МАВҚЕЪ ВА НУФУЗИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ ДАВЛАТӢ

Дилшода

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Барҳақ зан сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ буда, барои ҳар яки мо нахустин мураббӣ ва муаллим мебошад. Зан — модар   бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунад ва қалби покаш ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад

 

Агар ба санадҳои таърих андеша намоем, маълум мешавад, ки нахустин ҳаракати занон ҷиҳати иштирок дар сатҳи идоракунии давлатӣ ин ба даст овардани ҳуқуқи иштирок дар маракаҳои интихоботӣ буда, ин кушиши онҳо муҳлати муайяни дурударози таърихӣ идома ёфта буд.

 

Дар нимаи садаи XX занон пайваста баҳри ба даст овардани ҳуқуқҳои сиёсии худ кӯшиш намуданд. Чунки муваффақ гаштан ба ин ҳадаф муборизаҳои навро тақозо менамуд. Нисбат ба мавқеи зан дар фарҳангҳо ва тамаддунҳои ҷомеаи ҷаҳонии гузашта андешаҳои гуногун доштаанд. Дар баъзе аз фарҳангҳо ва тамаддунҳо занон-модарон танҳо моликияти мардон (падарон ва шавҳарони худ) буданд, дар дигарашон соҳиби озодиҳои нисбӣ буда, ҳуқуқҳои онҳо бо қонун ҳифз карда мешуд.

 

Аз даврони аввали истиқлолияти кишварамон мушкилоти беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишварамон қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.

 

Сиёсати пешгирифтаи Президенти маҳбуби кишварамон дар масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар сиёсат заминаи қавии меъёрию ҳуқуқӣ дошта, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба тасвиб расидаанд. Пеш аз ҳама, моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Барномаи давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои баробари мардон ва занон”, “Барномаи давлатии дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии занон дар сиёсат” ва ғайраҳо мусоидат менамояд.

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқӣ ва озодии занонро пурра кафолат медиҳанд.

 

Чунки занон фаъолона ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар ворид гашта истодаанд, ки ин падидаи нек дар самти боло бурдани маърифату фарҳанги сиёсии ҷомеа ва омили муҳим дар рушди минбаъдаи мамлакат маҳсуб меёбад.

 

Роҳбарии занон ҳамчун масъалаи сиёсию иҷтимоӣ ва равонию фарҳангӣ хеле васеъ буда, нисбат ба он дар байни мутафаккирону олимони замонҳои гуногун фикру ақидаҳо гуногунанд. Баъзеҳо нақши роҳбарии занон ва саҳми созандаи онҳоро дар рушду пешрафти ҷомеа ҳисобида, баҳри тақвияти минбаъдаи ин раванд таклифу пешниҳодҳои судманд пешниҳод мекунанд. Қисми дигар бошад, баръакс, мухолифи мақом ва нуфузи занон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ буда, натанҳо аз ниҳоди роҳбарии занон, балки аз ширкати онҳо дар ҳаёти ҷомеа норозигӣ мекунанд.

 

Таҳлили сиёсати иҷтимоии давлат нишон медиҳад, ки мақсад ва мароми роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар ин самт равшану возеҳ аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба неруи занон доимо такя намуда, ба онҳо ҳамчун қувваи созанда ва боэътимоди ҷомеа назар дорад. Ин аст, ки дар сатҳи давлатию умумимиллӣ ва маҳаллӣ барномаю стратегияҳое қабул шудаанд, ки ҳадафашон баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи занон дар ҷомеа мебошад. Ин амалҳо натанҳо ба пешрафти сарварии расмии занон, балки ба дастгирии сарварии ғайрирасмии онҳо низ нигаронида шудааст, ки пеш аз ҳама дар дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии занон ва дастгирии занони соҳибкор имрӯзҳо таҷассуми худро ёфта истодааст.

 

Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба мақоми зан таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зан тамоми шароитҳои лозимиро муҳайё намуда, онҳоро аз лиҳози қонунӣ ҳифз мекунад. Солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мутахассисони ботаҷриба аз ҷумлаи занон ба корҳои масъули давлатӣ ҷалб шуданд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриҳояшон дар қаламрави ҷумҳурӣ диққати аввалиндараҷаро ба масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон медиҳанд.

 

Ҳамасола садҳо квота барои духтароне, ки дар деҳот зиндагӣ менамоянд, аз ҷониби Роҳбари давлат барои дохил шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дода мешаванд. Баъди хатмкунӣ дар навбати аввал духтарон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2021 бори дигар ба ин масъала дахл карда шуд. Инчунин ёдовар шудан зарур аст, ки рӯзи 8 март аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил мегардад. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки роҳбарияти Олии кишвар қадру манзалати модарро дар ҷомеа баланд бардошта, арҷгузорӣ менамояд.

 

Дар натиҷа маълум гашт, ки имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон, чи дар сатҳи расмӣ ва чи дар сатҳи ғайрирасмӣ сарварии занон дар дараҷаи ташаккул қарор дошта, нишондиҳандаҳои оморӣ имконият медиҳанд, ки дар бораи тамоюли рушд доштани он сухан гӯем. Ҳамзамон бо ин ҳама як қатор мушкилиҳое низ дар ин самт ҷой доранд, ки бояд дар муҳлатҳои наздиктарин баҳри бартараф намудани онҳо чораандешиҳо сурат гиранд.

 

Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки масъалаи роҳбарии занон ва хусусиятҳои хоси он дар замони муосир қатори масъалаҳои муҳими илми муосир дохил шуда, хулосаи байнисоҳавӣ низ касб намудааст. Инчунин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон беҳтар гашта, онҳо баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар тамоми соҳаҳои гуногуни кишвари азизамон кору фаъолият доранд.

 

Дилшода БОБОНАЗАРОВА,

сармутахассиси бахши кор бо занон ва духтарони Академия

Похожие записи