МАВҚЕЪ ВА НУФУЗИ ЗАНОН ДАР КИШВАР

IMG_7674

Зан муборизи қавиирода буда, дар ҳаёти ҳаррӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунандаро мебозад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар симои зан мо на танҳо модару хоҳару ҳамсар, балки сиёсатмадор, роҳбари муваффақ, табиб ва ҳимоятгари кишварро мебинем. Занони тоҷик як неруи бузурги сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар буда, онҳо дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нақши калидӣ доранд. Аз ин рӯ, масъалаи беҳбуди зиндагии занону духтарон ҳамеша дар маркази сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ба масъалаҳои дастгирии занон диққати махсус медиҳанд. Аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 таъкид намудаанд: “Нақши занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург аст”.

 

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ташаббусҳои занони кишварро ҳамеша дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад ва ҷиҳати ҷалби онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагӣ меандешад. Ин аст, ки саҳм ва фаъолияти занон дар рушди кишварамон муассир арзёбӣ мешавад.

 

Имруз дар мамлакат ниҳоде нест, ки дар он занон кор накунанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ 49,3 фоизи аҳолии мамлакатро занон ташкил медиҳанд. Ҳоло қариб 68 фоизи коркунони тиб, зиёда аз 73 фоизи коркунони маориф, 27 фоизи коркунони илм, зиёда аз 23 фоизи коркунони хочагии қишлоқ занону духтарон мебошанд.

 

Дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмон ва меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ занон кору фаъолият намуда, дар маҷмуъ дар рушд ва пешрафти ин соҳаҳо саҳми арзанда гузошта истодаанд.

 

Имрӯзҳо дар кишварамон барои занон тамоми имконот ва шароити зиндагии шоиста муҳайё шудааст ва вазифаи аввалиндараҷаи онҳо пеш аз ҳама тарбияи дурусти фарзандон, таҳкими ҷанбаҳои ахлоқии ҷомеа ва мусоидат ба рушди миллату давлат мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудаанд, ки: “Дар даврони истиқлолият 11 ҳазору 500 нафар духтарон аз навоҳии дурдасти кӯҳистон тибқи квотаи президентӣ мактабҳои олиро хатм карданд. Дар ин давра мактабҳои олии касбиро 222 ҳазор нафар духтарон хатм намуда, ҳоло дар ин донишкадаҳо боз 100 ҳазор нафар духтарон таҳсил мекунанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд”.

 

Воқена, имрӯзҳо занони тоҷик барои ташаккули худ тамоми шароитро доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин фармонҳои худро барои баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар кишвар бахшида, масъалаҳои афзалиятноки рафъи хушунат нисбати занону кӯдаконро эътироф намуданд. Яке аз дастовардҳои асосии кишвар низ дар пешбурди баробарии гендерӣ, бешубҳа, таҳия ва қабули сиёсату қонунгузорӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ ва пешбурди ҳуқуқҳои занон мебошад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки занону модарони мо дар ҷомеа мавқеъ ва мақоми шоистаро ишғол мекунанд. Занон дар кору фаъолияти касбии худ ташаббускор буда, тамоми вазифаҳои дар наздашон гузошташударо бомуваффақият иҷро мекунанд.

 

Дар мамлакати мо шароит фароҳам оварда шудааст, ки занон дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият бевосита ва фаъолона иштирок карда тавонанд. Дар ин самт баҳри ҳимояи манфиатҳои духтарону занон як қатор тадбирҳои судманд андешида, барои татбиқи ташаббусҳои арзандаи онҳо заминаи воқеӣ фароҳам оварда мешавад. Имрӯзҳо бо шарофати татбиқи Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд” (барои солҳои 2007-2016 ва 2017-2022) занони пешсаф зиёд шуда истодаанд. Ҳоло барномаи нав барои солҳои 2023-2030 омода мешавад. Он бо иҷрои дастури Президенти кишвар дар бораи то соли 2030 ба 30 фоиз расондани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоизи коркунони роҳбарикунанда аз ҳисоби занони болаёқат равона хоҳад шуд.

 

Хуллас, имрӯз зани тоҷик зани фаъоли иҷтимоист, ки метавонад бо симои зебои зоҳирию ботинӣ ва донишҳои муосиру ҷаҳонбинии васеъ дар ҷомеа фаъолият намуда, саҳми шоёни худро дар пешрафти ватани азизамон гузорад. Ин муваффақиятҳо ва саодати занони кишвар аз таваҷҷуҳи нек ва ғамхориҳои Пешвои миллат маншаъ гирифта, дар партави ин дастгирҳо бонувони кишвар низ саъю талош мераварзанд, ки сазовори боварӣ бошанд.

 

Муборак БОБОЕВА,

корманди Академия

Похожие записи