ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ИТТИҲОДУ ПОЙДОРИИ ҶОМЕА

IMG_7991

Таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолият – ин ду рукни асосӣ боиси рушд ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, дар марҳилаи кунунӣ ваҳдат бевосита кафили рушди устувору муътадили ҷомеа дониста мешавад. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои умумии инкишоф ваҳдат яке аз омилҳои устувории низоми ҷамъиятӣ ва сафарбарии мақсадноки аъзоёни ҷомеа маҳсуб меёбад.

 

Ваҳдати миллие, ки имрӯз дар Тоҷикистон поягузорӣ шудааст, воқеан ҳам тавонист дар роҳи таъмини рушди босуботи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии кишварамон мусоидат намояд. Ин ваҳдат пеш аз ҳама дар хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи миллӣ таҷассум ёфт, ки кулли аъзоёни ҷомеаи мо интизораш буданд. Ҳар як фарди ҷомеа имрӯз бевосита ҳис карда метавонад, ки раванди таҳкими ваҳдати миллӣ нуфузу мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ба сатҳи комилан нав баровард ва мавқеи онро дар муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли бисёр масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ дар мадди аввал гузошт. Имрӯз Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳо дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ ва рушдёбанда устуворона қадам мегузорад ва бешубҳа метавон гуфт, ки дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон соҳиби мақому манзалати хеш аст.

 

Ҳамагон хуб медонанд, ки ваҳдати миллӣ ба сатҳи худшиносии миллӣ ва дарки амиқи моҳияти ватандорӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Зарурат ва аҳамияти бузурги ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат эҳсос мешавад. Зеро соҳиб шудан ба истиқлолият барои ҳар як халқу кишвар кори саҳлу андаке нест, ҳифзу таҳкими ин ганҷинаи бебаҳо бошад кори мушкилтар аз он аст. Роҳи расидан ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале амалияи ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ аз ҳар як сокини кишвар ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва маданияти сиёсии устуворро тақозо менамояд.

 

Бояд қайд кард, ки ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои пурарзишест, ки ҳам дар дохили худи мамлакат ва ҳам дар байни кишварҳои сайёра мавриди эътирофи ҳамагон ва тадқиқу омӯзиши васеъ қарор гирифтааст. Яъне таърих бори дигар собит менамояд, ки заҳмату талошҳои Пешвои маҳбуби миллат Эмомалӣ Раҳмон беҳамто буда, кӯшишҳои босуботи ин абармарди қаҳрамон баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ асрҳо дар дилу дидаи мардуми тоҷик ба таври абадӣ боқӣ хоҳад монд.

 

Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи тақдирсози таърихии кишвар ҳамчун омили неруманди муттаҳидшавии ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро иҷро намуд. Имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ, худогоҳӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқу тарғиб карда шавад. Дар ин замина, мо бояд дар шуури наслҳои имрӯзу оянда ғояҳои саодатбахши расидан ба қадри истиқлол ва сабақҳои сулҳу ваҳдатро тавассути барномаҳои фарогир дар байни мардум, алалхусус насли ҷавони кишвар беш аз пеш таблиғ намоем. Тақозои замон низ ҳамин аст, ки консепсияи Ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эълон гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.

 

Имрӯз кулли давлатҳои гирифтори мухосамат ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон чун роҳи мусоламат муроҷиат мекунанд, онро меомӯзанд ва сабақ мебардоранд. Бояд гуфт, ки истиқрори сулҳи тоҷикон на ҳодисаи кӯтоҳмуддату муваққатӣ, балки падидаи бардавом ва абадӣ мебошад.

 

Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ваҳдату ҳамбастагӣ ба сифати кафили пешрафти ҷомеа бояд пайгирона фаъолияти кулли ниҳодҳои расмию ғайрирасмии ҷомеа эътироф карда шаванд ва барои дар зеҳни аъзоёни ҷомеа ҷой додани муҳтавои онҳо иқдомҳои ҷиддию ҳамешагӣ сурат гиранд.

 

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои миллат, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ҳамраъйиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеӣ гузошт.

 

Дар замони пуртазоди имрӯза, ки минтақаҳои мухталифи ҷаҳонро нооромиву бенизомӣ, ихтилофоти сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифтааст, масъалаи гиромидошту ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти хоса касб кардааст. Дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафҳои воқеан олӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятамонро ҳамаҷониба таҳлил намоем ва ба рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои воқеӣ ва ҳақиқӣ диҳем.

 

Бо итминони комил метавон гуфт, ки маҳз бо риоя намудани талаботҳои муайян мо муносибати эҳтиромонаи хешро ба фазои орому осудаи кишвар, дӯстию рафоқати байниҳамдигарии халқияту миллатҳои гуногуни дар қаламрави ҷумҳурӣ сукунатдошта ва ба ин васила ба сарзамини зебою фараҳбахш, табиати пурфайзу пурғановати диёр, Ватани маҳбуби хеш зоҳир сохта, ҳимоятгари ваҳдати миллӣ будани хешро собит месозем ва баҳри ба қуллаҳои баландтари саодат ва хушбахтӣ расидани миллат саҳми худро мегузорем.

 

Ҳамин тариқ, бо итминон метавон изҳор дошт, ки дар марҳилаи кунунӣ ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистони тозаистиқлол ҳамчун рамзи иттиҳоду пойдории ҷомеа дониста мешавад. Таҳкими раванди ваҳдати миллӣ ба устувории суботи иҷтимоӣ ва таъмини муносибати мутавозини миёни ҷомеа, давлат ва халқ мусоидат намуда, дар умум барои мустаҳкам гаштани миллат ва пешрафти давлат заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

 

Мирмуҳаммад ҲАМРОЗОДА,

корманди Академия

Похожие записи