МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ТАЛАБИ ЗАМОН

IMG_2687

Бо ибтикори шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Зарару оқибатҳои ҷуброннопазири экстремизм ва терроризм ба ҷомеа” мизи мудаввар баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Карамалишоев Карамалишо, директори Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” Сайдаҳмадзода Дилором, дотсенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ Бобозода Фаридун, сардори раёсати илм ва инноватсия Рустамзода Ҷумабек, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Исматуллозода Фаридун, сардори шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ Рашидов Ҷамшед, мудири бахши кор бо занон ва духтарон Иззатуллоева Савлатбӣ ва магистрантони хизматчиёни давлатӣ иштирок намуданд.

Мизи мудаввари мазкурро ноиби ректор, дотсент Карамалишоев Карамалишо оғоз бахшида, терроризм ва экстремизмро аз умдатарин муаммоҳои ҷаҳони муосир номид. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, доимо дар сангари ин муборизаҳо қарор дорад.

Дар идома дотсенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ Бобозода Фаридун дар мавзӯи “Инқилобҳои ранга ва таъсири манфии он ба ҷомеаи муосир”, Иззатуллоева Савлатбӣ, мудири бахши кор бо занон ва духтарон дар мавзӯи “Нақши занону модарон дар сафи пеши мубориза бо оқибатҳои эҳтимолии терроризму экстремизм ва тарбияи фарзандон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ”, Амирзода Аловуддин магистранти шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экремизм бо мақсади пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ”, Тағоймуродов Некрӯз магистранти шуъба дар мавзӯи  “Хатари гурӯҳҳои ифротии динӣ дар чист?”, Ақсақалова Умеда магистранти шуъба дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм – вабои аср”, Раҷабгули Шамсулло магистранти шуъба дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм – хатари глобалӣ” ва Муминов Абубакр магистранти шуъба дар мавзӯи “Сиёсати ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо терроризм” маъруза намуданд.

Дар баромадҳои худ маърузакунандагон аз хатарҳо ва оқибатҳои паҳншавии терроризм ва экстремизм ёдовар шуда, пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаро вазифаи муҳимми ҷомеа ва давлат номиданд. Маърузакунандагон дар рафти баромадҳои худ ақида ва ташаббусҳояшонро оиди роҳу усулҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм дар шароити тағйирёбандаи замони муосир пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ байни иштирокчиён музокира гузаронида шуд, ки дар он аҳли ҳозирин фаъолона иштирок намуданд.

Похожие записи