“МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШАНХАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН” ДАР АКАДЕМИЯ

nishasti-AID-2

16 феврал дар нишасти хабарӣ бо кормандони васоити ахбори омма Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода А.Д. зикр кард, ки дар назди Академия бахшида ба 20-солагии таъсисёбии СҲШ ва дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи “Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон” ба нақша гирифта шудааст.

 

Гуфта шуд, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти маркази мазкур тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни давлатҳои аъзо, мусоидат ба эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, ҳамбастагӣ байни миллатҳо ва мазҳабҳо, рушди муколамаи тамаддунҳо, табодули ҳайати дуҷониба, омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ, коркарди ташаббусҳо, ташкилу баргузории чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои таҳкими фазои дӯстона байни ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷавонон ва занони кишварҳои СҲШ, мусоидат ба рушди ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иқтисодиёт, сайёҳӣ, ташаккули захираҳои иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО бо мақсади тавзеҳи васеи ҳадафҳо, вазифаҳо ва афзалиятҳо мебошад.

 

— Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои СҲШ дар Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба роҳ мемонад. Марказ низомнома ва сохтори тасдиқшудаи худро дошта, аз Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, роҳбарият, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ иборат аст. Маблағгузории Марказ аз ҳисоби суратҳисоби махсуси АИДнПҶТ сурат гирифта, дар давоми фаъолият ҷалби маблағҳои бебозгашт ва грантҳои бевоситаву муштарак аз котиботи генералии СҲШ, ниҳоду институтҳои молиявии он ва кишварҳои аъзо ба роҳ монда хоҳад шуд, — гуфт дар идомаи суҳбат Ректори Академия.

Похожие записи