ВОХӮРӢ  БО СОБИҚАДОРИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ МАРҲАБО ҶАББОРӢ

IMG_5488

Имрӯз, 27 феврали соли 2023, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи “Малакаи роҳбарӣ” собиқадори хизмати давлатӣ, собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Марҳабо Ҷабборӣ бо занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ вохӯрии судманд доир намуд.

 

Собиқадори хизмати давлатӣ, профессор Марҳабо Ҷабборӣ дар доираи вохӯрии мазкур вобаста ба масъалаҳои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумату давлат нисбати занон,  нақши занон дар пешбурди ҷомеа, иштироки занон дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва таҷрибаи бойи худ, бо шунавандагони курс суҳбати самимӣ намуд.

Профессор Марҳабо Ҷабборӣ дар суханронии худ қайд кард, ки боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо, бонувон аст, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар вохӯрию суханрониҳои хеш аз заҳмату талошҳои занон ва бовариашон ба ғайрату шуҷоати эшон ёд менамоянд. Ҳамин дастгириҳост, ки имрӯзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо карда, дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас доранд. Боиси ифтихори мо, бонувон аст, ки Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияти эшон назари нек доранд ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати онҳоро ҳамеша намунаи ибрат меоранд.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дастгириҳои занон аз ҷониби Сарвари давлат боис ба он шуд, ки онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона намоянд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ки зани маърифатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд, балки ҷомеаро тарбият намоянд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ фаъолияти назаррас дошта, дар самти роҳбарӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд.

Шунвандагони курс дар доираи вохӯрӣ ба собиқадори хизмати давлатӣ Марҳабо Ҷабборӣ вобаста ба малакаи роҳбарӣ ва нозукиҳои хизмати давлатӣ саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.

Похожие записи