НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

IMG_5432

Ба деҳқон имконият дода шавад, ки ҳам худаш серу пур бошад ва дастархони халқашро обод кунад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми фаъолият  дар раванди иқтисодӣ ба тағйироти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иқтисодиёт дере нагузашта самар овард, ки дар ин ҷода заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза бузург мебошад. Ба рағми ихтилофу нобарориҳо, талафотҳои азими миллӣ тадбирҳои андешидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз толеъбаландии тоҷикистониён буданд.

Пеш аз ҳама ҷасорат, матонат ва хиради беҳамто чун зевари фаросати давлатдорӣ дар сиёсат ва рушду нумӯи мамлакат пойдор гашт. Шояд ҳоло мавриди таъкид оид ба ибрози ақидаи пазируфташудаи оламиён аст, ки истиқлолият ҳамеша нисбӣ буда, поя, замина ва мабнои он ба иқтисодиёт пайвастагии қавӣ дорад. Аз ин нуқтаи назар самтҳои ноилгардида пеш аз ҳама бозгӯи заҳмату талошҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба ҳадафе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёде андешида мешаванд.

Кишвари мо дар давраи соҳибистиқлолияти давлатӣ маҳз бо сиёсати некбинонаву пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори давлатҳои озод ва дар марҳилаи рушд қарордошта мақоми арзандаи худро пайдо намуд.

Ба ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, рушди соҳаҳои тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, дастгирии давлатии соҳа (маблағгузорӣ ва додани имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба субъектҳои хоҷагидорӣ), баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисобида шудаанд. Дар ин самт корҳои зиёде дар самтҳои сохтмони корхонаҳои истеҳсолии коркарди ашёи хоми кишоварзӣ, ҷори намудани технологияҳои пешқадам, парвариши навъҳои нави растанӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ, воридоти техникаи кишоварзӣ ва дигарҳо, ки дар амалисозии онҳо нақши Пешвои миллат хеле калон мебошад. Пешвои миллат борҳо таъкид менамоянд, ки: “Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем”. Сардори давлат аз нигоҳи дурандешиву огаҳии амиқ оид ба вазъи ҷаҳони муосир, бахусус аз бархостҳои пай дар пайи  буҳронҳои иктисодӣ бармеояд. Метавон гуфт, ки дар раванди созандагӣ дар кишвар тағйироти ҷиддӣ ба вуқуъ омада, қадамҳои устувор дар  таъмини амнияти озуқаворӣ гузошта шуданд.

Таъмини амнияти озуқавории кишвар, пеш аз ҳама ҳадафи қонеъгардонии нахуст талаботи инсонӣ, яъне қонеъгардонии талаботи зинаи аввали инсониро дорад. Талаботи зинаи аввали инсонӣ – ин талаботи физиологи (таъмин бо хӯрокаву пушока,) ва талабот ба амниятро (ҳимоя аз зарар, таҳдиду ҳарос ва ғ.) дар бар мегирад. Маҳз пас аз қонеъгардии ин талаботи инсон ба қонеъгардонии талаботи олии худ имконияту ҷуръат пайдо мекунад. Талаботи зинаи олии инсон, ин талабот ба худшиносиву худэътирофкунӣ, амалигардонии қобилияту истеъдод ва ҷаҳоншиносӣ мебошад.

Пас мебинем, ки амнияти озуқорӣ натанҳо қонеъшавии зинаи аввали инсониро таъмин мекунад, балки чун зербино барои амалӣ гаштани талаботи зинаи олии инсон хидмат намуда, роҳ мекушояд. Бинобар он, сиёсати таъмини озуқавории кишвар ҷавҳари асосии сиёсату ҳадафи олии давлат – ҳифзу наҷоти миллатро ифода мекунад. Амнияти озуқорӣ бошад, нахустзинаи истиқлолияти иқтисодиро ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз, амнияти озуқаворӣ – ин таъмини ҷомеа, мардуми кишвар бо маводи хӯрокворӣ ва ҳаёти солиму фаъоли аъзои ҷомеа мебошад. Яъне, зери ин мафҳум мавҷудияти кофии маводи озуқаворӣ, дастрасии он ба хонаводаҳо (новобаста аз он, ки аз бозор мехаранд ва ё аз дигар манбаъ), имконияти харидории истеъмолгарон, сатҳи зарурии истеъмолии он нуҳуфтааст.

Амнияти озуқаворӣ дар он маврид пойдор мегардад, ки агар хӯроквории мувофиқ аз ҷиҳати миқдору сифат, аз нигоҳи иҷтимоӣ – фарҳангӣ мақбул ва бо ҳаҷми зарурӣ мавҷуд буда, дастраси умум гардад.

Бояд таъкид кард, ки маҳз истеъмол ва ҳаҷми онро нишондиҳандаи ниҳоии амнияти озуқаворӣ мешуморанд. Вазъу мавҷудият, дастрасиву истеъмоли маводи озуқаворӣ бояд дар ҳама зинаҳои ҷомеа – зинаи хонавода ва фардҳои алоҳида, зинаи ҷамоати (шаҳраку деҳот, ноҳия, вилоят) ва зинаи миллӣ кофӣ бошад.

Таъмини маҳсулоти озуқаворӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муҳим ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосан мамлакати аграрист, соҳаи кишоварзӣ дар иқтисоди миллӣ яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ мегардад. Ин соҳа дар таъмин намудани яке аз ҳадафҳои асосии кишвар — ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, вусъат додани шуғли пурмаҳсул нақши калидӣ мебозад, ки ин дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муайян гардидааст.

Воқеан, бо ибтикори Пешвои миллат дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳар дафъае, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон вохӯриҳо баргузор менамоянд, албатта, дар бобати беҳтар сохтани вазъи корҳои кишоварзӣ, парвариш ва нигоҳубини боғу токзор, ҷамъоварӣ, содирот ва захираи ҳосили пухтарасида ғамхоронаву дилсӯзона сухан меронанд.

Дар шароити ниҳоят мушкил ва мураккаби сиёсию иқтисодӣ солҳои 1995 ва 1997 бо мақсади ҳалли мушкилоти таъмини озуқаворӣ Пешвои миллат дар хусусӣ ба мардум тақсим намудани 75 ҳазор га заминҳои кишоварзӣ фармонҳои инқилобӣ қабул намуданд, ки на ҳар як роҳбари давлати дунё ба он ҷуръат мекунад. Ин пеш аз ҳама боварии бузург ба мардуми шарифи кишвар буд, ки ин заминҳо, ин сарвати бебаҳои миллиро самарнок ва тибқи таъинот барои ҳалли мушкилоти рӯзмарраи худ истифода хоҳанд бурд.

Бо гузашти 31 сол истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мардум аз ин тӯҳфаи саховатмандонаи Пешвои миллат, ки “заминҳои президентӣ” ном гирифт, ба некӣ ва қадршиносии хос ёд мекунанд. Дар ин давра дар сохтори иқтисодиёти миллӣ ва хусусан кишоварзӣ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд. Соҳаҳои боғу токпарварӣ ва сабзавоткорию картошкапарварӣ ба соҳаҳои асосӣ табдил ёфта, барои таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар имкониятҳои васеро фароҳам оварданд.

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ дар замони истиқлолияти давлатӣ майдони боғу токзор 3,6 маротиба, сабзавот 2,5 ва картошка 4,1 баробар, истеҳсоли меваю ангур 4,3, сабзавот 8,5 ва картошка 9,6 баробар афзоиш ёфт. Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2022–ум 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра зиёда аз 4,5 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад.  Яъне дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ин дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ба аҳолӣ, бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ ва рушди содирот саҳми назаррас мебошад.

Диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил суръати баландро соҳиб гардид.

Дигаргуниҳои куллие, ки дар раванди ислоҳоти соҳа ба миён омаданд барои ҳарчи бештар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат имкониятҳои васеро фароҳам овард. Ҳоло таъмини аҳолӣ бо биринҷ, сабзавот, картошка, мевагиҳо ва як қатор дигар маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар сатҳи талаботи биологӣ қарор дорад. Амалигардонии ислоҳоти соҳа барои пешрафти дигар соҳаҳои иқтисодиёти миллат низ заминаи хуб гузошт. Имрӯз кишоварзони мамлакат бар он ақидаанд, ки маҳз бо ташаббус ва  дастгирии Пешвои миллат нақш ва саҳми соҳаи кишоварзӣ дар рушди саноат, афзоиши имконияти содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ беш аз пеш муассир гашта истодааст.

Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии давлатии соҳа ва хосса, кишоварзони мамлакат ба мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ, моҳипарварӣ, воридоти чорвои зотӣ ва хӯроки чорво, воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ як қатор имтиёзҳои фискалӣ пешбинӣ карда шуданд. Хусусан бо дастури Пешвои миллат аз андозу пардохтҳо озод кардани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои рушди соҳаи паррандапарварӣ, моҳипарвари ва истеҳсоли хӯроки чорвою паранда имкониятҳои васеро фароҳам овард.

Соли 2021 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 212 расида, нисбат ба соли 2017-ум 3,2 баробар зиёд гардид. Ин имкон дод, ки соли 2021 нисбат ба соли 2017 истеҳсоли гӯшти паранда дар ҷумҳурӣ 4,6 баробар ва истеҳсоли тухм 5,6 баробар зиёд гардида, зиёда аз як миллиард донаро ташкил диҳад. Ҳамчунин, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда соли 2021 нисбат ба соли 2017 шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 374 адад расида, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,4 баробар афзуд.

Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ба ҳисоб меравад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавассути кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ устуворона мавқеи хешро дар арсаи байналмилалӣ бештар тақвият дода, дар баробари он сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти фарҳангию маънавии кишвар ба сатҳи сифатан нав бо истифода аз захираҳои табии худ  инкишоф медиҳад.

Барои таҳкими амнияти озуқаворӣ ва таъмини ғизои хушсифат дар мамлакат тавассути татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамӯҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ барои солҳои 2016-2030, Консепсияи рушди инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, инчунин як қатор стратегияю барномаҳои соҳаи кишоварзӣ ва тандурустӣ амалӣ мегарданд.

Маҳз барои ноилшавӣ ба кафолати Пешвои миллат оид ба фаровонии дастархони мардум мо бо такмил ва ҷорисозии технологияи навтарини илмӣ-техникӣ, тарбияи олимон, мутахассисон ва дигар гуруҳҳои кормандон, баландшавии савияи касбу маҳорати онҳо заминаи ҷаҳонишавии кишоварзии Ватанамонро бояд нерӯву самари навин бахшем.

Ҳамзамон, баланд бардоштани самараи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ водор месозанд, ки ҳаматарафа ба масъалаҳои баланд бардоштани фарҳанги заминдорӣ, рушди тухмипарварӣ, зотпарварӣ, азхуд кардани заминҳои нав, истифодаи техника ва технологияи муосири кишоварзӣ эътибори хоса зоҳир намоем.

Вазъи воқеии таъмини амнияти озуқаворӣ собит месозад, ки ворид намудани натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ метавонад барои мутобиқкунии соҳа ба шароити тағйирёбии иқлим ва таъмини афзоиши истеҳсоли ҳамаи номгӯи маҳсулоти соҳа заминаи устувор гузорад.

Ҳамин тавр, гуфтан ҷоиз аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ бо дастгирӣ ва талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодааст, ки дар ояндаи наздик нишондиҳандаҳои муайянкунандаи амният ва бехатарии иқтисодии кишвари азизамонро беҳтар намуда, дар маҷмӯъ ба ҳар фарди ҷомеа шароити зисту зиндагонии мувофиқ ва сазоворро фароҳам созад.

 

Абдухалил УСМОНОВ,

 магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”

Похожие записи