АВВАЛИН МАГИСТРАНТОНИ МАГИСТРАТУРАИ “МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН” СОҲИБИ ДИПЛОМ ГАРДИДАНД

330839097_922931648865503_8076919771302203074_n

Имрӯз, 16 феврали соли 2023, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими хатми аввалин магистрантони магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”  ва магистратураи хизматчиёни давлатии таҳсилоти шабона баргузор гардид.

 

Дар маросими супоридани дипломҳо ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо Нуралишоевич, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Музафар Салим, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн, роҳбари намояндагии Бунёди Ҳансс Зайдел дар Осиёи Марказӣ, доктор Макс Георг Майер ва кормандону омӯзгорони Академия иштирок намуданд.

Чорабиниро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия, дотсент Карамалишоев Карамалишо ифтитоҳ намуда, магистрантонро ба муносибати хатми бомуваффақияташон таҳният гуфта, таъкид намуд, ки шумо хушбахтарин нафароне мебошед, ки аввалин шуда “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-ро омӯхтед ва роҳи худро дар оянда мунаввар сохта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми боризи худро хоҳед гузошт.

Ноиби ректори Академия ёдовар гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва пурқувват намудани иқтидори ҳайати кадрӣ хизматчиёни давлатӣ ва таҳқиқу омӯзиши Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Академия магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-ро таъсис дод. Ҳадаф аз ташкили магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” омӯзиши мактаби идоракунию давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Барои ҳамаи мо, бахусус хизматчиёни давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ татбиқ менамоянд, зарур аст, ки мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзем ва онро дар фаъолияти ҳарӯзаамон татбиқ намоем.

Ҳамзамон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз соли 2009 то инҷониб ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангиро дар самти баланд бардоштани самаранокии вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва такмили ихтисоси касбии хизматчиёни давлатӣ ҳамкории пурсамар ва натиҷабахшро ба роҳ мондааст.

То имрӯз садҳо нафар хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мусоидати Фонди Ҳаннс Зайдели Олмон давраҳои омӯзиширо дар зинаи магистратура дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатм намуданд.

Ҳамасола дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар самти зинаи магистратураи рӯзона 60 нафар ва дар самти зинаи магистратураи таҳсилоти шабона то 65 нафар хизматчиёни давлатӣ мувофиқан дар муддати як ва ду сол ба таҳсил ҷалб карда мешаванд. Пас аз хатми зинаи магистратураи мазкур хизматчиёни давлатӣ бо донишу малакаи нав ва кордониву зиракии сиёсӣ ба мақомоти худ баргашта, ҷиҳати пешбурду татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таъмини рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа ва амалишавии ҳадафҳои стратегии пешгирифтаи Ҳукумати кишвар кору фаъолияти худро бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, ташаббускориву созандагӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва бо неруи нави илмиву амалӣ идома медиҳанд.

Меҳмонони маросими хатм зимни суханронии худ иброз намуданд, ки ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Имрӯз қисми зиёди хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба садоқати насли ҷавон ва қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд. Шумо, ҷавонони саодатманд зинаи магистратураро дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муосиртарин шароит ба итмом расонидед. Умед дорем, ки оянда барои халқу Ватани худ хизмати содиқонаву софдилона хоҳед кард

Дар ин радиф, баҳри таъмини баробарии гендерӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти иштироки занон дар хизмати давлатӣ соли 2023 дар зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” 44 нафар магистрант, ки аз инҳо 23 нафарашон зан, инчунин дар зинаи магистратураи хизматчиёни давлатии Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз шумораи умумии 50 нафар магистрант, 12 нафари онҳоро занону бонувони ташаббускор ташкил медиҳанд.

Дар фарҷом аз ҷониби шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Похожие записи