ИДИ ҒAЛAБA — РAМЗИ ПИРӮЗИИ СУЛҲ БAР ҶAНГ

IMG_3630

ТАБРИКОТИ

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

 

Устодони гиромӣ!

Донишҷӯён ва магистрантони азиз!

 

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшношуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён, азиз ва гиромӣ аст.

 

Ба ин муносибат ҳар яки Шуморо самимона табрик намуда, баҳратон сиҳатию саломатӣ, рӯзгори орому осуда ва хотири ҷамъ орзу менамоям.

 

Ҳифзи хотираи таърихӣ ба хотири ояндаи дурахшон бешак амали волои инсонӣ ва рисолати олист. Моро мебояд, ки дар фазои осоишта, дар Ватани озоду соҳибистиқлол, зери дурахши машъали ҳуррият, аз таърих ёд оварем ва хотираи онҳоеро, ки ҷаҳони моро ороста карданду ҷон таслим намуданд, то ҳастем, зинда нигоҳ дорем.

 

Дaр тaқвими мо Иди Ғaлaбa чун рaмзи пирӯзии сулҳ бaр ҷaнг, рӯшноӣ бaр торикӣ вa хaйр бaр шaрр ҷой додa шудaaст. Дaр ин рӯз aҷдодони қaҳрaмони мо бо мaтонaту диловaрӣ сaрзaмини худро aз душмaн ҳифз нaмудa, бaрои нaслҳои ояндa зиндaгии озодонaро муҳaйё нaмудaнд.

 

Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд аст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ин санаи фаромӯшнопазири таърихро дар шинохти қадри сулҳу субот ва ваҳдату ҳамзистии осоиштаи бани башар унвон карда, баён намудаанд: “Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна неруҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд”.

 

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.

 

Воқеан, эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии фарзандони барӯманд ва ватандӯсти миллатамон буд, ки имрӯз бароямон намунаи ибрат ва сабақ аст ва мо истиқлоли давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем.

 

Дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯз ва шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ масоили ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати байни миллатҳо, таҳаммулпазирӣ, мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ бояд дар мақоми аввал қарор дода шавад. Баробари ин, бо ифтихору эътимод гуфта метавонем, ки дар соли таърихии омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насли ҷавони кишвари маҳбубамон чун идомадиҳандагони анъанаҳои нек, бо баҳрагирӣ аз корномаҳои гузаштагони ватандӯсту шуҷои хеш бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ неруи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намоянд.

 

Бо чунин ниятҳои нек, Шумоёнро, бори дигар, бо Иди Ғалаба табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу осоиш ва файзу баракат таманно мекунам.

 

76-умин солгарди Ҷашни Ғалабаи бузург муборак!

 

Аксҳо

Похожие записи