ПАЁМ: РАҲНАМОЕ БА СӮИ СОЗАНДАГИҲО

50877057537_80106e5487_o

Паёми имсола ба мақоми Олии қонунгузории мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки мардуми сарбаланди тоҷик  дар остонаи ҷашни  воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди Истиқлолу озодии Ватани азизамон қарор доранд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26.01.2021 дар Паёми навбатӣ суханронии хешро аз он оғоз намуданд, ки  соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки “Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад”.

Аммо  мардуми бонангу номуси Тоҷикистон  таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллати хеш тавонистанд аз ин мушкилӣ сарбаландона бароянд. Вобаста ба  ин масъала Президенти мамлакат махсусан қайд намуданд, ки: “Ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд. Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд”.

Ҳамзамон Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки соли сипаришуда дар мамлакат бо иштироки фаъолонаи халқи азизи Тоҷикистон ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид, ки ин бори дигар аз хиради азалии мардуми тоҷик дарак медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз самтҳои калидии ҷомеа ҳисобида ҳамасола барои баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва беҳтар шудани сатҳу сифати таълим чораҳои заруриро меандешанд. Чуноне, ки дар Паёми навбатӣ  қайд намуданд: “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”. Ҳамчунин дар ин самт зикр шуд, ки соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Инчунин аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Махсусан қайд гардид,ки дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд. Ба Вазорати маориф ва илм дастур дода шуд, ки ташаббусу таҷрибаи ин мактабҳоро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар васеъ татбиқ намояд.

Чӣ гунае ки ҳамагон огоҳӣ дорем бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида буд  ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шудааст. Вобаста ба ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки “Зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Умедворам, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд. Бинобар ин, зарур аст, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад”.

Бо мақсади ҳавасманд гардонидани ғолибони озмунҳои мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шавад. Чунки ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки таълиму тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарварӣ, илму фарҳангдӯстӣ ва арзишҳои миллӣ пеш аз ҳама аз  оила оғоз ёфта ва сипас дар  боғчаю мактабҳо ва  ҷомеа ба ин масъала  диккати аввалиндарача дода  мешавад. Ин аст, ки Сарвари давлат дар паёмҳои ҳамасолаи хеш ба сатҳу сифат ва шароитҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аҳамияти ҷиддӣ дода вобаста ба ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Чуноне, ки дар Паёми имсола қайд намуданд: “Яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо мебошад. Соли гузашта ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Аз ин рӯ, ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, ба ин масъала бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намоянд”.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо занону бонувон ҳаст, ки Роҳбари оқилу фарзонаи тоҷикон пайваста ба ҳаёт ва фаъолияти занону бонувон диққати ҷиддӣ дода мавқеи ин қишри ҷомеаро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии  давлат дастгирӣ  менамоянд.  Чуноне, ки Сарвари давлат дар Паёми имсола қайд намуданд: “Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд”.

Дигар масъалае, ки дар Паём аз тарафи Президенти мамлакат зикр гардид, ин эътибор додан ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ буд. “Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо ба ҳисоб рафта дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем” иброз намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин Пешвои миллат доир ба дигар самтҳои ҳаётан муҳимми имрӯза, аз қабили: дастгирии ҷавонон, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, робитаҳои дипломатӣ, ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир, ҳамкориҳои зичу судманд дар соҳаи амният бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар шарикони худ, инчунин арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он,  аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар  фарзандони фарзонаи халқамон суханронӣ намуда, ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас доданд.

Дар охир Пешвои миллат ба мардуми хушиқболу сарфарози Тоҷикистон муроҷиат намуда, иброз карданд, ки: “Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон нерӯ, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем. Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем. Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад”.

 

Дилором САЙДАҲМАДЗОДА,

директори Маркази омӯзиши

“Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”

Ҳусноро САЙДАҲМАДЗОДА,

унвонҷӯи Академия

Похожие записи