НАҚШИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

оила-1

Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз оила сарчашма мегирад. Мактаби оила ин мактаби аввалини рӯзгор аст

 

Оилаи солим ҷомеаи солимро ташкил медиҳад. Агар аз рӯзҳои нахустини барпо намудани оила тарбияи оилавӣ дуруст ба роҳ монда шавад, зинаҳои дигари тарбия бомуваффақият паси сар мегарданд. Вагарна, тамоми кӯшишу заҳматҳои волидон бар абас меравад. Соиби Табрезӣ дар ҳамин мазмун фармудааст:

 

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.     

 

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” омадааст: “Волидайн вазифадоранд, ки барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии кӯдак пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарурӣ муҳайё созанд, фарзандонро дар руҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси накӯкорӣ, раҳмдилӣ, муносибати боэҳтиромона нисбати аҳли хонавода, эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ, таьрихӣ ва фарҳангӣ тарбия намоянд”. Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад: “Қонуни оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кумаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад”.

Волидонро мебояд нисбати тарбияи фарзандон хеле ҷиддӣ бошанд ва фарзандони азизи худро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ кунанд. Чунонки Аллома Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:

 

Дар дафтари муаллиму омӯзгор нест,

Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.

Рафтори модар аз пайи сармашқи кӯдакон,

Беҳтар зи ҳар китобу зи ҳар гуна дафтар аст.

 

Имом Шавқӣ мегӯяд: “Ятим касе нест, ки падару модараш мурда бошанд ва ӯро бепаноҳ ва дармонда бар ҷой гузошта бошанд. Балки ятими воқеӣ касе аст, ки модаре бетаваҷҷуҳ ва падаре саргарму машғул ба кори худ дорад”. Имом Абӯҳанифа Нуъмон ибн Собит ба фарзандаш чунин васият кардааст: “Писарам! Ҳангоми бархӯрд бо мардум, дар салом додан пешдастӣ кун. Агар сухан гуфтӣ, некӯ бигӯ. Бо мардуми хуб дӯстӣ ва муҳаббат пеша кун ва бо бадон мадоро дошта бош”.

 

Барҳақ, яке аз беҳтарин роҳи тарбияи ахлоқии фарзанд насиҳат мебошад. Мо набояд онҳоро дашному танбеҳ намоем, балки бо суханҳои хубу мулоим ба онҳо муносибат кунем. Онҳоро бо дилсӯзӣ насиҳат кунем ва бифаҳмонем. Чунки фарзандон бо задану дашном ислоҳ намешаванд. Роҳи насиҳатро интихоб намоем. Аммо насиҳат ду бору се бор кофӣ нест, мураттабан ин равишро идома диҳем ва мебинем, ки рафта-рафта суханҳоямон дар дилҳояшон асар хоҳанд гузошт.

 

Бояд қайд кард, ки панду насиҳат агар бо ихлосу дилсӯзӣ ва мулотифат ҳамроҳ бошад, таъсири басазое бар рӯҳу равони фарзанд мегузорад ва ахлоқу кирдорашро дигаргун месозад.

 

Нуктаи бисёр муҳиме, ки бояд волидайн ба он таваҷҷуҳ бикунанд, ин аст, ки кӯшиш намоянд, муҳити хонаводаро маркази амну осоиш ва сафову самимият бигардонанд. Агар муҳити хонавода созгор набошад, талошҳо ва орзуҳои волидайн барои хуб шудани фарзандон абас ва беҳуда аст. Иртиботи самимонаи волидайн бо якдигар дар ислоҳ ва тарбияи рӯҳиву равонии фарзандон таъсири басазое дорад.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои оилавӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда танзим шудаанд, ки ин ғамхории давлатро нисбати оила нишон медиҳад. Масалан, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (асоси ҷамъият будани оила ва ҳимояи модару кӯдак), дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (муносибатҳои вобаста ба никоҳ ва оила), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (вобаста ба вазифаҳои волидон дар таълиму тарбия), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таьлиму тарбияи фарзанд” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳатто Кодекси ҷиноятӣ ва граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муносибатҳои оилавӣ дарҷ гардидаанд.

 

Ҳамин тариқ, Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо асоси ҷамъият дониста, дар зери ҳимояи давлат будани онро кафолат медиҳад. Барои солим будани оилаҳо, рафъи косташавии маърифати оиладорӣ талошҳои давлат, ҷамъият, муассисаҳои таълимӣ ва шахсони мансабдору шаҳрвандон зарур аст. Зеро барои ҳифзи соҳибистиқлолии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии муосир, оила хамчун мактаби аввалини рӯзгор нақши назаррас дорад.

 

Мавзуна БЕКНАЗАРОВА,

 магистранти Академия

Похожие записи