Эълон оид ба ҳимояи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм
Санаи ҳимоя: 27.12.2023, соати 10:30
Санаи ҷойгиркунӣ: 18.10.2023
Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-044
оид ба ҳимояи рисола эълон менамояд
Эълони ҳимояи Давлатзода Фаридҷон Мирзоалӣ
27 декабри соли 2023, соати 10:30 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-044 назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (734003, ш. Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33) ҳимояи диссертатсияи Давлатзода Фаридҷон Мирзоалӣ дар мавзуи “Вазъи маъмурӣ-ҳуқуқии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, қонунгузорӣ ва амалия” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.14 — Ҳуқуқи маъмурӣ; ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) баргузор мегардад.