ИШТИРОКИ ДАСТАИ ШОҲМОТБОЗОНИ АКАДЕМИЯ ДАР МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ КУШОД ОИД БА ШОҲМОТ

photo_2021-06-23_15-06-07

Дар доираи ҳидоятҳои варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу ташвиқи бозии шоҳмот ва рушди соҳаи варзиш, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва дӯстдорони шоҳмот, ҷалби устодону кормандон ба варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ байни устодону кормандони макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шурӯъ аз 21 июни соли ҷорӣ мусобиқаи ҷумҳуриявии кушод оид ба шоҳмот дар соли 2021 ҷараён дорад.

 

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои ҳайати устодону кормандони воҳидии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар доир гардида истодааст.

 

Дар мусобиқаи мазкур дастаи шоҳмотбозони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок доранд.

 

Мусобиқаи мазкур то 05 июли соли 2021 идома ёфта, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Похожие записи