НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Муҳаббат

Дар замони муосир аксари кишварҳо бунёди ҷомеаи демократиро ҳадафи худ қарор дода, дар ин самт ба ҷавонон такя мекунанд, зеро ин табақа қувваи асосии пешбарандаи ҷамъият маҳсуб меёбанд. Бо дарназардошти нақши ҷавонон дар пешрафти кишвар зарур аст, ки онҳо дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва фарҳангдӯстӣ тарбия карда шаванд, то ки аз арзишҳои миллӣ, фарҳангу таммаддун ва расму оини гузаштагони худ огоҳӣ пайдо намуда, аҳамияти эҳёи анъаноти гузашта ва рушди ҳунарҳои мардумиро дарк намоянд.

 

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бахусус Сарвари давлат ба эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯз то рӯз меафзояд, ки ба тавсиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо”, барномаҳои давлатӣ, аз он ҷумла, “Барномаи давлатии рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2018-2015”, “Барномаи давлатии рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015”, “Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои солҳои 2013-2020”, “Барномаи рушди муассисаҳои фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” шаҳодати гуфтаҳои болост.

 

Чуноне, ки аз таҷрибаи аксари кишварҳои ҷаҳон бармеояд, такя ба ҷавонон ва истифода намудани неруи ақлонӣ ва ҷисмонии онҳо воситаи муҳимми рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

 

Иддае аз ҷомеашиносон ва фарҳангшиносон бар ин ақидаанд, ки имрӯзҳо ҷавонони мо ба пос доштани арзишҳои миллӣ ва ҳунарҳои қадимаи мардумӣ чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Вале ман ҳамчун як ҷавон ба ин андеша розӣ шуда наметавонам. Чуноне аз мушоҳидаҳои ҳар рӯза бармеояд, солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонондухтарон ба маҳсулоти қадимӣ ва ҳунарҳои дастӣ беш аз пеш меафзояд. Агар бо солҳои пешин муқоиса намоем, айён мегардад, ки ҷавонони мо ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди он тавваҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар омӯзиш ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ аз қабили қолинбофӣ, гулдӯзӣ, сабадбофӣ, заргарӣ, кулолгарӣ ва ғ. машғул шуда дар рушди он саҳми назаррас мегузоранд.

 

Дар даврони истиқлолият барои ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои гуногун андешида шудаанд. Аз он ҷумла ташкили семинар-машваратҳои омӯзишӣ барои рушд додани ҳунарҳои мардумӣ, гузаронидани намоишу чорабиниҳо, ба маърази тамошо гузоштани намунаи маҳсулоти ҳунармандӣ ва ҷалби ҷавонон ба он; ба роҳ мондани ҳамкории ҳунармандони соҳибтаҷриба бо ҷавонони болаёқат; ҳавасманд намудани ҳунармандони ҷавон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва амсоли ин. Мавриди қайд аст, ки тадбирҳои зикргардида самараи хуб дода, боиси на танҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиш ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, балки ҳамзамон муаррифӣ намудан ва рушд додани он гардиданд.

 

Бо шарофати ба даст овардани истиқлолият имкониятҳои мусоид баҳри ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ фароҳам оварда шуда, дастрасӣ ба техникаву технологияҳои муосир ҷавононро ҳавасманд гардонид, то аз шароити мазкур истифода бурда, саҳми худро дар истеҳсол ва муаррифии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ гузоранд. Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯхтани касбу ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди гулдӯзӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, табақтарошӣ, сабадбофӣ, заргарӣ ва монанди ин зиёд гардида, онҳо бо як майлу рағбати беандоза дар назди ҳунармандони соҳибтаҷриба ба омӯзиши нозукиҳои пешаҳои зикргардида машғуланд. Ин гувоҳи он аст, ки ҷавонони мо моҳияти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумиро хеле хуб дарк намуда, дар ташаккули он саҳми назаррас гузошта истодаанд.

 

Дастовардҳои фарҳангии кишвар тӯли солҳои охир нишон медиҳанд, ки насли ояндасози мо фарҳанги сулҳдӯстӣ, табиати биҳиштосо ва имконоти кишвари худро баҳри ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намуда истодаанд, ки ин аз масъулиятпазирии онҳо дар назди ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.

 

Дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон шумораи ками ҷавонон ба касбу ҳунарҳо ҷалб мегардиданд ва корхонаву фабрикаҳои истеҳсолӣ низ аксаран ҷавонони лаёқатмандеро ба кор фаро мегирифтанд, ки аллакай аз нозукиҳои ин ё он пеша бохабар буданд. Аммо ҳоло дар кишвар якчанд марказҳои таълимӣ мавҷуданд, ки ҷавононро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи фарҳангдӯстӣ тарбия менамоянд. Сол то сол шумораи ҳунармандон аз ҳисоби ҷавонон афзуда истодааст, баъзе аз онҳо маҳсули дасти хешро дар намоишу чорабиниҳои байналмилалӣ ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби тамошобинон сазовори баҳои баланд мегарданд.

 

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи ин заҳмату талошҳо ҷавобест, ба ғамхории Ҳукумати кишвар, ки ҳунармандони ҷавонро пайваста дастгирӣ намуда, барои ҷалби онҳо ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

 

Гузаронидани фестивалҳо, озмунҳо намоиши маҳсулоти ҳунармандон майлу рағбати насли ҷавононро нисбати омӯзиш ва рушди ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардонида, баҳри ғизои маънавӣ бахшидан ба мардум мусоидат намуда, ҳамзамон боиси ҷалби таваҷҷуҳи хориҷиён ба маҳсулоти ҳунармандони тоҷик мегардад.

 

Дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандони соҳибтаҷриба нақши муҳимро бозида, яке аз вазифаҳои муҳимтарини онҳо ба ҷавонон омӯзонидани нозукиҳои ҳунари хеш ба шумор меравад. Зеро шахсе, ки ҳунари волои худро ба касе намеомӯзонад, ба мисли дарахти бесамарест, ки манфиаташ ба касе намерасад. Омӯзонидани касбу ҳунари хеш ба наслҳои оянда, ки фардои дурахшони кишвар аз онҳо вобастагӣ дорад, яке аз анъанаҳои неки мардуми тоҷик маҳсуб меёбад. Маҳз ҳунари воло, дастранҷи зебо ва омода намудани шогирдони сазовор номи ҳунармандро зиндаю ҷовид нигоҳ медоранд.

 

Агар роҳҳои дурусти эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди онро ба ҷавонон тарғибу ташвиқ карда тавонем, бо боварии комил метавон гуфт, ки дар қалбашон нисбати касбу ҳунарҳои аҷдодони хеш як дилгармӣ, муҳаббат ва шавқу ҳавас ба вуҷуд меояд.

 

Ҷалби ҷавонони кишвар ба касбу ҳунарҳои миллӣ ва парвариш ёфтани онҳо дар рӯҳияи фарҳангдӯстиву меҳнатпарастӣ вазифаи аввалиндараҷаи давлату миллат ба шумор меравад, зеро ин қишри ҷомеа дар соҳаҳои мухталиф дар тамоми кишвар ва ҳатто берун аз он кору фаъолият намуда, дар муаррифӣ рушди фарҳанги миллӣ саҳми босазо мегузоранд.

 

Мо, ҷавонон аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва хусусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, бо дарки масъулияти баланд дар назди ҷомеа ваъда медиҳем, ки тамоми саъю талоши худро баҳри омӯзиш, эҳё, рушд ва дар барбари ин муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги миллӣ равона месозем.

Муҳабати М.,

мутахасиси китобхонаи илмии Академия

Похожие записи