқтисодӣ