ХУСУСИЯТҲО ВА АҲАМИЯТИ ЭКОЛОГИИ ОБ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
(Дар партави силсилаташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар соҳаи обу экология)
Об сарвати бебаҳо, наҷибтарин унсури табиату ҳастӣ ва моддаи пурасрор мебошад. Он ҳамчун омили экологӣ асоси ҳаёт буда, қисми таркибии ҷудонопазири организмҳои зинда мебошад. Бе он на танҳо зиндагӣ имконнопазир аст, балки ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Об ҳамчун моддаи химиявии ғайриорганикӣ моеи дар ҳолати муътадил беранг, бебӯй ва бемазза буда, вобаста ба шароитҳои табиӣ дорои хусусиятҳои махсус гашта, дар он моддаҳои ҳалшуда монанди намакҳо, минералҳо, газҳо ва ғайра илова шуда, дорои ранг, бӯй ва маззаи хос мегардад. Молекулаи он аз ду атоми гидроген ва як атоми оксиген иборат буда, таносуби ҳиссаи массаи молекулярии он 11,11% гидроген (Н) ва 88,89% оксиген (О2)-ро ташкил медиҳад. Обро дар озмоишгоҳ истеҳсол кардам мумкин аст, аммо он хеле кам ва таъми оби табииро надорад.
Об ҳамчун ҳалкунандаи универсалӣ дар ҳамаи равандҳои табиию ҳаётӣ бевосита иштирок менамояд. Дар он, дар муқоиса бо дигар ҳалкунандаҳо, моддаҳо бештар ҳал мешаванд. Он дар табиат дар се ҳолати агрегатӣ — моеъ (ҳолати одӣ), сахт (ях, қирав) ва буғшакл (абр, туман, шабнам) дида мешавад. Мувофиқи қонуниятҳо экологӣ ва гидрологӣ миқдори об дар табиат ҳеҷ гоҳ “кам” намешавад, он дар зери таъсири омилҳои экологӣ, хусусан ҳарорат аз як ҳолати агрегатӣ ба дигар ҳолат гузашта, доимо дар гирдгардиши ҷаҳонӣ (глобалӣ) мебошад. Дар зери таъсири ҳарорати – 0 0С ба ҳолати сахт — ях гузашта, ҳангоми +100 0С меҷӯшад ва он чӣ қадаре, ки гарм бошад, ҳамон қадар зудтар ба ҳолати буғшакл мегузарад. Ҳамин тавр, об аз сатҳи Замин дар ҳолати гарм шудан буғ шуда, туману абрҳоро ба вуҷуд меорад ва дар ҳолати сардтар шудан дар қабати тропосфера — қабати поёнии атмосфера, ки моро иҳота намуда, боду ҳаво ва иқлимро ташаккул медиҳад, ба ҳолати моеъ ё сахт гузашта, ба намудҳои гуногуни боришот табдил меёбад ва табиати сайёраи моро шодоб мегардонад. Доимо гардиши глобалии об ба амал омада, гардиши калон ё глобалии моддаҳоро ташаккул медиҳад.
Мубодилаи гармӣ ва намӣ байни уқёнус ва хушкӣ ба гардиши об вобаста аст. Гармиғунҷоиши об зиёд мебошад, бинобар ин обе, ки аз сатҳи уқёнус бухор мешавад, дорои гармии зиёд мебошад. Ҳангоми ба абрҳо табдил ёфтани буғи об гармӣ озод шуда, ҳаворо гармтар мекунад. Аз ин сабаб ҳаво ҳангоми боришот нисбат ба ҳавои бебориш гармтар аст. Ҳамин тавр, ҳангоми гардиши бузург ва мураккаби об дар сатҳи сайёраи Замин тақсимоти васеи гармию рутубат ба амал меояд, ки дар он боҳамалоқамандии қисмҳои гидросфера мавқеи асосӣ дорад. Инчунин, ин гардиш барои гардиши моддаҳои минералӣ низ зарур аст. Обе, ки ба шакли боришот меборад, соф буда, дар таркиби худ ягон омехта надорад ва ҳангоми аз қабати ҷинсҳои куҳӣ гузаштан ба он минералҳо ҳамроҳ мегарданд. Об ҳамаи моддаҳоро ба он ҳамроҳ гаштаро шуста, ҳал менамояд. Аз пиряхҳо ва обҳои сатҳизаминию зеризаминӣ кӯлҳо, дарёҳо ва ботлоқу чашмаҳо ташаккул меёбанд ва оби онҳо ба уқёнусҳо бар гашта, аз худ таҳшониҳо ҳосил менамояд. Мо баъзе аз таҳшониҳоро ҳамчун маводи сохтмонӣ ва ғизоӣ (оҳаксанг, намак ва ғ.) истифода мебарем. Хангоми бухор шудан аз уқёнусҳо об ҳолати пештараи худро мегирад, яъне беолоишу шаффоф мегардад. Ин гардиши беинтиҳо мунтазам идома меёбад.
Чуноне ки зикр намудем, об пеш аз ҳама, қисми таркибии ҷудонопазири организмҳои зинда, яъне ҳаёт аст. Ба ҳисоби миёна организми наботот ва ҳайвонот 50% аз об иборат аст, вале ҳастанд мавҷудоте, ки то 90-95% аз об (занбӯруғҳо, тарбуз, помидор, полипҳои марҷонӣ, медузаҳо ва ғайра) иборат мебошанд. Мавриди зикри хос аст, ки аз 2/3 ҳиссаи бадани инсонро низ об ташкил медиҳад. Миқдори тақрибии об вобаста ба синну сол дар бадани кӯдакон 75%, наврасон 65%, калонсолон 60% ва пиронсолон 55%-ро ташкил медиҳад. Одамони калонсоли дорои 70-80 кг вазн, дар баданашон мутаносибан 42-48 кг об доранд.
Муқаррар карда шудааст, ки агар дар организми инсон 1% миқдори об кам шавад, эҳсоси ташнагӣ, дар сурати 5% кам шудан хавфи беҳушшавӣ ба вуҷуд меояд ва агар ҳудуди 10% кам шавад, эҳтимол, ба фавт дучор мешавад. Чӣ қадар обе, ки дар бадани мо сарф ва аз он хориҷ мегардад, ҳамон қадар бояд барои ҷуброни он истеъмол намоем. Яъне ҳамон қадаре, ки организм талаб намояд, хӯрдан лозим ва бештар бошад ҳам, муфидтар низ ҳаст. Дар як шабонарӯз дар шароити муътадил барои як нафар инсон танҳо барои истеъмол 2,5 литр ва дар шароити гармӣ то 6 литр об зарур аст. Дар як шабонарӯз инсони дорои шароити хуби зиндагӣ ба ҳисоби миёна аз 100 то 150 литр обро барои ҳама эҳтиёҷоташ сарф менамояд. Ҳисоб карда шудааст, ки барои ҳосил шудани 1 кг қоғаз 100 литр, барои 1 тонна гандум – 1500 м³, барои 1 тонна пахта зиёда аз 5000 м³ ва барои истеҳсоли 1 тонна биринҷ то 10000 м³ об лозим аст.
Нақши калидии об дар гардиши глобалии моддаҳо ва энергия, пайдоиш ва бақои ҳаёт, сохтори химиявию биологии организмҳо ва дар ташаккулёбии боду ҳаво ва иқлим зоҳир мегардад. Аҳамияти об гуногунҷабҳа мебошад, аз ҷумла, аҳамияти экологӣ, гигиению санитарӣ, кишоварзию энергетикӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, рекреатсионию табобатӣ ва эстетикию сайёҳии онро фарқ менамоянд. Дар ҳақиқат обро манбаъ ва ё сарчашмаи ҳаёт шуморидан дуруст аст, аммо аз нуқтаи назари амиқи экологӣ мафҳумҳои “об” ва “ҳаёт” бо ҳамдигар ба таври рамзӣ муродиф мебошанд. Зеро дар он ҷое, ки об ҳаст, ҳаёт низ ҳаст ва баръакс. Дар манотиқи яхбандиҳои доимӣ ва биёбонҳои тасфон низ ҳаёт ва об ва ё маҳсули фаъолияти онҳо мавҷуданд. Бинобар ин, об шарти ягонаи ҳастии табиат, омили асосии сиҳатӣ, замимаи ивазнашавандаи некӯаҳволии инсоният ва меҳвари асосии рушди устувор мебошад. Аз ин ҷост, ки инсон ба об эҳтиёҷоти рӯзафзун дорад ва онро муъҷиза ва муқаддас мешуморад.
Захираҳои об барои мутобиқ шудан ва устуворӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим (норасоии оби нӯшокӣ ва оби обёрии кишоварзӣ, хушксолӣ, биёбоншавӣ, шӯразоршавӣ ва ғайра) замимаи аввалиндараҷа мебошанд. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон зиёда аз 2 млрд аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоштанд ва аз он сахт азият мекашанд. Ин масъала бо баробари бемайлон зиёдшавии шумораи аҳолии ҷаҳон торафт мураккаб мегардад. Тибқи маълумоти ҳамин созмон то соли 2025 камбудии шадиди ин неъматро 2/3 ҳиссаи аҳолии ҷаҳон эҳсос хоҳанд намуд. Дар баробари афзоиши талабот ба оби ошомиданӣ самаранок истифода бурдани он яке аз масъулиятҳои асосии ҳар як фард маҳсуб мешавад ва бо ин васила дастрасии баробар ба оби тоза таъмин мегардад.
Об ба туфайли доштани пайвасти гидрогенӣ дар ҳудуди зиёди ҳарорат дар ҳолати агрегатии моеъ қарор мегирад ва ин сабаби ба таври васеъ паҳн шудани он дар табиат мебошад. Ҳамагӣ дар гидросфера (аз юн. hydro – об ва sphaira – қабат) 1,39 млн км³ об мавҷуд аст. Гидросфераро ба Уқёнуси ҷаҳонӣ, обҳои континенталӣ – сатҳизаминиӣ ва зеризаминӣ ҷудо менамоянд. Қабате, ки дар дохили гидросфера ҳамаи обҳои дар ҳолати сахтбударо (пиряхҳо, барфҳо ва яхҳои доимии рӯизаминӣ ва зеризаминӣ) дарбар мегирад, криосфера (аз юн. kryos — хунук, ях ва sphaira – қабат) меноманд. Уқёнуси ҷаҳонӣ 71%-и масоҳати сатҳи Заминро инғол менамояд. Ба таври дигар, аз 510 млн км² масоҳати Замин манбаъҳои асосии обӣ (уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва яхҳо) масоҳати 361,13 млн км²-ро ишғол менамоянд. Қисми аъзами онҳоро Уқёнуси ҷаҳонӣ (96,4%) ташкил медиҳад, ки оби он аз сабаби муддати дароз ором будан ва дар он тадриҷан ҷамъшавии намакҳо шӯр аст ва барои истеъмоли инсон ва кишоварзӣ ношоям аст. Ба ҳисоби миёна дар 1 литр оби уқёнус 35 грам намак мавҷуд аст, ки 3,5%-ро ташкил медиҳад. Обҳои аз лиҳози экологӣ тоза ба пиряхҳо (1,86%), обҳои зеризаминӣ (қариб 1,68%) ва қисми ками он (0,02%) ба обҳои сатҳизаминӣ рост меоянд. Обҳои сатҳизаминӣ кам бошанд ҳам, аммо дар биосфера нақши аввалиндараҷа доранд ва сарчашмаи асосии обтаъминкунӣ ва обёрӣ мебошанд. Ҳарчанд миқдори об ин қадар зиёд бошад ҳам, вале аз сабаби нобаробар тақсимшавии манбаъҳои он дар минтақаҳо ва барои истеъмол ношоям (шӯр, ифлос) будан, норасоии он ҳамоно чун масъалаи муҳимтарини ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Аз тамоми сарватҳои обии ҷаҳон тақрибан ҳудуди 2,5%-и (35 млн км3) он оби аз лиҳози экологӣ тоза ва қобили истеъмол мебошад.
Нақши об дар ташаккули тамаддуни инсоният калидӣ аст ва аввалин марказҳои тамаддунҳои башар наздик ба манобеи об ҷойгиранд. Манобеи обӣ аз сабаби дар табиат доимо дар гардиши глобалӣ будани об дар минтақаҳо нобаробар тақсим шудаанд, дар натиҷа дар ҷое зиёдатӣ ва ё дар ҷойи дигар камию норасоии он дида мешавад. Бинобар ин, ҳамарӯза дар як гӯшаи ҷаҳон обхезию зериобмонӣ ва дар гӯшаю канори дигар аз норасоии об хушксолию биёбоншавӣ ва нобудшавии олами набототу ҳайвонот, маризиҳои мухталифи марговар ва ниҳоят фавти инсон ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, дар масири таърих одамон барои об муборизаҳои зиёд бурда, муноқишаҳою мушкилиҳои зиёдеро аз сар гузаронидаанд. Ҳоло низ як қисми низоъҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, хусусан манотиқи гармсер (тропикӣ) ба хотири дастрасӣ ба манобеи оби нӯшокӣ ва полизӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, об мақоми ҳамгироӣ, ободгароӣ ва сулҳофарӣ дорад ва барои офият ва некӯаҳволии табиату инсон ҳатмӣ ва саодатбахши зиндагии инсон мебошад.
АТОЕВ М.Ҳ.,
муаллими калони Академия,
эколог, номзади илмҳои биологӣ