ИСТИҚЛОЛ – БУНЁДИ ҚАСРИ САОДАТМАНДӢ

273363

Қабл аз он, ки дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон ҳарф занем, бояд мафҳуми “истиқлол”-ро шарҳу возеҳ намоем. Зери мафҳуми истиқлол мо соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ, мустақилияти сиёсиро мефаҳмем. Аллома Иқбол саодати миллатро дар такопӯ ва худфарсоӣ баҳри озодӣ ва шукуфоии зодбум мебинад.

 

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш б
а дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

 

Ҳамин маъниро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ дар бахши “Сабақҳои таърих ва озмоишҳои мактаби Истиқлолият” хеле нишонрас, возеҳ ва равшан ифода кардааст. “Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоиштаи шахсӣ ва соҳибдавлату соҳибватан аст”.

 

Албатта давлате, ки соҳибистиқлол аст, метавонад ба қуллаҳои баланд бирасад. Имрӯз аксарияти давлатҳо аз надоштани истиқлоли хеш танқисӣ мекашанд. Мисол меорем, давлати ҳамсарҳаду ҳамсояи кишвари мо Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки зиёда аз чиҳил сол мешавад дар ин кишвар ҷангҳои бардавом рафта истодааст. Мардуми ин сарзамин орзуву ормони истиқлоли давлати хешро дар дилҳояшон парвардаанд.

 

Менигарем ба таърихи соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар аввал мо паҳлӯҳои зеринро бояд баррасӣ намоем: мушкилотҳо барои ба даст овардани истиқлолияти миллии тоҷикон, роҳҳои бартараф кардани мушкилотҳо барои соҳибистиқлол шудани давлати Тоҷикистон ва хизматҳои шахсони барҷастаи таърихии тоҷикон баҳри мустақилияти ҷумҳурии  азизамон, натиҷаи соҳиб гаштани давлати Тоҷикистон ба истиқлолият ва гузоштани қадамҳои устувор ба ояндаи дурахшон баҳри зиндагии шоистаи мардуми диёр.

 

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ соҳибистиқлол нагардидааст. Барои ба ин неъмати бузурги илоҳӣ соҳиб гаштан мардуми шарифи Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд намудаанд. Ҳатто абармардони тоҷик барои истиқлолияти Тоҷикистон аз баҳри ҷони худ гузаштаанд. Маълум аст, ки Тоҷикистон пеш аз ба даст овардани истиқлолият дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт. Баъд аз он ки Иттиҳоди Шӯравӣ пош мехӯрад, давлатҳои ба он аъзо истиқлолияти сиёсии худро эълон мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар фикри бунёд намудани давлати навин буд. Мардуми тоҷик дар пеши худ мақсад гузошта буд, ки то истиқлолияти худро соҳиб гардаду худро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақилу озод муаррифӣ намояд. Моҳи августи соли 1990 Тоҷикистон “Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд. Баъдтар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи бузурги таърихӣ рӯй дод, ки дар дили миллион нафар тоҷику тоҷикистонӣ солҳо асар мегузорад. Рӯзи 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Вале, мутаассифона пас аз як соли соҳибистиқлолии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ омад. Моҳи марти соли 1992 кишвари мо ба мамлакати ҷангзада табдил ёфт. Ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон оқибатҳои манфии зиёде овард. Дар мамлакат бенизомӣ ба вуҷуд омад. Хуни ҳазорҳо нафар рехт. Чандин ҳазор нафар кушта шуд ва чандин тани дигар захмӣ шуданд. Аксарияти мардуми кишвар роҳи гурезро пеш гирифтанд. Роҳ ба сӯи Афғонистон, Россия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон мардуми моро гуреза ва сарсону саргардон намуд. Солҳои вазнин буд солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷанг мардуми кишварро соҳибхонаашро бехона кард. Мисли Рустаму Суҳроб писар гиребони падарро гирифт, бародар бо бародари худ меҷангид.

 

Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки қувваи сеюм буд, то ин ки мардуми моро бо ҳам ҷанг биандозанд. Душманони миллати тоҷик аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон хурсанд набуданд. Дар сар нақшаи вайрон намудани сулҳи Тоҷикистон ва аз байн бурдани давлати моро доштанд. Ба мардум силоҳ дода, онҳоро даъват ба кӯчаҳои шаҳрҳои Тоҷикистон менамуданд, то бар зидди ҳукумат эътироз баён намоянд. Мардуми Тоҷикистон дар он рӯзҳои сахту сангин гуруснаву ташна буданд. Дар мағозаҳо навбат барои нон аз субҳ то шом меистоданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон шоиру олиму нависандагони зиёдеро аз даст дод. Дар гӯши тифл саҳаргоҳ ба ҷойи садои аллаи модар садои тир садо медод.  Кишвар қариб несту нобуд мешуд. Ба мисли дарахти береша гашта буд. Лозим буд, ки нагузоранд то ин ки ин дарахт аз байн биравад. Нафароне, ки дар ҳамон солҳо силоҳ дар даст гирифта, дар майдонҳо садо баланд мекарданд, ҳоло бошад, пушти панҷара пушаймон шудаанд. Қабристонҳо пур аз мурдаҳои мардум буд. Нафароне, ки дар даст силоҳ гирифта, дар майдонҳо садо баланд мекарданд ё ин ки дигаронашон даст ба куштор мезаданд, намедонистанд кори мекардаи онҳо ба чӣ мақсад аст. Аслан онҳо ҳамон гумроҳшудагоне буданд, худро ба ду тангаи ночиз фурӯхта буданд. Онҳо дӯстдори миллат не, балки хоинон ва душманони миллати тоҷик буданд. Онҳо сифати ҳайвонотро доро буданд, ба ҳеҷ касе раҳм намекарданд, на ба кӯдаку на пиру ҷавони кишвар. Ҳар касе, ки аз пеши роҳашон мебаромад, раҳм накарда, онҳоро мекуштанд. Замоне буд, ки дар замини Тоҷикистон фақат хоку чанг буд, садои тиру туфанг бедор мекард мардумро аз хоби нозаш, садои фиғони модару падар буд, дар лаби тифли гаҳвора ба ҷои ханда садои гиряву нола буд.

 

Дар ҳамон давра нафаре лозим буд, ки то ин бенизомӣ, ноадолатӣ ва ҷангу ҷидолро аз байн бибарад, сулҳро ҷорӣ намояд. Нафаре буд ҳатто аз баҳри ҷонаш барои барқарорсозии сулҳи тоҷикон гузашт. Ҷавониашро фидо кард, то ки ватанаш ҷавону пойдор бимонад. Аз душманони миллат натарсида, баҳри ободии кишвар қадамҳои устувор гузошт. Мардумро сарҷамъ кард, ватанро аз парокандагӣ нигоҳ дошт — ин шахс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Баъди он ки 6 ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, пас аз як рӯзи интихоб шуданаш ба мансаби президентӣ ӯ дар фикри сарҷамъии миллат буд. Натарсида аз душманони миллат ба майдони сиёсат баромада, мардумро ба сулҳу субот даъват намуд. Ӯ гуфт, ки биёед, ин ҷангро бас кунед, чунки миллат аз байн меравад, давлат нест мешавад. Ба Афғонистону Россия ва дигар кишварҳои ҷаҳон ба хотири баргардонидани гурезаҳои Тоҷикистон рафта, бо эшон мулоқот доир намуд. Ба онҳо гуфт, ки биёед, ватанро якҷоя бо ҳам ободу зебо мекунем.

 

Қобили зикр аст, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдааш вафо карда, мардумро сарҷамъ намуда, гурезаҳои тоҷики дур аз ватанро баргардонида, сулҳу ватанро дар Тоҷикистон барқарор намуд. Бо мухолифони давлати Тоҷикистон сари миз нишаста, аз онҳо даъват ба амал овард, то онҳо аз ин кори зишташон даст бикашанд. Ватанро обод намуду аз вартаи ҳалокат раҳо намуд.

 

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Албатта ҳар кор баъди кӯшишҳои зиёд натиҷаю самараи хуб дорад. Натиҷаҳои соҳибистиқлол гаштани миллати тоҷик дар он аст, ки мо тавонистем давлати навини худро аз сари нав эҳёву барқарор созем ва тӯли ҳазорсолаҳо боқӣ бимонад. Имрӯз давлати моро мешиносанд ва моро низ эътироф менамоянд. Дар арсаи ҷаҳонӣ парчами давлати мо парафшон аст.

 

Мо набояд дигар он ҳолатеро, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистони азизамон рух дода буд, такрор намоем. Мо бояд аз пайи ислоҳи ҷомеаи худ шавем. Муттаҳид шуда, қадамҳои устувор ба сӯи муваффақият гузорем ва монеаҳои пешомадаро паси сар кунем. Мо, халқи тоҷик, метавонем ба қуллаҳои аз ин ҳам баландтар бирасем, худро ба оламиён нишон бидиҳем ва бо сари баланд бигӯем, ки мо, миллати тоҷик, бо таърихи  чандин ҳазорсолаи худ фахр мекунем, метавонем давлати бузурги худро боз ҳам зеботару ободтар намоем.

 

Шодмон СОБИРОВ,

магистранти курси 1

Похожие записи