ЧАРО ДАСИСАИ НОТАВОНБИНОН ЗИЁД ГАРДИД ВА Ё ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АЗ ЧӢ МЕҲАРОСАНД?

Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 30 сол аст, ки бо сарбаландӣ ба сӯи эъмори давлати озоду обод, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пеш рафта истодааст. Фазои сулҳу суботи комил, оромиву осудагӣ ва ваҳдати миллӣ дар қаламрави мамлакат бо шукргузорӣ аз тарафи шаҳрвандон қабул гардидааст. Ин ҳамаро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилотҳои аз давраи ҷанги шарҳрвандӣ боқимонда, дар як муддати кутоҳи таърихӣ, бо роҳбариву роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии халқ ба даст овардааст.

 

Лозим ба ёдоварист, ки бо вуҷуди муташанниҷ будани вазъи геополитикии ҷаҳон, таҳдидҳои ҳамарӯзаи сиёсӣ-иқтисодӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратон, алалхусус ноором будани ҳамсоякишварамон Афғонистон, Тоҷикистон фазои сулҳу суботи худро беғубор нигоҳ дошта истодааст.

 

Соли дуюм аст, ки бемории ҳамагири COVID-19 ҷаҳонро дар як ҳолати нобаҳангом овардааст. Ҳатто давлатҳои аз ҷиҳати дороии мутахассисони тиб ва технологияи навини соҳа пешсаф низ дар роҳи нест кардани ин беморӣ ночор мондаанд. Мамлакатҳои аз лиҳози рушди иқтисоди пешқадами сайёра ба камбуди доруворӣ, озуқаворӣ ва маводи ниёзи аввал рӯ ба рӯ гардиданд. Вале ҳазорон бор шукр, ки шаҳрвандони кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо дар замони пандемия ба истиснои якчанд ҳолатҳои ғайричашмдошт аз қабили каме баландравии нархи озуқаворӣ ва маводи доругӣ, ки дар тамоми сайёра ба назар расид, дигар ба мушкилоте дучор нашуданд. Дар баробари он, ки мавҷи сеюм ва чоруми паҳншавии ин беморӣ дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба ҷони шаҳрвандонашон таҳдид менамояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои орӣ аз ин беморӣ боқӣ мондааст.

 

Вале дар ҷомеа ҳастанд афроде, ки ин ҳамаро нодида гирифта, бо роҳи содир намудани хиёнату ҷиноят ва дасисаандозӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсиро дар ҷумҳурӣ ноором сохтанӣ мешаванд. Ба андешаи мо, маҳз муваффақиятҳои дар боло зикргардидаи давлату миллати тоҷик аст, ки ба чашми хоинону душманонаш чун хор халида, онҳоро ноором кардааст.

 

Тавре, ҳамагон огоҳ ҳастем, ин афроди бадгуҳар, ки худро “мухолифини тоҷик” ном мебаранд, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар инҷониб чандин маротиба кӯшиши вайрон кардани ақидаи шаҳрвандон ва бо ин роҳ ба даст овардани зимоми давлатдориро кардаанд. Вақте, ки муваффақ нагардиданд, пайваста кӯшиш намуданд, ки бо аъмоли нангинашон обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ поин оранд.

 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамаи онҳое, ки худро “мухолифини тоҷик” ном бурда, имрӯзҳо миёни ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ақидаҳои ифротии худ бар зидди давлату миллат ва роҳбарони сиёсӣ баромад намуда, ба тундгароӣ ва харобкорӣ даъват мекунанд, аслан мухолиф нестанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки борҳо кӯшиши сарнагун кардани ҳокимияти сиёсиро намудаанд ва ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бесарусомонӣ аз қабили ҷабру ситам ба аҳолии осоишта, аз худ намудани моликияти давлат бо роҳҳои ғайриқонунӣ, напардохтани андозҳо, тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва ғайра амалҳои нангин даст задаанд. Вақте, ки ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардида, таъмини волоияти қонун талаб карда шуд, онҳо саросема кишварро тарк карда, дар хориҷи мамлакат зери чатри хоҷагони хориҷиашон паноҳ бурда, аз ночорӣ худашонро “мухолифини тоҷик” эълон намуда, ба дасисабозӣ шуруъ карданд. Ин ягона роҳе аст, ки онҳо метавонанд, то як муддате дар оғуши хоҷагони хориҷиашон ва нотавонбинони миллати тоҷик панаҳ баранд.

 

Дар баробари ин афрод, қувваҳои сиёсие низ ҳастанд, ки бо мақсади ҳимояи манфиатҳои геополитикии худ ба вазъи сиёсии давлатҳои ҷавон ва дар ҳоли рушд, ба мисли Тоҷикистон кӯшиши таъсир расонидан менамоянд. Чунки дар вазъияти имрӯзаи давлатҳои Осиёи марказӣ, хусусан Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи хоси геополитикӣ қарор дорад. Душманон мехоҳанд бо шиорҳои исломӣ идеологияи экстремистии худро ҷорӣ намуда, шаҳрвандон, хусусан ҷавононро мағзшӯӣ карда, онҳоро ба ҷараёнҳои иртиҷоии экстремистию террористӣ ҷалб намоянд. Онҳо мехоҳанд, ки ба дини муқаддаси ислом ислоҳот дароранд. Ба ҷои тоату ибодат хушунат, эътироз ва хунрезиро ҷой намоянд. Ақидаҳои иртиҷоии хеш мехоҳанд байни мусулмонон низои мазҳабӣ ва дигар чизҳоро андозанд.

 

Ҷои қайд аст, ки “хоҷагони хориҷӣ” ва “қувваҳои сиёсӣ”-и дар боло зикркардаи мо яканд ва афроди бо ном “мухолифини тоҷик”, ки дар хориҷа зиндагӣ менамоянд, маҳз аз ҷониби онҳо ҳимоят ва сармоягузорӣ карда мешаванд.

 

Аз ин рӯ, аз кулли шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дохилу хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд, хусусан аз ҷавонон хоҳиш менамоем, ки бояд ҳушёриву зиракии сиёсии хешро аз даст надиҳанд. Ба дасисабозиҳои нотавонбинони миллати тоҷик фирефта нашаванд. Ба ақидаҳои ифротии онҳо таваҷҷуҳ накунанд. Тоҷикистон Ватани азизи мову Шумо аст. Ин қаламрави кӯҳистон бо меҳнату заҳмати аҷдодони мову Шумо ба хуррамзамин табдил ёфтааст. Касе ба ҷои мову Шумо ин сарзаминро обод намекунад. Обу ҳаво, боду борон ва ҳар як зарраи хоки онро муқаддас донем. Чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар хориҷ аз марзу буми он ҳимоят кунем. Ҳимояи марзу буми Ватан – ҳимояи номуси мост.

 

Афроди бо ном “мухолифини тоҷик”, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, муддатҳои зиёд дар Тоҷикистон кору фаъолият ва тиҷорат кардаанд. Аз онҳо якбор пурсед, ки чӣ хизмате ба ин Ватану миллат карданд. Чӣ нишоне аз худ гузоштанд, ки ба манфиати халқ истифода шавад. Боварӣ дорем, ки ҳеҷ гоҳ ба ин саволҳо ҷавоб дода наметавонанд.

 

Боз ҳам ба ҳамватанон, хусусан ҷавонон таъкид менамоем, ки мо бояд фирефтаи суханони хоинон ва фурӯхташудагон нашавем. Онҳо аллакай фурӯхташудаанд ва ҳамдигарро фурӯхта истодаанд. Таърих борҳо собит кардааст, ки ягон нафар аз афроди хиёнатпешаву ҷинояткор, дасисабоз, дурӯя, ватанфурӯш ва амсоли инҳо ба ҳадафи нангинаш нарасидааст. Наздик аст он рӯз, ки хоинони миллати тоҷик низ назди ин халқу миллат бо чунин амалҳои нангинашон ҷавоб хоҳанд гуфт. Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ин ҳолатро бисёр хуб ба назм даровадааст:

 

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромӯш!..

 

Раёсати таълими АИДНПҶТ

Аксҳо

Похожие записи