ИФТИТОҲИДАВРИ АВВАЛИ  КУРСИ “ЗАН — САРВАР” ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

IMG_8092

21 июни соли 2021 бо иштироки Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода ва омӯзгорону лекторон даври аввали курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он ифтитоҳ гардид.

 

Дар курси мазкур 25 нафар занони фаъолу лаёқатманди хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он дар шаҳри Хуҷанд ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

 

Курси омӯзишии дуалӣ се давраро дар бар гирифта, баъди анҷоми он  шунавандагон аз рӯи барномаи “Зан – сарвар” бо Шаҳодатнома сарфароз гардонида мешаванд, ки барои болоравии мансабии онҳо нақши муҳим мебозад.

 

Курсро муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ифтитоњ намуда, қайд намуд, ки имрӯзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд ва дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас менамоянд.

 

Сипас, ректори Академия Ғафурзода А.Д. иброз дошт, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, ба он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ мақомоти қонунгузори мамлакат то ба имрӯз як зумра санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

 

Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Бибиосия Аюбӣ тазаккур дод, ки масъалаи дастгирии бонувон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бонуни кишвар имрӯзҳо бо дониши мукаммал, матонату ҷасорат ва малакаи хуби кордонии худ дар соҳаи идоракунии давлатӣ муваффақона фаъолият намуда, дар амалигардонии сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ҳиссагузорӣ намуда истодаанд.

 

Ёдвар мешавем, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар асоси дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» курсҳои омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан – сарвар”-ро дар саросари ҷумҳурӣ ба нақша гирифтааст.

 

Академияи идоракунии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикон курси омӯзишии дуалиро соли 2019 оғоз намуда, 300 нафар занони хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба таҳсил фаро мегирад.

Похожие записи