НАВРӮЗ – ҶАШНИ БОСТОНӢ ВА МУОСИР

161812506_3776568452409376_886874789904887660_o

Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷашнеро ба тимсоли Наврӯз дарёфтан муҳол аст, ки аз замонҳои хеле дур падид омада, асолати худро то имрӯз ҳифз карда бошад. Воқеан, Наврӯз аз бостонитарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёист, ки то рӯзгори имрӯзаи мо пойдор мондааст.

 

Дар сад соли охир вобаста ба таҳаввулоти ҷомеа ва бунёди давлати Шӯравӣ дар пояи идеологӣ ва иҷтимоӣ ҷашнҳои зиёди бошукӯҳу шаҳомат доир мегардиданд, аммо баробари аз байн рафтани низоми давлатдории Шӯравӣ мақому манзалати худро аз даст дода, аз байн рафтанд. Сабаб дар он буд, ки ҷашнҳои дар пояи идеологӣ бавуҷудомада аз арзишҳои умумибашарӣ орӣ буда, пояи устувори маънавӣ надоранд ва бо тағйир ёфтани низоми сиёсӣ аҳамияти худро аз даст дода, аз байн мераванд.

 

Сабаби мондагории Наврӯз пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва табиӣ будани он аст, ки аз оғоз дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ташаккул ёфта, минбаъд ба ҳайси ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф шудааст. Наврӯз ҷашни табиист, ки ба сиёсат ва идеология омехта нест. Наврӯз оғози сари сол, ҷашни бедории табиат, оғози кишту кор мебошад, ки бо дигар фаъолияти созандагии мардумро робитаи ногусастанӣ дорад. Бинобар ин, то аҳли башар ҳаст, Наврӯз бошукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта хоҳад шуд.

 

Воқеан, ҳангоме ки 10 феврали соли 2010 бо саъю кӯшиши роҳбарияти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз Қатънома дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз таҳия ва ба Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод гардид, ба мондагории Наврӯз дар олам тақвият бахшид. Дар баробари кишварҳои мазкур ташаббускори ин амали нек созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО низ буд, ки бо пешниҳоди он ва кишварҳои зикргардида Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар 64-умин иҷлосияи худ (23-юми феврали соли 2010) доир ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон намудани 21-уми март Қатъномаи дахлдор қабул намуд ва ҳамин тавр, Наврӯз расман мақоми ҷашни байналмилалиро соҳиб гардида, умри абадии ин ҷашнро собит сохт.

 

Тавре маълум аст, Наврӯзро ба сифати ҷашни бошукӯҳи баҳор ва эҳёи табиат дар замони муосир мардуми зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон таҷлил менамоянд, ки ин исботи ҷашни воқеан ҷаҳонӣ шудани он аст.

 

Аммо агар ба таърихи ҷашни Наврӯз назар афканем, он аз замонҳои бостон ҷашни байналмилалӣ будааст. Дар ҳама давру замон Наврӯз дар байни ақвоми мухталиф бо фарру фурӯғи хосса ҷашн гирифта мешуд.

 

Сабаби аз замонҳои бостон ҷашни байналмилалӣ гардидани Наврӯз дар он аст, ки дар ҳайати давлатҳои бузурги мардуми ориёӣ, аз қабили давлатҳои Пешдодиён, Каёниён, императориҳои Ҳахоманишиниён, Ашкониён, Кушониён, Сосониён, Ҳайтолиён ва Сомониён халқиятҳои мухталифи ориёӣ ва ғайриэронӣ зиндагӣ мекарданд, ки таҳти нуфузи тамаддуни ориёӣ қарор доштанд ва ногузир арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашну маросимҳои моро мепазируфтанд.

 

Ҳарчанд сарзамини паҳновари Ориёно дар дарозои таърих чандин маротиба аз тарафи аҷнабиён тасхир шуда, низоми идораи давлат ва ҳукумат дар ихтиёри бегонагон буд, вале фарҳанги мардуми тоҷик дар ин давлатҳо побарҷо буд ва Наврӯз дар ҳама давру замон аз тарафи мардуми мухталифи ин давлатҳо ҷашн гирифта мешуд.

 

Дар замони муосир низ тавре дар Иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ таъкид шудааст,  Наврӯзро ҳамчун ҷузъи фарҳанги муштараки миллионҳо инсон дар Осиё, шибҳи қораи Ҳинд, Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Қавқоз, Балкан, ҳавзаи Баҳри Сиёҳ ва бисёре аз нуқоти дигари ҷаҳон ба мисли Аврупову Амрико, Русия, ки дар натиҷаи муҳоҷират бисёр мардуми ориётабор зиндагӣ, кору пайкор доранд ва ҳам дар баробари онҳо ақвоми ғайриориёӣ ба таври хосса ҷашн мегиранд. Бо назардошти ин, ареали густариши Наврӯз нисбати замонҳои пешин хеле густариш ёфта, имрӯз қариб 400 миллион нафар мардуми гуногунзабону мухталифмазҳаб  Наврӯзро дар саросари ҷаҳон таҷлил намуда, гиромӣ медоранд ва ин барои ҳамгироии фарҳангии халқҳои муосири гетӣ мусоидат менамояд.

 

Воқеан, Наврӯз нишонаи хотираи таърихии миллати мо аст. Дар бораи таърихи Наврӯз бисёр гуфтаанду навиштаанд. Аммо такрори такмили ин гуфтаҳо боз ҳам ба хотири қавитар гардонидани хотираи таърихии мардум ногузир аст. Зеро бозгӯ кардани саҳифаҳои таърихи Наврӯз ба таърихи давлату давлатдориамон тавъаманд.

 

Наврӯз дар аҳди шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён. Аз маълумоти сарчашмаҳо бармеояд, ки Наврӯз дар аҳди Ҳахоманишиён (558-330 то м.) ба ҳукми анъана даромада, ба ҷашни расмии мардуми ориётабор табдил ёфтааст. Дар замони асосгузори ин давлати бузурги умумиэронӣ Куруши Кабир тамоми халқҳои эрониасл ба як давлати паҳновари дунёи қадим муттаҳид карда шуданд, ки дар таърихи инсоният аввалин империяи ҷаҳонӣ ва Куруши Бузург бо Эъломияи ҳуқуқи башари худ поягузори демократияи содаи  аҳди бостон эътироф шудааст.

 

Мардум барои дуруд гуфтан дар ҷашни Наврӯз ба Тахти Ҷамшед мерафтанд, ки дар қатори онҳо  сарбозон низ будаанд. Тавре маълум аст, дар ҳайати артиши  давлат сарбозон аз Бохтару Суғд, Хоразму Порт ва сарзамини сакоиҳо, ки аҷдодони бевоситаи тоҷикон мебошанд, хизмат мекарданд. Ҳангоми ҷашнҳо махсусан, дар Наврӯз шоҳаншоҳ- сардори давлат дар Тахти Ҷамшед – намояндагони ҳар шаҳру вилоятро мепазируфт ва ҳадяе аз онҳо мегирифт.

 

Наврӯз дар замони Ашкониён. Дар замони давлати бузурги Порт (Ашкониён, 247 то м. -226 м.), ки давлатдориро аз Осиёи Марказӣ оғоз карда, минбаъд тамоми Шарқи Наздику Миёнаро ба тасарруфи давлати хеш дароварда буданд, Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ бо тамоми арзишҳояш таҷлил мегардид. Ба андешаи мо, баъди шикасти давлати Ҳахоманишиён ва  салтанати қариб садсолаи эллиниҳо маҳз Ашкониён тавонистанд, давлатдории миллиро эҳё кунанд. Ёдгориҳои зиёди моддию хаттие, ки аз замони давлатдории ин дудмон мерос мондааст, ин андешаро тақвият мебахшад.

 

Наврӯз дар замони Сосониён. Наврӯзро дар замони Сосониён (224-651м.) хеле гиромӣ медоштанд ва бо ҷалолу ҳашамати хоса ҷашн мегирифтанд. Дар арафаи ин ҷашн 20 рӯз пеш аз Наврӯз дар дарбори шоҳ 12 сутун аз хишт бунёд  карда, дар онҳо донагӣ месабзониданд ва дар рӯзи 6-уми таҷлили Наврӯз таҳти мусиқӣ сабзиши онҳоро чен мекарданд. Бо ин тарз ҳосили соли навро муайян ва пешгӯйӣ мекарданд. Дар рӯзҳои ҷашнӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ суханҳои афзунӣ, фарохӣ ва ғайра навишта шуда, бо ин тариқ мардумро ба фаъолияти созандагӣ ҳидоят мекарданд.

 

Шоҳони Сосонӣ дар рӯзи Наврӯз ҳамаро аз кор озод мекарданд. Ба шоҳаншоҳ ва шоҳони минтақаҳо ҳар гуна ҳадяҳо арза мешуд ва ба ҳозирон армуғон  медоданд.  Наврӯз шаш рӯз ҷашн гирифта мешуд. Рӯзи 1 фарвардин оғози соли нав, 5 рӯз ҷашни умумӣ – Наврӯзи омма ё Наврӯзи кӯчак, рӯзи 6-ум барои Шоҳаншоҳ ҷашни вижа буд ва он Наврӯзи бузург номида мешуд. Шоҳ дар бомдоди Наврӯз зинати наврӯзиро мепӯшид. Муъбадон ба дарбор ҳозир мешуданд, бо туҳфаи зиёд: дирам, динор, сабза, шамшер, тиру камон, давоту қалам, аспу боз ба сарвари давлат ба сифати ҳадя пешниҳод мегардид. Ҳамзамон дар ин рӯз тавре Ризо Шаъбонӣ аз номи Масъудӣ овардааст: «Хусрави Парвиз дар ҳоле, ки сипоҳиён бо аъдоду силоҳи худ рада баста ва  ҳазор пилу пилбон саф кашида буданд, барои дидани сони (марши тантанавӣ ё паради ҳарбӣ А.Б.) онҳо баромада буд. Ин гуфтаҳо далели он аст, ки дар замони давлатдории беш аз 425-солаи импературии бузурги Сосониён (224-651) дар ҷашни Наврӯз саф оростани низомиёни давлат бо тарзи хосса амалӣ мешудааст, ки эҳёи ин анъана барои давлатдории имрӯзаамон низ қобили қабул аст.

 

Борбад ва Наврӯз. Борбади Марвазӣ асосгузори мусиқии классикии  касбии тоҷику форс «Дувоздаҳмақом» ба ҳисоб меравад, ки минбаъд тадриҷан ба «Шашмақом» табдил ёфтааст. Наврӯз дар мусиқӣ яке аз овозҳо дар низоми «Дувоздаҳмақом» ва қисмҳои он: «Наврӯзи Аҷам», «Наврӯзи хоро», «Наврӯзи Сабъ», «Наврӯзи хурдак» – оҳанг, суруди мавсимӣ-маросимӣ аз таснифоти Борбади Марвазӣ мебошад. Маҳз тавассути хизматҳои шоистаи Борбади ромишгар ин овозҳо дар низоми санъати мусиқии классикӣ бо анъаноти наврӯзӣ пайваст гардида, то имрӯз ҳифз шудаанд.

 

Наврӯз дар даврони исломӣ. Мардуми араб иди Наврӯз ва Меҳргонро аз замони қадим ҳамчун ҷашнҳои мардуми Аҷам мешинохтанд. Бо сабаби он ки Наврӯз оғози солшумории хуршедӣ ва ҷамъоварии молиёт барои хазинаи давлатҳо буд, яке аз сабабҳои мондагории Наврӯз дар кишварҳои исломӣ шуд. Дар замони давлатдории Оли Муовия (661-750 м.) дар рӯзи Наврӯз аз тамоми  манотиқи Хилофат то 2 млн. дирҳам ҳадя оварда мешуд, ки ин молиёт сабаби густариш ва мондагории Наврӯз дар аҳди Хилофати Араб ва дигар кишварҳои исломӣ  мебошад.

 

Дар замони хилофати Аббосиён (750-1258) дар пойтахти давлат шаҳри Бағдод (Ин шаҳр ба ҷойи шаҳри бошукӯҳи ба дасти арабҳо тахрибгаштаи Тайсафун-Мадоини Сосонӣ бо заковату матонати мардуми эронитабор азнав сохта шуд. А.Б.) афрӯхтани оташ ва обпошӣ  одат будааст, ки дар рӯзи ҷашни Наврӯз ҳатто ба муҳтасибон-назораткунандагони ахлоқи ҷомеа обпошӣ мекардаанд. Сабаби нуфуз пайдо кардани Наврӯз ва дар маҷмӯъ фарҳанги мардуми Аҷам (тоҷику эронӣ) дар замони Хилофати Аббосиён ҷалб шудани намояндагони  хонадонҳои ориётабори Бармакиёни Балх, Ковусҳои Истаравшан ва баъдан Тоҳириёни Хуросон буд. Ҳамзамон, фарзандони халифаи Бағдод Ҳорунаррашид Амин ва Маъмун ва халифаҳои баъдии ин хонадон аз тарафи авлоди модариашон хуни ориёӣ доштанд.

 

Наврӯз дар замони Сомониён.  Дар аҳди Сомониён барои равнақи илму фарҳанг ва анъанаҳои бостонии халқи тоҷик ва дигар ақвоми эронӣ  шароити мусоид фароҳам омад.

 

Тибқи маълумоти Абубакри Наршахӣ дар китоби «Таърихи Бухоро» дар замони Сомониён Наврӯзро дар рӯзи 1-уми фарвардин, аввал кишоварзон ва баъд аз он  5 рӯз муғон ҷашн мегирифтанд. Албатта, Наврӯз ҳамчун ҷашни мардумӣ аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа таҷлил мегардид. Мардум 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфи махсус тухмиҳои мухталиф сабзонда, аз рӯйи ҳолати сабзиши онҳо ҳосилро пешбинӣ мекарданд. Ин анъаноти наврӯзӣ баъд аз суқути давлати Сомониён дар асрҳои минбаъда дар ҳавзаи кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегирифтанд, идома ёфтааст.

 

Наврӯз дар даврони баъд аз суқути давлати Сомониён. Баъд аз накбати 23 октябри соли 999 ва шикасти давлати миллӣ ва мутамаркази тоҷикиасли Сомониён сарзамини бузурги он байни сулолаҳои Қарахониён ва Ғазнавиён тақсим гардид. Ин давлатҳо барои идомаи салтанати хеш низоми давлатдорӣ, забону фарҳанги Сомониён ва тамоми арзишҳои миллии моро қабул карданд ва аз ҷумла таҷлили ҷашнҳои моро пазируфтанд. Аз ҷумла, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ (998-1030) барои ҷашни Наврӯз ҳамасола тантанаҳо доир мекард ва  ҳадяҳои зиёд аз волиёни вилоятҳо  қабул мекард. Дар шаҳри Ғазна – пойтахти ин давлат, ки шоирону олимони зиёд ҷамъ омада буданд ва ба ҳавзаи нави адабии шеъри дарӣ-тоҷикӣ табдил ёфта буд, Наврӯз бо шукӯҳи хосса таҷлил карда мешуд.

 

Дар замони давлатдории Салҷуқиён анъанаҳои миллии ориёӣ аз ҷумла, ҷашни Наврӯз тавассути хизматҳои вазири донишманд Низомулмулк (1060-1090) таҷлил мегардиданд. Ҳамзамон, дар тарвиҷи Наврӯз дар аҳди ин хонадон таълифи китоби Умари Хайём – Наврӯзнома, ки аз оғоз ва 14 боб иборат аст, нақши босазо гузоштааст.

 

Ҳамин тавр, мардуми куҳанбунёди ориёӣ аз замони Каюмарсу Ҷамшеду Хушанг инҷониб Наврӯзро ҷашн мегирад ва он батадриҷ ба як ҷашни бузурги миллӣ ва байналмилалӣ бадал шудааст ва аҳли башар соли равон 6000-умин солгарди Наврӯзро ҷашн хоҳанд гирифт.

 

Дар замони Истиқлол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми арзишҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз эҳё гардида, дар сатҳи давлатӣ ва бо тамоми ҷалолу шаҳомати хосса ҷашн ггирифта мешавад. Наврӯз ҷашни бостонӣ ва муосир, яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ, пайвандгари наслҳо ва хотираи таърихии ақвоми эронӣ ба вижа мардуми тоҷик аст, ки дар садаи равон нуфузу эътибори он ба ҳайси як ҷашни умумибашарӣ афзудааст ва ин боиси сарфарозӣ ва ифтихори мардуми мо аст.

 

БАҲРИДДИН АЛИЗОДА,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сарходими илмии

Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ

Аксҳо

Похожие записи