ГӮШ ҲАРФИ РОҲБАР БОЯД КУНЕМ…

321716141_553675866639463_8285797444114216496_n

Паёми Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳуҷҷати сарнавиштсоз буда, он тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриро дар тулӣ як соли фаъолият натиҷабандӣ намуда, вазифаҳоро барои як соли оянда муайян менамояд.

 

Тавре мо иттилооъ дорем, ҳамасола дар Паёми Роҳбари давлат самтҳои гуногуни рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат баррасӣ мегарданд, ки ин навбат низ мисли ҳамасола самтҳои кор бо ҷавонон ва илму маориф дар мадди аввал гузошта шуда, ҳамчун самтҳои афзалиятнок эътироф гаштанд. Зеро илму маориф такягоҳи муътамади рушду тараққиёти ҳар як давлати комилҳуқуқ маҳсуб ёфта, пешрафти ҳамаи соҳаҳо, маҳз аз самти илму маориф вобаста аст. Бинобар ин, баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҷавонону наврасон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои судманд рӯйи кор омадаанд, ки ин ҳадафҳо баҳри баланд бардоштани савияи дониши мо, ҷавонон равона шудаанд.

Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илму маориф самти калидӣ маҳсуб ёфта, пайваста дар ин самт навгониҳо ва дастгириҳои судманд рӯйи кор меоянд. Дар Паёми имсолаашон Роҳбари маорифпарвари миллат боз як рӯйдоди фараҳбахшро ба самъи ҳамагон расониданд, ки ин аз 1 июли соли 2023 маоши кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ба андозаи 20 фоиз зиёд намудани стипендияи донишҷӯёну магистрҳо, аспирантону докторантҳо аз 1 июли соли 2023 амалӣ гардида, ин ҳам бошад ба хотири дастгирии иҷтимоии ин қишри ояндасози ҷомеа равона шудааст.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳади миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон дар ҷомеи мо қувваи бузург ҳисобида шуда, ояндаи Тоҷикистон аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кушишу ғайрати ҷавонон вобастагӣ дорад. Мо, ҷавононро мебояд ҳамчун идомадиҳандагони ҳадафҳои волои Пешвои миллат бо мақсади нигоҳбонии арзишҳои миллию фарҳангӣ, инсондӯстӣ, пойдории сулҳу субот ва ба хотири тараққиёту пешрафти ояндаи Тоҷикистони азизамон талошу кӯшишҳои пайгирона намуда, саҳми босазо ва арзандаи худро дар ободию рушд ва пешрафти Ватани азизамон гузорем.

Дар ҷавоб бо ин ҳама ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, ҷавонону донишҷӯёнро зарур аст, ки ҳамеша бо баҳои хубу аъло хонда, дӯстдори давлату миллати худ бошем ва дар оянда дар пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми назараси худро гузорем. Зеро гулгулшукуфоии меҳани азизамон аз мо насли садоқатманду соҳибмаърифаташ вобаста аст.

Яка аз суханҳои пурмазмуну пурмуҳтаво ва тилоии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ин буд, ки “шукрона кунем, ки Ватани соҳибистиқлол дорем”. Дар ҳақиқат бояд ҳар яки мо, мардуми шарафманди тоҷик ҳамеша ва ҳар лаҳза шукрона аз ободовиву озодӣ ва аз Роҳбари хираманду донишманд, фарзона фарзанди миллат, маҳбуби дили ҳамагон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунем ва таъбири шоирро шиори ҳаррӯзаи худ донем:

Гӯш ҳарфи роҳбар бояд кунем,

Дуртар роҳи назар бояд кунем.

Дасти нанги худ сипар бояд кунем,

Қатраҳоро ҳам гуҳар бояд кунем.

Дар ҳама майдон зафар бояд кунем,

Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

 

Некрӯз САИДОВ,

донишҷӯи Академия

Похожие записи