АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

329786539_904700994208645_5969981425076409340_n

“Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.

Конститусияи Ҷумурии Тоҷикистон, моддаи 43

 

Артиши миллии кишвари навбунёдамон дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодӣ таъсис дода шуд. Боиси ифтихор ас, ки дар як муддати кутоҳ дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад, ба неруи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ, ки он зодаи Истиқлолияти давлатӣ аст, табдил ёфт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бо ишора ба садоқати ин неруи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намуданд: “Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст”. Аз даврони таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, инчунин, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

Бояд зикр намуд, ки дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳарбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ новобаста аз мавҷудияти мушкилот бо аксар давлатҳои ҷаҳонӣ, махсусан бо Федератсияи Россия ҳамкории дуҷониба дорад. Тоҷикистон шарики стратегии Федератсияи Россия маҳсуб меёбад ва аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ хизматчиёни ҳарбии мо дар макотиби олии Вазорати мудофиаи ин кишвар таълим мегиранд. Дар самти пешбурди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давлатҳои гуногун, ба мисоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Франсия ва Амрико таҳсили ҳарбиро идома дода истодаанд. Бо ҳамкории масъулини вобастаи низомии давлатҳои Франсия, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Федералии Олмон ва Амрико дар Донишкадаи ҳарбӣ ва литсейҳои ҳарбии ҳудуди кишвар курсҳои махсуси омӯзиши забонҳо ташкил ёфтаанд, ки мақсади асосии онҳо омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва низомиён мебошад.

Дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдид мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди неруҳои ба амнияти ҷаҳон таҳдидкунанда ва дар маҷмуъ қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Хушбахтона, имрӯз новобаста аз вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон Артиши миллии мо фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини суботу амният, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланд ва содиқона ба анҷом мерасонанд.

Воқеан, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди гуруҳҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе манотиқи кишвари маҳбубамон баҳри фурӯ нишонидани ошӯбҳои исёнгароёнаи хоинону душманони миллати тоҷик бо гузаронидани даҳҳо амалиёти махсус садоқат ва матонати худро ба Ватани азизамон борҳо собит кардааст.

Дар ин росто, ба тамоми хизматчиёни ҳарбии шуҷоатманди кишвари соҳибистиқлоламон, ба он нафароне, ки баҳри амнияти Тоҷикистони азизамон бо ҷонфидоӣ адои хизмати ҳарбӣ менамоянд, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Шубҳае нест, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро дар ҳифзи амнияти давлат ва таъмини сулҳу субот, зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи неру ва донишу малакаи худро сарф менамоянд ва ба халқу Ватани худ чун фарзандони бонангу номус содиқонаву софдилона хизмат мекунанд”.

Ҳукумати кишвар заҳмату ҷасорат ва фидокориву матонати ҳомиёни содиқи Ватанро ҳамеша қадрдонӣ карда, дар баробари дигар дастгириҳо то имрӯз садҳо нафар афсару сарбози Қувваҳои Мусаллаҳро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз гардонидааст. Мустаҳкам намудани рӯҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ шохаи асосӣ ва муҳимми корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад.

Мо — мардуми шарафманди Тоҷикистон бояд дарк намоем, ки соҳиби Артиши миллии ҳифзкунандаи марзу буми кишвари азизамон ҳастем ва ҳаёти осоиштаи халқи маҳбубамон, маҳз аз самараи хизмати софдилонаи ҳар як ҳизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Ҷавонони имрӯза бояд ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро чун вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ ва қарзи ҷонию имонии худ бидонанд.

 

Хуршед САЙДАЛИЕВ,

доктори фалсафа (PhD) дар иқтисодиёт, дотсент,

ходими пешбари илмӣ-дотсенти Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

Похожие записи