ИСТИҚЛОЛ – МУАЙЯНКУНАНДАИ САРНАВИШТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Пайрав исоев

“Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳимме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян менамоянд. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад,” — таъкид намуданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатӣ.

 

Бешаку шубҳа дар фарози таърих хушнудтарин паём, волотарин дастовард ва бузургтарин комёбӣ барои ҳар давлату миллат, бахсус миллати тоҷик, даст ёфтан ба истиқлоли комил ба ҳисоб меравад. Бо ба даст овардани истиқлол дар кишвари мо арзишҳои давлатдорӣ эҳёву эътироф гардида, дар сиёсати дохилию хориҷӣ низому қоида ҷорӣ гардид.

 

Имрӯзҳо тамоми миллати тоҷик хуб медонанд, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ давлатдории мо роҳеро тай намуд, ки тамоми гузаштагони мо онро орзу менамуданд. Ин орзуро бошад, маҳз истиқлол ва давлатдории озоду соҳибихтиёрӣ амалӣ намуд.

 

Аз истиқлоли кишвари мо 30 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат давлати мо ба дастовардҳои назаррас ва шоён ноил гардид, ки дар гузашта назир надоштанд. Маҳз дар ин давра мартаба ва нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардиданд.

 

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Ҳамчунин, имрӯзҳо кишвари мо чун шарики стратегӣ бо як қатор давлатҳои бонуфуз ҳамкории зич дорад. Дар дунё кишваре нест, ки ҷумҳурии моро нашиносаду эътироф нанамояд.

 

Аз аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба озодии сухану виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷ гузошта, рушд намуда истодааст.

 

Бояд гуфт, ки истиқлол беҳтарин ва пурарзиштарин дастоварди мо — тоҷикон ба шумор меравад. Зеро мо тавонистем, ки тавассути истиқлол номаи тақдири худро ба дасти хеш нависем. Ҳам дар низоми давлатдорӣ ва ҳам дар сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба таври мустақил худ амал намуда, ба ҳадафҳои созандаи худ ноил гардидем. Дар ин радиф кӯшишу талошҳое, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди давлат ва давлатдории тоҷикон карданд, бебаҳост. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо тавонистем, ки худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем ва набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра баробар созем.

 

Пайрав ИСОЕВ,

сармутахассиси шуъбаи дуюми раёсати

кадрҳо ва корҳои махсуси Академия

Похожие записи